НАСИМИ БОДИ НАВРӮЗӢ ФАРО МЕРАСАД

Имсол баҳор барвақт омад.

 Моҳи якуми ин фасл санаҳои ҷашнӣ зиёданд. Ба қарибӣ рӯзи байналхалқии бонувонро ҷашн гирифтем. Баъди чанд рӯз Наврӯзи бошукӯҳ меояд. Мардуми мо аз он рӯзе, ки нафаси баҳор мерасад, ба кишту кор омодагӣ мебинанд.
Ба далели пандемияи коронавирус дар ду соли охир кишварҳои Шарқ, аз ҷумла, Ӯзбекистон натавонист Наврӯзро ба таври густурда таҷлил кунад. Ҳоло ки вазъият беҳтар аст, омодагӣ ба ин ҷашн дар сатҳи ҷумҳурӣ идома дорад.
Қарори махсуси Президенти кишварамон низ дар ин замина қабул шуд. Имсол Наврӯз таҳти ғояи «Ассалом, Наврӯз – ҷашни эҳё ва меҳру мурувват, шаъну шараф» бо сайри умумхалқӣ дар сатҳи боло ҷашн гирифта мешавад.
Дар маҷлиси ҳокимияти вилоят чорабиниҳои вобаста ба ҷашни Наврӯз муайян гардид.
– Халқи мо дар давоми сол мунтазири Наврӯз мешавад ва мехоҳад онро дар ҳалқаи наздикон, гузару маҳаллаи худ ҷашн гирад, – гуфт ҳокими вилоят Э. Турдимов. – Чунки, Наврӯз соли нави шарқонаи худи мост, ҷашни эҳёшавӣ ва меҳру оқибат аст. Имсол дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, маҳаллаҳои вилоят Наврӯзро ҳамчун ҷашни умумихалқӣ, мувофиқи анъанаву арзишҳои халқамон, бар асоси қоидаҳои карантинӣ баргузор мекунем.
Дар рӯзҳои наврӯзӣ тадбирҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронда мешавад, ки онҳо вобастагии инсону табиат, меҳру муҳаббат ба Заминро мунъакис мекунанд, мардумро ба ҳиф-зи муҳити зист, расидан ба қадри зиндагии осудаи имрӯза, шукргузорӣ, гиромидошти қад-ри инсон даъват хоҳад кард.
Ҳамчунин, дар Наврӯз мардум, аз ҷумла, мутасаддиён ба аёдати собиқадорон ва фахриёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мераванд, аз ҳоли кӯдакони хонаҳои меҳрубонӣ ва «Мурувват», пиронсолони хонаҳои «Саховат», шахсони дар дафтарҳои оҳанин, бонувон, ҷавонон ва меҳр сабтиномшуда, мӯҳтоҷон хабар мегиранд ва кумаки беғараз мерасонанд, чорабиниҳои хайриявӣ ташкил мегардад.
Ҷашни асосии вилоят дар Боғи марказии истироҳатии Алишер Навоӣ ва кӯчаҳои атрофи он – Камол Отатурк ва Алишер Навоӣ баргузор мешавад. Дар амфитеатри «Мӯъҷиза» бо иштироки ҳунармандон барномаи консертӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар маскани Қаросув, мавзеи Кимиёгарлар, шаҳраки Фарҳод низ тадбирҳои наврӯзӣ сурат мегирад.
Рӯзи 18-уми март дар шаҳри Самарқанд «Фестивали кабоб», рӯзи 19-уми март дар ноҳияи Ҷомбой мусобиқаи бузкашӣ барпо мешавад.
Ба муносибати Наврӯз дар бозорҳо ва ҷойҳои пуродам ярмаркаи маҳсулоти арзони хӯрокворӣ ташкил мегардад.
Дар чорчӯбаи лоиҳаи «Макони сабз» мардуми шаҳру ноҳияҳо ҳашар ва аксияи «Дар маҳалла ниҳол мешинонам»-ро амалӣ мекунанд.
Хулоса, имсол ҷашни Наврӯз ба таври густурда бо ниятҳои нек баргузор хоҳад шуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: