Насиҳат гӯш кун, ҷоно...

БИРАВ, ЗИ ТАҶРИБАИ РӮЗГОР БАҲРА БИГИР...

З-он, ки устоди ту андар ҳама коре падар аст,
Чун падар гаштӣ, шавӣ дар ҳама коре устод.

Ҳанӯз ба қадри ҳол пиёда роҳ мепаймояд мӯйсафед. Бо баҳонаи дурӣ ҷустан аз ҳаёти якранг ва рафъи хастагиҳо аҳён-аҳён ба ҳавлии фарзанди калонӣ – камина ҳам қадам ранҷа мефармоянд. Миёнақад, тануманд ва ботинан зиндадилу шӯхтабиат аст падар. Аз ҳазлу мутоибаҳои пири зиндадил ва аз сардиву гармои рӯзгордида хурду бузург ба ваҷд меоянд...
Аз ташрифи навбатии тоҷи сари хонадон аҳли байт гӯё дар курта намеғунҷиданд. Алалхусус, абераҳои бобо домани яктаҳи мӯйсафедро маҳкам дошта, ҳар кадом «Бобои ман, бобои ман» гӯён, ҷастухез доштанд. Пирамард дӯстрӯяконро як-як ба оғӯш кашида, навозишкорона бӯсиду шӯхиомез гуфт:
– Шумо манро не, кисаамро пазмон шудаед. 
Сонӣ аз ҷайбаш чанд дона конфет бароварда, ба абераҳо дод.
Дарвоқеъ баҳори имсола сербориш омад. Оби Заранг, ки дарёи мавсимист, гӯё кайҳо боз ин дастовези табиатро интизор буд, пурталотум ва бовиқор шитоб дошт.
Хонаи мо дар канори ҳамин дарё ва дар як мавзеи кушоду барҳаво воқеъ аст. Аз ин ҷо қаторкӯҳҳои барфпӯши Ҳисор ва дар доманаҳои сабзи он деҳоти Сина, Хуфар, Ғазаран ва Дашнобод ба назар мерасанд.
Падари анқариб навадсола ҳангоми бозгашт лаҳзае ҷониби дарё андешамандона нигарист, баъд ба гуселкунандагон рӯй оварда гуфт:
– Умри одамизод мисоли оби дарё равон аст. Магар дарё ба ақиб ҳаракат мекунад? Ҳаргиз не. Аз ин рӯ, азизонам, ба қадри ҳар нафас расед. Кӯшед, ки байни мардум ба ахлоқи ҳамида ва меҳнати ҳалол обрӯ пайдо кунед.

Аз ноумедиҳо басо умед аст...

Қиблагоҳ тӯли умри бобаракаташ ба панди зерин: «Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир» такя дошт.
– Айёми бачагии ман ба замони ҷанги хонумонсӯз рост омад, – шикваомез лаб ба сухан кушода буд дар яке аз суҳбатҳо ӯ. – Ҳавасу орзуҳои ширинамро барбод дод шароити нобасомон. Агар сарбози Ватан – бародари донову дилсӯзам шаҳид намешуду аз фронт бармегашт, шояд муттакои додар мегардид.
– Хонда натавонистам, писарам, – нақлашро давом дод падар. – Мани понздаҳсола бо наврасе, ба хотири нигоҳубини чанд сар гӯсфанди хонаводаҳо, дастёри чӯпон будем. Ғуломвор кор мефармуд қоқи дароз. Сару либос ва мӯкиҳо (як намуди пойафзор) даридаву корношоям мешуданд. Дур аз зодгоҳ гоҳо ба ҳоли худ мегиристам ва гоҳе аз дил мегузарондам: «Оё замоне рӯзу рӯзгори хуш насибам мегашта бошад?» Худованди меҳрубон, эҳтимол, ҳамон оҳу нолаҳои бандаи фақирашро шунид.
Сад шукр, ки ҳамроҳи модарат соҳибдавлатам. Диёрамон обод, аз имтиёзҳои ҳукуматамон баҳрамандем. Беш аз 80 набераву абера дар атрофамон парвона. Аксарияти фарзандон маълумоти олидор.

Ормонҳои дардолуд

Собиқадорони ҷангу меҳнат дар рушди маънавияти насли наврас ва тарбияи онон саҳми босазое доранд. Метавон барои тақвият бахшидан ба гуфтаҳои болоӣ хотироти зерини падарро иқтибос овард:
– Солҳои пеш аз ҷанг техникаи хоҷагии қишлоқ ангуштшумор буд. Муҳоҷирони кӯҳистонӣ маҳз бо ёрии дасту бозу заминҳои бекорхобидаро ба киштзор табдил медоданд. Аз субҳи содиқ то шом меҳнати тоқатфарсо. Давраҳои қаҳтӣ мардум нонро дар хоб медид. Як рӯз аз паси модар ба саҳро рафтам, – қиблагоҳ як муддат хомӯш монда хаёломез ба дуриҳо назар афканд.
– Он вақт тақрибан шаш-ҳафтсола будам. Дар як деги калон атола мепухтанд. Ҳамин буд хӯроки нисфирӯзии аҳли меҳнат. Модари заҳматписандам як кафлес атоларо ба ман хӯронду худ бо лесидани таги коса қаноат кард. 
Падар оҳи сарде кашид. Ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва гиряолуд ҳикояро давом дод:
– То саршавии ҷанг зиндагиро тарк кард ғамгусори мо. Саробони оила – бародари корозмудаашон Тошмуҳаммад фариштаи хонадонро ба хок супурд. Ӯ ва бародари дигар – Раҳим қатори ҳазорҳо ҷавонони далеру шуҷоъ ба фронт рафтанд. Кош, умри модар идома пайдо мекарду каме бошад ҳам қарзи фарзандиро ба ҷо меовардам...
Устод ва падари бузургвор, як умр назди шумою модар қарздорем. Мегӯед, ки мо офтоби сари кӯҳем. Мешитобам ба кӯйи хуршед, то нерӯ бубахшад нурҳои он ба ҷисму ҷонам.

Ниёзмурод МУРОДОВ,
ноҳияи Узуни 
вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: