Нақши маҳалла дар ҳалли мушкилоти мардум:

ТАҶРИБАИ ӮЗБЕКИСТОН

«Ватан сар мешавад аз остона» мегӯянд дар урфият. Имрӯз ин мақол андаке тағйир хӯрдааст ва мегӯянд: Ватан аз маҳалла сар мешавад ва ин беҳуда нест. Чунки маҳалла аз сохторҳое мебошад, ки назираш дар дунё дида намешавад. Он тамоми расму ойинҳои миллӣ, анъана ва арзишҳои умумбашариро дар худ ҳифз намудааст. Гузашта аз ин, маҳалла гаҳвораи олиҳимматӣ ва маҳалли маърифату маънавият низ ҳаст. 
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Шӯрои ҷумҳуриявии маҳалла тавассути ниҳодҳои худидоракунии шаҳрвандон боварӣ ва эҳтиром ба ҳамдигар, ҷавонмардӣ ва меҳрубонӣ, ҳамгароии ҷомеа ва кушодадилӣ барин хислату фазилатҳои мардуми мо равшан акс меёбанд. Ба ибораи дигар, ниҳоди маҳалла сохторест, ки ба мардум аз ҳама наздик аст ва манфиатҳои онҳоро тараннум менамояд.
Пӯшида нест, ки дар таҷрибаи ҷаҳони имрӯза ниҳоди маҳалла нахустин бор дар Ӯзбекистон арзи вуҷуд намуд. Он яке аз ниҳодҳои демократитарини ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. Таҷрибаи маҳаллаҳо дар мавриди ҳимояи иҷтимоии қишри эҳтиёҷманди  аҳолӣ, муътадил гардонидани иқлими иҷтимоӣ-ахлоқӣ дар оила, ҷалби ҷавонон ба меҳнати фоиданок самараи худро нишон медиҳанд. Зеро вакили маҳалла медонад, ки кадом сокини он аз чӣ гуна шароит бархурдор аст ва кӣ ба кӯмаки моддиву маънавӣ эҳтиёҷ дорад, барои ба кор шомил шудани ҷавонон кадом мушкилиҳо пеш омадааст ва монанди он.
Ин манбаъ қайд намудааст, ки қабули фармони Президент аз 3 феврали соли 2017 «Перомуни тадбирҳои дар оянда такмил додани ниҳоди маҳалла» барои ҳалли ин масъалаҳо ва ба марҳалаи нав баровардани ниҳоди маҳалла хеле мусоидат менамояд. Шӯрои ҷумҳуриявии маҳалла ва ташаккули сохтории он созмони ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Ин идора вазифадор аст, ки суръату сифати кори ниҳодҳои худидоракунии шаҳрвандонро баланд бардорад, ин ниҳодро ба мардум наздиктар созад ва онро ба сохтори мардумӣ табдил диҳад. Ҳамчунин, ниҳоди маҳалла ба иттиҳодияе мубаддал сохта шавад, ки манфиатҳои мардум, таҳкими базаи моддию техникии он ва ҳамкориҳои онро бо ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин намояд.
Гуфта мешавад, ки аз тарафи Шӯрои ҷумҳуриявӣ ба он таваҷҷӯҳи хос дода мешавад, ки фаъолияти ниҳодҳои худидоракунӣ такмил ёбад, бо дастуруламалҳои услубӣ ва таълимӣ таъмин гардад, кормандон ва фаъолони он дониш ва маҳорати худро баланд бардоранд, ба оилаҳои эҳтиёҷманд, маълулон ва шахсони бепарастор кумакҳои амалӣ расонанд.
Дар ҷумҳурӣ айни ҳол 9 ҳазору 116 ниҳоди худидоракунӣ мавҷуд, ки 26 шаҳрак, 173 деҳа ва авул, 8 ҳазору 827 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳоро муттаҳид намудаанд. 
Яке аз авлавиятҳои кори ниҳодҳои худидоракунӣ назорати ҷамъият ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ шудааст. Минбаъд тибқи модаи 11-уми Қонун «Дар бораи ниҳодҳои худидоракунии шаҳрвандон» шӯрои худидоракунӣ дар ҳар се моҳ як маротиба ҳисоботи роҳбарони ҳокимияти маҳаллиро перомуни   фаъолияти ниҳодҳои худидоракунии шаҳрвандон, роҳбарони объектҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳо дар бораи ободонӣ ва ҳимояи муҳити зист мешунавад.
Тарбияи насли солим ва комил, дар рӯҳияи арзишҳои миллӣ ва умумбашарӣ ба таҳсил ва таълим фаро гирифтани онҳо, ҳимояи насли ҷавон аз таҳдидҳои ғоявӣ аз авлавиятҳои кори ин ниҳодро ташкил мекунад. Ҳамкорӣ дар ҳалқаи «Оила – маҳалла – муассисаи таълимӣ» мусоидат менамояд, ки донишомӯзон зери назорат бошанд, ба маҳфилҳои гуногун, варзишгоҳҳо ҷалб карда шаванд, то ки вақти холии онҳо пурсамар гузарад.
Дар масъалаи мустаҳкам намудани оила, бартараф кардани ҷангу хархашаҳо ва хушунатҳои хонаводагӣ низ ниҳоди худидоракунӣ вазифадор мебошанд. Дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Оилаи мустаҳкам» моҳҳои июл-августи соли равон комиссияи оштӣ аз 10 ҳазору 103 низоъ ва ҷудошавиҳо ҷилавгирӣ намуд. Аз сари сол ин рақам ба 37 ҳазору 524 расидааст. 
Хазинаи «Маҳалла» дар соли равон ба 47 ҳазору 976 нафар кӯмаки молӣ додааст, ки дар маҷмӯъ 5 миллиарду 515 миллион сӯмро ташкил мекунад. Ҳамчунин, 559 аробачаро ба маълӯлон тақдим намудааст. Бар асоси ройгон беш аз 400 мошини дӯзандагӣ тақсим намудааст ва хонаҳои 689 одамони камбизоатро тармим намудааст. Ба иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат кӯмакҳои иҷтимоӣ расонида, шартномаи 150 нафар донишҷӯёни ятимро пардохтааст.  Дар ҳаҷми 3,3 миллиард сӯм барои пардохти аввалияи хонаҳои имтиёзноки 222 нафар маблағ ҷудо намудааст. 
Дар «Ҳафтаи байналхалқии куҳансолон», ки аз 1 то 7 октябр баргузор шуд, теъдоди зиёд ба таври тантанавӣ ба нафақа бароварда шуданд. Тибқи анъанаҳои суннатӣ ба калонсолон ҳурмату иззат нишон дода шуд ва барояшон дасторхонҳои идона ороста гардид. 7 ҳазору 234 нафар мӯйсафедон дорувори тиббиро ройгон гирифтанд. Аъзои фаъоли «Шӯрои мӯйсафедон» ба унвонҳои «Собиқадори меҳнат», «Бонуи муътабар» ва «Ифтихори маҳалла» сарфароз мегарданд. Ба хонаҳои кӯдакони «Мурувват» ва «Саховат» беш аз 320 миллион сӯм кӯмаки моддӣ расонида шуд. 
Ба ин тартиб ҳимояи иҷтимоӣ ва моддиву маънавӣ дар кишварамон беш аз пеш доман фарох мекунад. Гуфта мешавад, таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ, беҳбуд бахшидани шароити зиндагии одамони калонсол аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик». 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: