НАШРИ ИСПАНИЯ ДАР БОРАИ ҲАФРИЁТҲОИ ЯКҶОЯИ АРХЕОЛОГҲОИ ИСПАН ВА ӮЗБЕК

Дар нашри электронии испании DIARIOARBAT доири ширкати археологҳои испан дар омӯхтани суратҳои қадимӣ, ки аз ҳудуди Ӯзбекистон ёфт шудаанд, мақола ба табъ расид.

Дар он хабар дода мешавад, як гурӯҳ археологҳои испан дар тадқиқи суратҳои қадимии буддоӣ, ки дар Ӯзбекистон (шаҳри Тирмиз) ёфт шудаанд, иштирок мекунанд. Қайд карда мешавад, ки археологҳои испан дар замини мо аз соли 2006 фаъолият мебаранд. Дар ин миён доири тадқиқи таърихи қадим чанд экспедитсия доир карда шуд.
Мақсади гурӯҳи археологҳо аз Испания муайян ва исбот кардани он мебошад, ки ҳамон услубу масолеҳ дар истеҳсоли маснуоти кулолии ин ҷо ва минтақаҳои Баҳри Миёназамин истифода шудаанд.
Дар мақола гуфта мешавад, корҳои мазкур якҷоя бо музейи санъати амалии Ӯзбекистон пеш бурда шуданд. Ғайр аз ин, қайд мегардад, ҳукумати ҷумҳурӣ ба олимони испан кӯмаки калон мерасонад.

ОИ «Дунё».
МАДРИД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: