НАСИҲАТИ ПАДАР

Нигина дар деҳаи дурдасти кӯҳии Синтаби ноҳияи Нурато зиндагӣ мекард.

Ӯ орзуҳои зиёд дошт. Яке аз орзуҳояш  донишҷӯ шудан буд. 
Вақте мактаби миёнаро хатм кард, бо ҳамроҳии бобояш ба коллеҷи касбу ҳунари  деҳааш рафта, таҳсилро идома дод. Нигина фикр карда буд, ки коллеҷ ба ӯ  донишҳои заруриро медиҳад, вале ин тавр нашуд. Гӯё ӯ дар ин даргоҳ вақти гаронбаҳои худро беҳуда сарф мекард. Чунки дарсҳоро пурра намегузаштанд, давомати хонандагон низ паст буд. Баъди се соли таҳсил дар коллеҷ  ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурд, вале бахташ омад накард. Илова бар ин, момояш намехост, ки Нигина дар шаҳри бегона, дур аз назари онҳо хонад. Падару модараш ӯро дастгирӣ мекарданд.
Ниҳоят момояш розӣ шуд. Соли дигар ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ супорид. То баромадани ҷавобҳои имтиҳон Нигина беқарор буд. Рӯзе ӯ ба момояш, ки дар ҳавлии дигар мезист, нони гарми пухтаашро мебурд, дар роҳ ҳамсинфашро, ки бо ҳамроҳии ӯ имтиҳон супурда буд, дид. Ҳамсинфаш ба Нигина хушҳолона гуфт: «Дугонаҷон, табрик, донишҷӯ шудӣ!» Нигина аз хурсандӣ дугонаашро ба оғӯш кашид. Тозон ба назди момояшу бобояш рафта, хурсандиашро ба ҳам дид.
Бобояш даст ба дуо бардошта гуфт: «Худо нигаҳбонат».
Модаркалонаш, ки соли аввал ба хондани Нигина розӣ набуд, хушҳолона гуфт: «Модар саводнок бошад, тарбияи фарзандонаш хуб мешавад. Аз ту дилам пур, ақлу ҳушатро ба ҷояш монда хон, сари моро хам макун...»  Вақте субҳи содиқ Нигина борхалтааш дар даст озими сафар мешуд, падари меҳрубонаш гуфт: «Духтари якравакам, акнун донишҷӯ шудӣ, роҳат ҳамеша рост бошад, умед мекунам, ки хубу аъло мехонӣ ва бо сари баланд ба деҳа бармегардӣ....». 
Нигина ба мошин нишаст. Насиҳати падараш дар зери гӯшаш ҳамон садо медод: «Бо сари баланд ба деҳа баргард!»                                            
Чашмони Нигина пури об шуданд ва худ ба худ зери лаб пичиррос зад: «Худоё, маро ҳама вақт ба роҳи рост ҳидоят намо...».

Гулнисо ҲАМИДОВА,
донишҷӯйи курси дуюми 
гуруҳи тоҷикии ДДОЧ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: