НАҚШИ КИНО ДАР ҲАЁТИ МАЪНАВӢ-МАДАНИИ МАРДУМ

«Ӯзбекфилм» тӯли таърихи наздик якасрааш роҳи пуршаънро тай намуд.

Шояд  қитъае нест, ки филмҳои Ӯзбекистон то он рафта нарасида ва таваҷҷуҳи тамошогарони он сарзаминро ба худ ҷалб накарда бошад. Хусусан ба «Алишер Навоӣ», «Тоҳир ва Зуҳро», «Ту ятим не», «Саргузаштҳои нави Насриддин»,»Насриддин дар Бухоро», «Овозаҳо дар маҳалла», «Мафтуни туям», «Ёр-ёр», «Рӯзҳои гузашта», «Шодиёна», «Дуэл дар зери чанор» барин картинаҳо, ки истеҳсоли «Ӯзбекфилм» дар солҳои гуногунанд, тамошобинони як қатор кишварҳои хориҷӣ низ баҳои баланд додаанд. Нафаре, ки  чанд сол пештар дар ИМА буд, гувоҳӣ медиҳад дар кинотеатрҳои он мамлакат ҳануз «Тоҳир ва Зуҳро»-ро намоиш медиҳанд.
Ҳамкории филмофарони мо бо ҳамкасбҳои хориҷиашон низ таърихи ба худ хос дорад. Алалхусус ду картинае, ки киносозони ӯзбекистониву ҳиндустонӣ («Саргузаштҳои Алибобо ва чиҳил роҳзан» ва «Афсонаи муҳаббат», коргардонҳо Алӣ Ҳамроев ва Умеш Меҳра) офариданд, умри дароз дид. Баробар бо тамошобинони мо дӯстдорони кино дар як қатор кишварҳо ин ду киноасари хубро ҳамон тамошо мекунанд.
Студияҳо аз хориҷ чеҳраҳои намоёни кинои моро ба филмҳои худ таклиф ва ба ҳунарнамоии хуби санъаткоронамон баҳои баланд додаанд. Даҳҳо нақшофарони моро ба сифати актёри нотакрор берун аз мамлакат низ эътироф менамоянд. Набӣ Ғаниев ва Комил Ёрматовро, ки ба «Ӯзбекфилм» асос гузошта, асарҳои воқеии кино офариданд, ба сифати классики режиссураи аср дар як қатор кишварҳои олам хуб мешиносанд.
Дар солҳои истиқлолият низ кинои ӯзбек пеш рафт. Баробари филмҳои бадеии якқисмата чандин киноасар ва филмҳои телевизионии бисёрқисмата ба экранҳо баромаданд. Вале баробари комёбӣ норасоиҳо ба чашм расид. Миқдор афзуд, савия   паст гашт. Ба кино баробари коргардону нақшофарони касбӣ ҳамонҳое ҷалб шуданд, ки дар соҳа таҷриба надоранд. Хусусан дар киностудияҳои хусусӣ эътибор ба сифати филмҳо суст гашт. Пештар барои офаридани як филм эҷодкорони воқеӣ чанд сол заҳмат кашанд, дар шароити нав мисле имконият фароҳам омад дар ду ё се ҳафта як филми бадеӣ арзи ҳастӣ кунад.
Дар давраи нави таърихӣ бошад, баробари дигар соҳаҳои санъат ба кино муносибат дигар гардид. Баҳри ривоҷи кинои миллӣ назар ба ҳарвақта эътибор зиёдтар гашт. Барои ворид шудани киноҳое, ки воқеан диққатҷалбкунандаанд, роҳ васеъ гардид. 7 августи соли 2017 ва 9 августи ҳамон сол ду қарори муҳими роҳбари давлат («Дар бораи чораҳои боз ҳам ривоҷ додани кинематографияи миллӣ» ва «Дар бораи ташкил намудани фонди ҷамоатии «Илҳом» баҳри дастгирии эҷодкорони Ӯзбекистон») ба имзо расид. Бо татбиқи амалии нуктаҳои ин ду ҳуҷҷати таърихӣ кинематографияи миллӣ ривоҷи тоза ёфт. Соҳа комёбиҳои  чашмрасро ба даст овард.
Дар солҳое, ки ба воқеаҳои таърихӣ, хусусан рӯйдодҳои давраиҷангӣ (1941–1945) нигоҳҳо чандон холисона набуданд, ҳатто намоиши беҳтарин филмҳои аз корномаҳои ҷангии диловарони худӣ ҳикоякунанда («Генерал Раҳимов», «Сиҳат рав ва саломат баргард» ва ғайраҳо) аз намоиш  боздошта шуда буданд. Хушбахтона, даҳҳо асарҳои воқеии кино дар бораи Ҷанги дувуми ҷаҳон ба экранҳо баргаштанд ва мисле умри дубора ёфтанд. Дар ин мавзӯъ филмҳои нав офарида шуданд, ки то ҳадде паҳлуҳои тозаи воқеаҳои давраиҷангӣ ва фидокории фарзандони ин сарзамин дар сангарҳои хунин ва меҳнати қаҳрамононаи онҳо дар ақибгоҳро равшан менамоянд. Алалхусус картинаи «Илҳақ» ба бинандагон бештар хуш омад.
Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шахсони маъруф аз ин диёр низ филмҳои зиёди бадеӣ (албатта, дар асоси такя ба ҳуҷҷатҳои таърихӣ) офарида шуданд. Бинанда то андозае ба рӯзгори ноҳамвори  ҷадидҳо ва маърифатпарварон ва муборизаи онҳо баҳри тантанаи илму адолат дар солҳои пурошӯб, айни замон, аз тариқи киноҳои бадеӣ шинос гашт.
Дар давраи роҳбарии Шароф Рашидов дар маркази пойтахт қасри бошукуҳи кино қад рост карда буд. Ин бино бо номи «Санъат саройи» ҳануз маълуму машҳур аст. Баробар бо як қатор иншооти ба чашм намоёни пойтахт Қасри кино низ дар рӯзҳои мо ҳашамати тоза пайдо кардааст. Бино соли 2021 аз таъмири мукаммал бароварда шуд ва куллан симои замонавӣ касб кард. Толорҳои калон ва  хурд, кинотеатри тобистона, ҳуҷраҳои таъмиршуда бо таҷҳизоти асрӣ таъмин гаштанд. Имконият фароҳам омад, кинотеатр дар як вақт 3 ҳазор нафар тамошобинро қабул намояд.
Соли 1972 бо унвони музей-бойгонӣ дар Тошканд осорхонае доири кино ташкил карда  шуда буд. Ҳозир он ба дохили Қасри кино кӯчонда шудааст. Бештар аз  панҷоҳ ҳазор ашёи таърихӣ, либос, сурат ва тасмаҳои кино дар музей маҳфуз дошта мешаванд. Намоишгоҳи хосаро мемонад ин музей, ки ду ошёнаро фаро гирифтааст. Дар ошёнаи аввал экспонатҳо доири таърихи кинои ӯзбек ва фаъолияти киносозони барҷаста ҷой гирифтаанд. Ҳамчунин марбут ба комёбиҳое, ки кинои миллӣ солҳои охир ба даст овардааст, дар ин ҷо маълумотҳо пайдо кардан мумкин. Дар ошёнаи дувум либосҳо дар филмҳои таърихӣ нигоҳ дошта мешаванд. Фаъолияти киноэҷодкорони машҳури замони  мо низ дар экспонатҳо таҷассум ёфтааст. 
Акнун касе, ки  ба тамошои ин ё он филм омад, айни замон ба таърихи баъзе филмҳои миллӣ ва рӯзгори санъаткорони мо дар кино то андозае шинос шуданаш мумкин.
Мафҳумҳои кино ва таърих то андозае тавъам ва ҳамоҳанг мебошанд. Оиди офарида шудани филмҳо доири зиндагинома ва меҳнату муборизаи як  қатор шахсони таърихӣ гуфта гузаштем. Ҳаминро низ бояд илова кард нақшаи ин иқдом то соли 2030 корбаст шуда, яъне лоиҳаи филмҳо аз силсилаи «Таърихи зинда» аллакай омодааст. Картинаҳое, ки доири фаъолияти ибратбахши Шерак, Алп Эр Тӯнга, хонадони Темуриён ва Шайбониҳо мебошанд, офарида мешаванд.
Зимнан, дар амалӣ гардондани лоиҳа баробари эҷодкорони маҳаллӣ иштироки устодони санъати кино аз Ҳиндустон, Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҷопон ва кишварҳои дигари олам мавриди назар аст.
Албатта, иҷрои нақшаҳои бузург мутахассисони соҳибтаҷриба  ва дастгирии молиявиро талаб менамояд. Модоме кино аз самтҳои муҳими маънавияти рӯз ва қудрати беқиёси ба қалбу тафаккури мардум таъсиркунанда мебошад, давлати мо ғамхориву дастгирии ҳамаҷанбаро дар роҳи равнақи он дареғ намедорад.
Ба наздикӣ бинобар 60-солагии барпо карда шудани Қасри кино дар пойтахт таҳти мавзуи «Уфуқҳои санъати кинои Ӯзбекистони Нав» форум баргузор гардид. Иштирокдорони чорабинӣ ва мутахассисон баробари экспонатҳои нави музейи кино ба навгониҳо дар соҳа аз наздик шинос шуданд. Гуфта шуд як қатор картинаҳое, ки вақтҳои охир ба экран баромаданд, аз қабили «Якшанбе», «Чойи сабз», «Илҳақ», «Духтари ӯзбек», «Ду ҳазор суруди Фарида», «Мерос», «Абдулло Орифов»,«Баҳодур Ялангтӯш» эътибори дӯстдорони киноро ба худ кашиданд. Дар чанде аз ҷашнвораҳои байналхалқӣ иштирок карданд ва ба мукофотҳо сазовор дониста шуданд.
Намоиш бо унвони «Ӯзбекистони Нав – санъати нави кино», айни замон, диққати иштирокдорони форумро ба худ кашид. Дар доираи чорабинӣ филми ҳуҷҷатии «Сурудан, яъне зистан» намоиш дода шуд, ки он аз фаъолияти яке аз  чеҳраҳои намоёни  кинои ӯзбек, сарояндаи нотакрор Ботир Зокиров ҳикоя мекунад.
Воқеан, чанде пеш маросими кушоиши муҷассамаи ин ҳунарвари маъруф дар назди Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон рӯйи кор омад ва дар он Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев иштирок намуд. Роҳбари давлати мо худи ҳамон рӯз аз Қасри кино низ дидан кард, экспонатҳои музейи киноро аз назар гузаронд, ба коргардон ва нақшофарон, киношиносу мутахассисони соҳа аз наздик суҳбат орост, фикр, таклиф ва мулоҳизоти онҳоро шунид, ба корҳои пешистодаи онҳо муваффақият хост. Вохӯрӣ бо сарвари мамлакат ба киноэҷодкорон руҳбаландӣ бахшид. Президент гуфт, ҳарчанд душвор, мо масъалаи молиявии лоиҳаи силсилафилмҳои «Таърихи зинда»-ро ҳал менамоем, зеро дарк кардани гузашта ва ифтихор ба аҷдод ба фарзандони мо таъсири нек хоҳад гузошт, дуруст фаҳмидани киноасарҳои таърихӣ имкон медиҳад ҷавононамонро ҳамчун ватанпарварони ҳақиқӣ ба воя расонем, умед ҳаст лоиҳа ба барпои Ренессанси Сеюм такон бахшад...
Ғамхориҳои давлат имкон медиҳанд ба равнақи кинои миллӣ, ки дар ҳаёти маънавӣ-мадании халқи мо нақши муҳим мебозад, роҳи васеътар кушода шавад.

М.ШОДИЕВ.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: