НАҚШИ МУАССИРИ ЖУРНАЛИСТОН

Дар Тошканд таҳти унвони «Садои Осиёи Марказӣ: аз фазои миллӣ то фазои минтақавӣ» суҳбати мизи мудаввар баргузор гардид.

Ин чорабинӣ бо ибтикори Маркази дипломатияи халқии СҲШ ва дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи журналистони Ӯзбекистон, Иттиҳодияи миллии медиаи Ӯзбекистон ва Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои  оммавии Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайваст.
Директори Маркази дипломатияи халқии СҲШ Қобилҷон Собиров ёдовар шуд, ки Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев чанде муқаддам дар мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остона зарурати истифодаи фаъол аз имкониятҳои васоити ахбори умум ва созмонҳои ғайридавлатиро басо муҳим таъкид намуд. 
– Дар ҳақиқат, технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои дар арсаи байналмилалӣ васеъ тарғиб намудани мероси беназири фарҳангӣ-таърихӣ ва маънавии минтақа воситаи хеле муҳим мебошад, – гуфт Қ. Собиров.  
Меҳмонони хориҷӣ дар осоишгоҳи расонаии «Рӯзноманигорони ҷавон», воқеъ дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд низ шуда, бо ҷавонони соҳаи медиаи Ӯзбекистон мулоқот анҷом доданд. 
Баромадкунандагон мавзӯъҳои «Ҳамкории минтақавии ВАО дар Осиёи Марказӣ», «Нақши журналистон дар тарғиби мероси ғании фарҳангии кишварҳои минтақа», «Журналистикаи экологӣ дар Осиёи Марказӣ: имкониятҳои истифоданашуда», «Нақши занон дар соҳаи медиаи Осиёи Марказӣ», «Технологияи рақамӣ дар кори журналистӣ: мушкилот ва имкониятҳо»-ро матраҳ намуданд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик». 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: