НАҚШИ ЗАНОНИ ДЕПУТАТИ ПАРЛУМОН ДАР РУШДИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар Тошканд нахустин форум дар мавзӯи «Нақши занони депутат дар рушди Ӯзбекистон» баргузор шуд.

Дар Тошканд нахустин форум дар мавзӯи «Нақши занони депутат дар рушди Ӯзбекистон» баргузор шуд.
Дар форум, ки онро Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Комиссияи оид ба масъалаҳои  таъмини баробарии гендерӣ якҷоя бо БРСММ ва САҲА ташкил кардаанд, аъзои Сенати Олий Маҷлис, депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва Шӯроҳои маҳаллӣ, аъзои Парлумони ҷавонон, шахсони масъули мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, кормандони ВАО ширкат варзиданд. 
Қайд гардид, ки иштироки ҳамаҷонибаи занон дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ шарти муҳими рушди иқтисодӣ ва демократӣ ва таъмини устуворӣ дар ҷомеа мебошад.
Қарорҳои муҳиме, ки бо иштироки занон қабул шудаанд, муваффақияти ислоҳотро дар роҳи демократикунонии ҷомеа таъмин мекунанд. Аз ин ҷиҳат, дар мамлакати мо таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо самти муҳими сиёсати давлатӣ мебошад.
Дар натиҷаи татбиқи корҳои амалӣ оид ба натиҷаҳои интихоботи соли гузашта 48 нафар занон ба палатаи поёнии парлумон интихоб шуданд. Аз шумораи умумии депутатҳо занон 32 фоиз,  дар Сенат 25 фоизро ташкил медиҳанд. Бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон шумораи занон дар парлумони миллӣ ба дараҷаи тавсияи СММ расонида шуд. Парлумони кишвари мо аз рӯи шумораи занон дар байни 190 парламент дар ҷойи 37-ум қарор дорад.
Дар форум зарурати такмил додани фаъолияти занони ба мақомоти намояндагӣ интихобшуда, фароҳам овардани платформаи занони парлумон барои аз ваколатҳояшон васеъ истифода бурдани онҳо қайд гардид.
Дар форум иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро оид ба таъсиси иттиҳодияи парлумонии занон иброз доштанд, ҳадаф ва вазифаҳои он, стратегияи умумии фаъолият ва самтҳои фаъолиятро муайян карданд.
Ғайр аз ин, дар чорабинӣ ба иштироки занони депутати  ба мақомоти намояндагӣ интихобшуда дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии Ӯзбекистон эътибор дода шуд. Ҳамзамон, дар бораи дурнамои фаъолияти занон, ки ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва кишоварзӣ нигаронида шудаанд, сухан рафт.
Дар форум инчунин пурзӯр намудани назорати парлумонӣ ва ҷамъиятӣ дар таъмини суботи иҷтимоию маънавии оилаҳо, ҳимояи занон аз маҳдудкунии ҳуқуқ ва зӯроварӣ, аз байн бурдани падидаҳои гуногуни манфии дар байни занон баамаломада қайд карда шуд.
Андешаҳо ва пешниҳодҳои дар охири форум баёнгардида ҷамъбаст карда шуданд ва тавсияҳои дахлдор таҳия гардиданд.
Дар чорабинӣ Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Т. Норбоева ширкат варзид.

Назокат УСМОНОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: