НАСИҲАТҲОИ БАҲОРМОМО

Ҳеҷ фикр кардаед – ободӣ, файз, қут ва баракаи хонадон аз куҷо маншаъ мегирад?

Ҳеҷ фикр кардаед – ободӣ, файз, қут ва баракаи хонадон аз куҷо маншаъ мегирад?
Ба ин суол ҷавобҳо ҳархела ва ҳар кас ба таври худ ҳақ буд. Вале ба ман ҷавобҳои Баҳормомо хеле маъқул омад, ки мегуфт:
– Файзу барака аз танӯр ва оташдон, аз дегу табақ сар мешавад, бачем. Дар сари оташдон сариштагӣ, файз набошад, зану шавҳар ҳарчанд ёбанда ва сердаромаданд, ба рӯзгор барака намедарояд. Аз қадим одате ҳаст: занҳое, ки ба хостгорӣ омадаанд, бо баҳонае ба сари оташдон ё ошхона меоянд ва назорат мекунанд. Бо ҳамин восита дар бораи рӯзгорбон, кадбону, чӣ тавр тарбия гирифтани фарзандон тасаввурот ҳосил менамоянд. Худи ман ҳам келинҳоямро ҳамин тавр интихоб кардаам. Дарвоқеъ, йигитҳоро ҳам беҳуда танӯр созонда ва ҳезум кафонда аз санҷиш нагузарондаанд.
Момо ба набераҳои худ ҳамеша насиҳат мекунад:
– Хокистари танӯру оташдонро набардошта, алав нагирон, ба оташдон чизҳои дучоршударо напарто, оташро об пошида хомӯш насоз, ҳезумҳоро ба ҷое, ки тоза аст, тахт ва раста кун, тиракро хобонда гузор, рафидаро овезон карда мон, сурфаро доимо дар ҷои покиза нигоҳ дор...
Фикр мекунам, таҳти ин суханон ҳикмат зиёд. Зеро, дар ҷое, ки тозагӣ ва озодагист, он ҷо барака мешавад. Файз мешавад. Маданият мешавад. Донишмандон беҳуда «хонаи саришта – бафаришта» нагуфтаанд.
Маданияти зист, маънавияти аҳолӣ, баланд бардоштани дараҷаи маданияти тиббии аҳолӣ на аз ҷиҳози замонавии маишие, ки оварда ва истифода мешавад, на аз либосҳои урфи охирин, балки аз сари оташдони зан, аз танӯрхонаю ошхонаи хонадон сар мешавад.

Нуриддин ЭГАМ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: