НАҚШИ ШӮРОҲОИ МАҲАЛЛӢ ДАР РУШДИ ҲУДУДҲО ЧӢ ГУНА АСТ?

Роҳбари давлати мо қайд кард, ки ба роҳ мондани назорати самарабахши парлумон ва шӯроҳо натиҷаи дилхоҳ медиҳад.

Роҳбари давлати мо қайд кард, ки ба роҳ мондани назорати самарабахши парлумон ва шӯроҳо натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
Дар ҳақиқат, нақши шӯроҳои маҳаллӣ дар ҳалли мушкилоти дар маҳалҳо ҷойдошта бузург аст. Аз ин хотир, Сенати Олий Маҷлис дар фаъолияти худ ба бевосита кор кардан бо депутатҳои ин соҳа аҳамияти махсус медиҳад. Ҳамзамон, сенаторҳо ба ҳар як ҳудуд вобаста карда шуда, онҳо бевосита ба маҳалҳо баромада, бо вакилони шӯроҳои маҳаллӣ кор мекунанд.
Гурӯҳи кории Комиссияи Сенати Олий Маҷлис оид ба кӯмак расондан ба пурзӯр кардани фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ ба Қашқадарё ташриф овард. Дар вилояте, ки оид ба расонда додани ғалла ва пахта ҳудуди калонтарин ба ҳисоб меравад, чорводорӣ низ хуб рушд ёфтааст. Аз ҷумла, масоҳати умумии замини ҳудуд 2,8 ҳазор гектар бошад, аз он  1,3 ҳазор гектарашро чарогоҳҳо ташкил медиҳанд.
Албатта, мутобиқи шароити иқлим ва ҷуғрофияи вилоят хуб ривоҷ ёфтани  соҳаи кишоварзӣ барои ҳудуд афзалияти назаррас медиҳад. Аммо, имрӯз, замон дар ноил гардидан  ба рушди иқтисодӣ талаботи дигар мегузорад. Аз ҷумла, ҳатто дар минтақаҳое, ки комилан ба соҳаи кишоварзӣ асос меёбанд, бидуни рушди саноат, бахусус агросаноат, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст намеоянд. Ба ин маъно, ин масъала ҳангоми сафари кории гурӯҳи мо дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошт. Ҳамзамон, мушкилоти мухталифе, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои минтақа, алалхусус ноҳияҳои дурдаст халал мерасонанд, ба таври муфассал омӯхта шуданд.
Аз ҷумла, ноҳияи  Касбӣ аз маркази вилоят   дар масофаи 40 километр ҷойгир шудааст. Иқлими ноҳия ниҳоят хушк буда, дар 44 ҳазору 500 гектар замини ҳосилхези обёришаванда асосан пахта ва ғалладона парвариш карда мешавад. Мушкили асосие, ки ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ монеъ мегардад, ин нарасидани об мебошад.
Инчунин, дар ҳолати ғайриқаноатбахш будани роҳҳои дохилӣ, доимӣ қатъ ёфтани таъминоти барқ вазифаи аз нав барқароркунии инфрасохторро ба ҷойи аввал мегузорад.  Ғайр аз он, барои ба рушди саноат ба ноҳия ҷалб намудани сармоягузорони бузург низ инфрасохтор нақши муҳим дорад. Аз сабаби ниҳоят паст будани сатҳи саноатикунонӣ, ноҳияи Касбӣ ҳудуди дорои иқтидораш калон ва ба соҳаи кишоварзӣ ихтисосонида бошад ҳам, дар рӯйхати ноҳияҳои тоифаи дувум қарор дорад.
Бо назардошти имкониятҳои минтақа, дастовардҳояш дар соҳаи кишоварзӣ онро ба рӯйхати ноҳияҳои тоифаи аввал дохил кардан зарур аст. Дар натиҷа, барои идоракунии минтақа ва рушди тамоми соҳа имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуда, идоракунии муназзам такмил хоҳад ёфт. Дар ин бобат аз ҷониби Гурӯҳи корӣ низ  пешниҳодҳои дахлдор омода карда шуданд.
Дар натиҷаи таҳқиқоти гурӯҳи корӣ боз як мушкилии дигари муҳим — нарасидани кадрҳо ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа, дар таъмини саривақтӣ ва босифати иҷрои вазифа ва масъулиятҳо, ки ба доираи ваколати ҳокимияти ноҳия мансубанд, мушкилот ба миён меоянд.
Вобаста ба ин, депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ бояд ба ташкилотҳои болоӣ, аз ҷумла ҳокимияти вилоят, муассисаҳои таҳсилоти олӣ муроҷиат карда,  дар ҳалли мушкилот саҳмгузор бошанд. Ҳамзамон, барои шароит фароҳам овардан ба ҷалби кадрҳои ҷавону боистеъдод ба ноҳия, дар заминаи имкониятҳои ноҳия имтиёзҳои иловагӣ пешниҳод намудан лозим аст. Дар ҳолати зарурӣ, инчунин метавон масъалаи таълими мақсаднок, яъне таълими ҷавонони маҳаллӣ дар мактабҳои олӣ дар асоси квотаҳои махсус бардошт. Вобаста ба ин, гурӯҳи кории мо барои ҳалли ин масъала бо вакилони шӯроҳои маҳаллӣ алоҳида кор пеш бурд.
Гурӯҳи кории мо, ки ба тамоми ноҳияҳои минтақа ташриф овард, ба ҳаллу фасли муроҷиатҳои шаҳрвандон, бахусус истеҳсолкунандагон, татбиқи корҳо бобати рушди соҳаи саноат эътибори  махсус дод.
Аз ҷумла, имрӯз дар ноҳияи Миришкор 88 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда,  онҳо дар соли 2019 281,6 миллиард сӯмина ва дар семоҳаи якуми соли 2020 94,7 миллиард сӯмина маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар натиҷа, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,7 фоизро ташкил дод.
Айни замон, бо ташкилотҳои дахлдор ва Шӯрои вакилони халқи ноҳия ҷиҳати ҳалли мушкилоти корхонаҳое, ки бо иқтидори кам фаъолият нишон медиҳанд, ва таъмини фаъолияти пурраи онҳо корҳо идома доранд. Барои рушди фаъолияти 20 корхона ва таъминоти онҳо бо ашёи хом тадбирҳо андешида мешаванд.
Дар семоҳаи якуми соли 2020-ум 13 лоиҳаи арзиши лоиҳавиаш 424,1 миллиард сӯм, аз он  дар саноати хӯрокворӣ 1, дар саноати масолеҳи сохтмон 5, дар саноати чарм ва пойафзол 1, дар саноати кимиё 3 ва намуди  дигар 3 лоиҳа татбиқ шуда, ба маблағи 16 миллиард сӯм иқтидорҳои нав  ба истифода дода шуданд.
Дар ҳудуди ноҳия 37 конҳои фоиданок мавҷуданд. Дар натиҷаи азхудкунии конҳо дар саноат дар соли 2020 корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба кор дароварда шуда,  барои оғоз намудани як қатор иншооти иловагӣ чораҳо андешида мешаванд. Дар натиҷа, дар вилоят ба роҳ мондани истеҳсоли семент, оҳак, гипс, хиштҳои пухта, қум, қум-шағал, ашёи хоми базалт, сангҳои фарши табиӣ, бетонҳои оҳанӣ ва оҳану бетонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ин ба пайдоиши тиҷорати нави хурд ва миёна дар соҳаи масолеҳи сохтмон мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, сенаторон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Миришкор ба ҳалли мушкилоте, ки ба зудтар ба роҳ мондани иқтидорҳои нав монеъ мегарданд, диққати махсус медиҳанд.
Хусусан, ба пурзӯр гардондани пурсишҳои депутатӣ оид ба оворагариҳои зиёдатӣ дар истифода бурдан аз хизматрасониҳои бонкӣ, ҷудо кардани қитъаҳои замин ва бино ба субъектҳои соҳибкории ба саноат ихтисосонидашуда, мусоидат дар азнавҷиҳозонии онҳо, ба роҳ мондани муносибатҳои кооперативӣ аҳамият дода мешавад.
Дар натиҷа, некӯаҳволии аҳолии ноҳия баланд шуда,  рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа ба сатҳи сифатан нав мебарояд.

Толибҷон МАДУМАРОВ, 
раиси Комиссияи кӯмак  оид ба пурзӯр кардани фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллии Сенат. 
(ӮзА).

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: