НАҚШИ МАҲАЛЛА ДАР ЗИНДАГИИ МАРДУМИ МАҲАЛЛӢ

Дар маҷмааи «Роҳи абрешим»-и шаҳри Самарқанд таҳти унвони «Нақши маҳалла дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми маҳаллӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

– Ҳадаф аз баргузории конфронс амалӣ намудани вазифаҳои дар Барномаи «Аз камбизоатӣ то фаровонӣ» муайяншуда, таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва амалӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, муаррифии корҳо дар самти дастгирии фаъолияти худидоракунӣ мебошад, – изҳор намуд раиси Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон Қ. Қуронбоев.  – Имрӯзҳо маҳалла дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии мо фаъолона иштирок мекунад. Аз ҷумла, рушди соҳибкорӣ, бо кор таъмин намудани аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, расонидани кумаки иҷтимоӣ ва амсоли он аз ҳамин шуморанд.  
Аз вақти таъсиси худ иттиҳодия оид ба такмили низоми худидоракунӣ ва дар ин самт омӯхтани таҷрибаи байналмилалӣ корҳои муайянеро анҷом додааст. Яке аз ин корҳо барқарор кардани робита бо сохторҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад. Аллакай ҳайатҳои густардаи Ӯзбекистон барои омӯхтан ва ивази таҷриба ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Қазоқистон,  Қирғизистон ва амсоли он сафар кардаанд.
Конфронси Самарқанд дар паҳн кардани таҷрибаи Ӯзбекистон дар ташаккул ва рушди ниҳоди маҳалла, инчунин таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар арсаи байналмилалӣ нақши асосиро хоҳад бозид. 
Чорабинии байналмилалӣ бисёре аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва коршиносони беш аз 70 кишвари ҷаҳонро дар як платформа муттаҳид кард. 
Маҳаллаи ҳафтгона низомест, ки аз ҷониби Президент пешбарӣ шудааст ва аҳамияти он имрӯз маълум мегардад. Ҳамин тавр, барои омӯхтани ин таҷриба ҳамаи асосҳо мавҷуданд. 
Пас аз анҷоми конфронс байни Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон, СММ ва USAID эъломияи муштарак ба имзо расид.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: