Идораи миллии ҳавошиносӣ ва кайҳонии ИМА (NASA) моҳи октябри соли 2024 ба сӯи моҳвораи Муштарӣ – Аврупо барои муайян кардани он, ки оё он шароит барои зиндагӣ дорад ё на киштии кайҳонӣ партоб мекунад.
Дар ин бора ба воситаи сомонаи NASA маълум карданд.
Қарор аст, ки миссияи Europa Clipper 10 октябр аз космодроми шафати Канаверал (иёлати Флорида) сар дода шавад. Report.az хабар медиҳад, ки бо ин ҳадаф мушакбардори Falcon Heavy-и ширкати амрикоии SpaceX истифода мешавад.
Ба гуфтаи NASA, ҳадаф аз ин миссия "кумак ба олимон дар муайян кардани мавҷудияти ҳаёт дар яке аз моҳҳои яхбастаи Муштарӣ" аст. Интизор меравад, ки аппарате, ки бо нӯҳ асбоб барои гузарондани таҷрибаҳо таъмин карда шудааст, ба мадори атрофи Муштарӣ бароварда шуда, ба моҳвораи табиии он – Аврупо чанд маротиба наздик мешавад.
"Маълумоти таҳқиқот нишон медиҳанд, ки дар зери яхбандии Аврупо як уқёнуси ду маротиба калонтар аз тамоми уқёнусҳои рӯи замин ҷойгир аст" гуфта мешавад дар изҳороти NASA.