«НАСИМИ БАҲРИ АРАЛ ДАР ФАЗОИ АВРУПО»

Аз 11 апрел дар як қатор шаҳрҳои Олмон, Белгия ва Нидерландия мусиқаву сурудҳои Қароқалпоқистон садо медиҳанд.

Консертҳо то 28 апрел дар якҷоягӣ бо ширкати ALBA KULTUR (Олмон) дар доираи лоиҳаи «Ҷазираи шамолҳои баҳрӣ» баргузор мешаванд. Ба мақсади ба ҷаҳон намоиш додани санъат ва фолклори ғании халқи қароқалпоқ 10 намоиши мусиқӣ ташкил карда мешавад. 
Иштирокчиёни лоиҳа донишҷӯйи курси якуми Донишкадаи миллии санъати мусиқии Ӯзбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ Азада Қарлибоева ва омӯзгори мактаби мусиқии Қароқалпоқистон Гумисай Бердихонов мебошанд. Онҳо мусиқии миллии қароқалпоқро иҷро карда, дар гастролҳои хориҷии худ дар шаҳрҳои Дюсселдорф, Падерборн, Зиген, Хамм, Вуппертал, Гутерсло, Кемпен, Ремшейд, инчунин дар театри Молери Белгия ва шаҳри Лейден (Нидерландия) санъати сурудию эпикиро намоиш медиҳанд.
Ба ҷуз аз барномаҳои консертӣ навозандагон дар доираи барномаи таълими мусиқии «Musikerinnen der Welt im JeKits Klassen-zimmer» дар чанд мактаби Олмон оид ба мусиқии Осиёи Марказӣ лексия ва дарсҳои маҳорат баргузор мекунанд.
Дар лоиҳаи «Насими баҳри Арал» навозандагон мусиқии вокалию инструменталии қадимиро бо услуби муосир ба ҳам мепайванданд.
Бояд гуфт, ки Азада Қарлибоева ва Гумисай Бердихонов дар бисёр озмунҳои мусиқӣ иштирок карда, соҳиби як қатор мукофотҳо гардиданд, дар фестивалҳои санъати Бахшии байналмилалӣ фаъолона иштирок намудаанд.

АИ «Дунё»,
шаҳри БРЮССЕЛ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: