НАСИҲАТ

Бобо ба корҳои наберагонаш эрод гирифта, ба насиҳаткунӣ даромад:

– Ту, Гулсара, корҳоят нағз-куя, лекин ҷорӯбро ба девор рост намемонанд, духтарам.
– Хуб шудааст, бобоҷон, – гуфт Гулсара ва аз паси ислоҳи хатояш шуд.
– Исто-исто, – сарзаниш кард вай набераи дуюмаш Сардорро, ки замин побел мекард:
– Белро ана ин тавр даст мегиранд, фаҳмидӣ?
– Фаҳмидам, бобоҷон, – гуфт Сардор ва аз рӯйи гуфти бобояш амал кард.
Набераи хурд – Сайёдҷон ҳамроҳи бибияш дар сари дастархон чой менӯшид. Бобо ба рафтори набераи хурдӣ синчакорона нигариста, садояшро баланд кард:
– Ҳай-ҳай, – нонро нонреза карда хӯрдан убол аст, бачем, инҳоро даррав чида гиру ба ҷойи тозатар гузор, ки мурғҳоят чида хӯранду ба ту «раҳмат» гӯянд.
– Хуб, бобоҷон, – Сайёдҷон низ гуфтаи бобояшро ба иҷро расонид.
Бобо ба кӯча баромаданӣ буд, ки писарчаи ҳамсоя – ҷӯраи Сайёдҷон давида омад. Писарак аз назди мӯйсафед гузашта рафтанӣ буд, ки ӯро аз роҳаш боздошт:
– И-е, салом канӣ, ҷони бобо? Саломатро хӯрдӣ магар?
– Ман салом доданӣ будам, бобо, – бача дар ҳолати ногувор монд.
– Нағз не, ҷони бобо, саломро аз дур медиҳанд. Ин насиҳати мана фаромӯш накун.
– Хуб, бобо, – гуфт бачаи ҳамсоя аз шарм лолагун гашта.
Бобо ба кори ҳама танбеҳ доду худ намедонист, ки носи даҳонашро ба куҷо партояд? Зеро рӯйи ҳавлӣ, лесида мондагӣ барин топ-тоза буд. Мӯйсафед, ба хотири он ки наберагонаш набинанд, ин тарафу он тараф нигоҳ карда, ба тубаки гул, ки дар дарвозахона меистод, носашро туф кард ва ба кӯча баромада истода дар худ андешид: «Хайрият, касе надид».

Солеҳ САИД МУРОД.
Ноҳияи САМАРҚАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: