НАҚШИ ВОСИТАҲОИ АХБОР ДАР МУСТАҲКАМСОЗИИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИМИЛЛӢ

Роҳбари давлатамон дар яке аз баромадҳои худ гуфта буд, ки дар иҷрои вазифаи муҳими оянда, барқарории сулҳу осоиш, мустаҳкам намудани ҳамҷиҳатӣ, боварӣ ба фардо, дӯстию якдилии миллатҳо саҳми расонаҳои ахбори оммавӣ бузург аст.

Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ дар Маркази матбуоти миллӣ ба пешвози Рӯзи ходимони РАО таҳти мавзӯи «Нақши РАО дар мустаҳкамсозии муносибатҳои байнимиллӣ» нишасти матбуотӣ баргузор намуд.
Дар он ходимони масъули ҷамъиятҳои дӯстӣ, роҳбар ва фаъолони марказҳои миллӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ ва меҳмонон аз вазорату ташкилотҳои мухталиф иштирок карданд.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки яке аз самтҳои устувори сиёсати давлат барои миллатҳо офаридани имконият ва муҳити созгори дӯстиву якдилӣ мебошад.
Кумита якҷоя бо беш аз сад маркази миллӣ-маданӣ, 35 ҷамъияти дӯстӣ баҳри арҷ гузоштан ба қадриятҳои миллӣ, урфу одат, забон ва ҳамҷиҳатии миллатҳо, муносибати дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ, рушди алоқаҳои маданиву маърифатӣ ҳисса мегузорад.
Назар ба гуфтаи раиси кумита Рустамбек Қурбонов аз соли 2017 то шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кумита бо ҳамкории ҷамъиятҳои дӯстӣ ва марказҳои милливу фарҳангӣ беш аз 600 чорабинии гуногун ташкил карда шуд. Дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Фарғона, Андиҷон, Навоӣ, Ҷиззах, Сирдарё, Хоразм 70 «Хонаи дӯстӣ» барпо гардид. Дар Тошканд «Қасри санъат ва фарҳанги корейс» сохта ба истифода супурда шуд. Муносибат бо ҳамватанони хориҷӣ низ ба роҳ монда шуд. Ҷамъияти нави дӯстии «Ӯзбекистон – Афғонистон», «Индонезия – Ӯзбекистон» созмон ёфта, бо Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Хитой меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Бо ташаббуси кумита дар Ӯзбекистон «Маркази дипломатияи халқии СҲШ» ташкил ёфт. Дар васеъ паҳн намудани чунин чорабиниву ҳамкориҳо кумаки воситаҳои ахбор хеле калон аст. Воситаҳои ахбор чароғакест, ки дар кӯчаи торик ба инсон роҳ нишон медиҳад. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: