Футбол аз навъҳои паҳншудаи варзиш аст, ки дар байни пиру ҷавон яксон шуҳрат дорад ва ҳамасола миллионҳо мухлисони худро дар майдонҳо ҷамъ оварда, ба дилҳои зиёде фараҳ мебахшад.
Дар болои майсаи сабз муборизаи ду тими тамриндида, ки тӯбро ба ҳаракат водор сохта, бо маҳорати баланд ва самти дарвозаҳои ҳамдигар бурдаву устокорона ворид мекунанд, басо ҷолиб аст. Ҳамон лаҳза садои «Гол!» майдонро ба ларза меоварад ва ин бозӣ лаҳза ба лаҳза шиддат ёфта, гоҳо ба арсаи ному нанг мубаддал мешавад. Чунин бозиҳоро доварони сатҳи баланд ва таҷрибаи ғанӣ идора мекунанд ва ҳуснашро қадру қубҳашро зуд маҳкум месозанд. Футбол як бозиест, ки хунҳоро дар шарён ба ҷӯш меорад ва чӣ бозигарон ва чӣ тамошобинон дар идомаи 90 дақиқа пайваста ба ваҷд меоянд. Дар ин набард аз аъзои ҳар даста маҳорат, ҷасорат ва шуҷоату заковат талаб мешавад. Аз ин ҷост, ки футболро барҳақ шоҳи варзиш хондаанд ва ба сифати «Бозии миллионҳо» шинохтаанд. Ин маъруфиятро ҳунари волои дастаҳои футбол эъто намудааст.
Дар Ӯзбекистон низ ин навъи варзиш мухлисони зиёде дорад ва мардуми мо ба дастаҳои футболбозони ватанӣ низ меҳри беандоза доранд ва ҳар як бозии тимҳои ҷойдориро бо шавқу рағбати калон тамошо мекунанд.
Тими «Насаф» низ аз беҳтарин дастаҳои футбол мебошад, ки солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи доираҳои варзишии ҷумҳурӣ ва берун аз он қарор гирифтааст. Ин даста хусусан дар замони истиқлол бештар шуҳрат пайдо кард ва ҳоло ҳар як бозии вай мухлисонро шод месозад. Боиси хушнудӣ аст, ки «Насаф» пас аз тамрин ёфтан, сайқал додани ҳунари футболбозии ҳар узви худ ва ба як дастаи соҳибмаҳорат мубаддал гаштан боз ҳам бозиҳои хуб намоиш медиҳад ва айни ҳол дар лигаи олии кишвар дар қатори чандин тими неруманд ҳунарнамоӣ мекунад. Мавсими футболи соли 2024-ро дар Суперлигаи мамлакат далерона оғоз намудаву ба натиҷаи ниҳоӣ расид. Муборизаҳои дастаи муттафиқи «Насаф» дар бозиҳои футболи лигаи олии ҷумҳурӣ басо пуршиддат буд ва маҳорати баланди футболбозон боис гардид, ки пеш аз муҳлат чемпиониро ба даст оваранд. Аз ин навид зиёдтар аз як моҳ гузашта бошад ҳам, ҳанӯз шаҳди он зафар комҳоро ширин ва дилҳоро шод нигаҳ медорад.
Ёдовар мешавем, дар бозии 1-уми ноябри соли 2024, ки 23-юмин бозии лигаи олӣ маҳсуб меёфт, дар майдони «Дӯст-лик»-и шаҳри Тошканд ду дастаи муқтадири Ӯзбекистон – «Локоматив»-и шаҳри Тошканд ва «Насаф»-и шаҳри Қаршӣ вориди сабқат гаштанд. Шогирдони Рӯзиқул Бердиев – сармураббии «Насаф», бо ҳуҷумҳои пайдарпай рақиби худро ба саросемагӣ водор карданд. Сардовари бозӣ Аҳрор Рисқуллоев дар дақиқаи 35-уми бозӣ бинобар ҳаракати беҷо ҳимоятгари «Локомотив» Иван Рогачиро, аз майдон ронд. Ин ба рӯҳияти бозингарон латма ворид сохт. «Насаф» аз вазъи мусоид истифода карда, ба ҳуҷумҳои худ афзуд ва фишори пайвастаи футболбозони қашқадарёвӣ оқибат бор оварданд. Дар дақиқаи 73-юми бозӣ яке аз бозигарони номии дастаи «Насаф» Акмал Мозговой муваффақ гашт, ки бо усули хеле олӣ тӯбро вориди дарвозаи «Локомотив» гардонад. Ин тавр, то интиҳои бозӣ ягон голи дигар ба қайд нарасид ва «Насаф» дар таърихи худ бори аввал ғолиби сабқати Суперлигаи Ӯзбекистон гашт, ки ин ғалаба се бозӣ пештар ба ин даста насиб гардид.
Мухлисон қаҳрамонҳои худро дар шаҳри Қаршӣ хуб пазироӣ намуданд ва ҳукумати маҳаллӣ хидмати арзандаи онҳоро дар роҳи рушди варзиши вилоят ва ҷумҳурӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ сохт.
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.