Президент Шавкат Мирзиёев дар маърӯзааш дар сессияи 72-юми СММ диққати аҳли ҷаҳонро ба мушкилоти баҳри Арал нигаронд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар маърӯзааш дар сессияи 72-юми СММ диққати аҳли ҷаҳонро ба мушкилоти баҳри Арал нигаронд. Масъалаҳои пурсамар истифода бурдан аз захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, хушкшавии баҳри Арал, мустаҳкам гардондани муносибатҳои некҳамсоягӣ бо мамлакатҳои гирду атроф эътибори воситаҳои ахбори оммавии хориҷиро ба худ ҷалб намуд.
– Диққату эътиборатонро ба яке аз мушкилоти муҳимтарини экологӣ – ба таназзул рӯй овардани баҳри Арал менигаронам, – гуфт сарвари давлат. – Дар харитаи дастам фоҷиаи Арал акси худро ёфтааст. Фикр мекунам, он эзоҳталаб нест. Бартарафсозии оқибатҳое, ки ба хушкшавии баҳр вобаста аст, муттаҳидшавии саъю ҳаракатҳои байналхалқиро талаб мекунад.
Мувофиқшавии муносибатҳои ҷамъият ва табиат ба сиёсати экологии давлат оиди ҳифзи табиат вобастагии қавӣ дорад. Агар дар ҷараёни истеҳсолот аз захираҳои иқтисодӣ оқилона истифода бурда шавад, миқдори маҳсулот зиёд, сифати он аъло мегардад.
Захираҳои табиӣ на фақат аз они мову даврони мо аст. Аз он насли оянда низ бояд баҳрабардор шавад. Мо баҳри ояндаи ҷамъият аз он оқилона истифода барем.
Рушди техника ва технологияи замонавӣ, аз ҷумла, зиёдшавии хел ва намудҳои нақлиёт бори зиндагиро сабук мегардонад, аммо баъзан техникаи муддати истифодааш гузашта низ кор фармуда мешавад, ки аз худ дуд ва қувваи барои инсон ва олами набототу ҳайвонот зарароварро мебарорад. Чандин касалиҳои асаб дар натиҷаи ғалоғулаи чунин нақлиёт ба миён меояд, ки ходимони соҳа борҳо таъкид кардаанд.
Яке аз мушкилоти байналхалқии экологӣ нигоҳ доштани тозагии гирду атроф ба шумор меравад. Беэътиноии одамон ва роҳбарони корхонаҳои саноатӣ мебошад, ки партов ва дуди заҳролуди чунин заводу фабрикаҳо таркиби об ва ҳаворо дар миқёси олам олуда месозад. Дар натиҷаи сиркулятсия (гардиш)-и умумии шамол партов ва дуди заҳролуд ба ҳудуди давлатҳои ҳамсоя мегузарад ва сабаби олудашавии табиати онҳо низ мегардад.
Аз тарафи Кумитаи давлатии гумрук ва идораҳои маҳаллии андоз оиди ба амал татбиқ намудани сиёсати экологӣ чорабиниҳои зиёд андешида мешавад. Аз ҷумла, маҳсулоти содир ва воридшаванда, хел ва навъҳои ҳайвонот ва набототи камёби ҷаҳон ва шомили «Китоби сурх»-и Ӯзбекистон, моддаҳои ба қабати озон осебдиҳанда аз назорати қатъии гумрук гузаронида мешаванд.
Ба мақсади таъмини бехатарии экологӣ ва ба бозорҳои дохилии мамлакат даровардани маҳсулоти босифат Кумитаи давлатии ҳифзи гирду атроф ва экологияи ҷумҳурӣ санҷишҳои экологӣ мегузаронад. Дар миқёси мамлакат доир ба солимгардонии вазъияти экологӣ ва ба ҳаёт татбиқ намудани сиёсати экологӣ, пешгирии олудашавии гирду атроф ва зина ба зина ҳаллу фасл намудани мушкилоти ҳифзи табиат чораҳо андешида мешаванд.
Масалан, ҳоло дар миқёси мамлакат сол аз сол талаб ба маҳсулоти симон зиёд мегардад. Ҳамаи заводҳои истеҳсолкунандаи симон ба талаботи байналхалқӣ ҷавобгӯ нестанд. Аз ин сабаб, лоиҳаи қарори ҳукумат «Дар бораи пурзӯр гардондани назорати экологӣ ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсолкунандаи симон» ба муҳокимаи халқ гузошта шуд. Мувофиқи он то 1 январи соли 2022 дар ҳамаи корхонаҳои истеҳсолкунандаи симон аз ҳисоби маблағи корхонаҳои мазкур доир ба таҳлили таркиби ҳаво ва назорати он истгоҳҳои автоматиконӣ насб карда мешавад. Дар ҳолате ки корхона ба талабот ҷавоб дода натавонад, чораҳои боздоштани фаъолияти он низ андешида мешавад.
Азбаски мушкилоти экологӣ ба ҳаёти одамон хавфи ҷиддӣ мерасонад, дар миқёси мамлакат баҳри масъалаҳои пешгирии мушкили экологӣ ва бартарафсозии оқибатҳои манфии он, пурсамар истифода бурдан аз захираҳои табиии мавҷуда, фароҳам овардани шароити хуби табиӣ барои аҳолии кишвар чораҳои зиёд андешида мешаванд.
Аз ҷумла, солҳои охир аз тарафи ҳукумат чандин қонун ва лоиҳаҳои он «Дар бораи ҷангал», «Дар бораи ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот ва истифодаи он», «Дар бораи манбаъҳои қувваи азнавбарқароршаванда», «Дар бораи партов», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи об ва истифодаи об» ба муҳокима гузошта ва қабул карда шуданд.
Бартарафсозии мушкилоти экологӣ танҳо ба қарору фармонҳо вобаста нест. Азбаски мушкили экологӣ масъалаи глобалӣ ба шумор меравад, ҳар як шахс душвории вазъиятро дарк намуда, муносибаташро нисбат ба гирду атроф ва олами растанӣ ва ҳайвонот беҳтар сохта, ба қисман ҳаллу фасли он бояд кӯмак расонад.
Миркарим МИРСОВУРОВ,
узви Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон.