НАСЛИ НОСИПОС

ё худ дар китоби Хотира хато набояд роҳ ёбад

ё худ дар китоби Хотира хато набояд роҳ ёбад


Бачагиро давраи подшоҳӣ, ҷавониро айёми тиллоӣ меноманд, давраи пирӣ, яъне аз 60 боло низ фароғати ба худ хос доштааст. Дар ин синну сол баъзеҳо ба боғпарварӣ, чорводорӣ машғул шаванд, баъзеи дигар аз имконият истифода бурда, дар масканҳои истироҳатӣ дам мегиранд, саломатиашонро барқарор месозанд ё ба хориҷи кишвар сафар мекунанд.
Дар ин синну сол сазовори ҳурмату эътибори фарзандон, дуогӯйи набераю абераҳо шудан бахти бузург аст.
Ман ҳам ҳамчун журналисти собиқадор дар хона нишастанро ихтиёр накардам. Тараққиёт, пешравӣ, сабзу хуррам ва рӯз аз рӯз ободу зебо шудани диёрамонро дида, кас беихтиёр қалам ба даст мегирад. Баъзан ҳамсолонам занг зада аҳволпурсӣ мекунанд ва аз хурсандӣ сарам ба осмон расида, боз ба сари кор мешинам.
Рӯзе оқсақолони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қизилсув»-и ноҳияи Бӯстонлиқ маро ба суҳбат дар сари як пиёла чой даъват намуданд. «Дидор ғанимат» гуфта ба роҳ баромадам. Вақте ба шаҳри Ғазалкент – маркази ноҳия расидам, як неруи ғайритабиӣ маро ба майдони Хотира роҳнамун сохт, ки дар маркази шаҳр воқеъ гаштааст.  
Маълум ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон зиёда аз 1,5 млн. нафар ӯзбекистониён иштирок карда, зиёда аз 500 ҳазор нафари онҳо дар фронт ҳалок гардидаанд, ки халқи мо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Танҳо аз худи ноҳияи Бӯстонлиқ зиёда аз 4 ҳазору 630 нафар дар ҷанги хонумонсӯз ҳалок гардидаанд.
Дар ин асно ногоҳ суҳбати бобою набера дар ин майдон диққати маро ба худ ҷалб намуд. 
– Бобо, магар бобокалонам дар сесолагӣ ба ҷанг рафтаанд?
Мӯйсафеди нуронии тақрибан 80-сола ба саволи наберааш ҷавоб дода натавониста, дилаш мушавваш шуд...
Китоби хотираро варақ задам. Баъзе навиштаҳоро хонда аз беэътиборӣ, бемасъулиятӣ ва лоқайдии масъулон афсус хӯрдам, хатоҳое, ки дар санаи таваллуд ва вафоти мардони Ватан рафтаанд, асло набахшиданист.
Аз ҷумла:
Аҳмедов О. – соли таваллуд 1942 (?) , соли вафот номаълум.
Аҳмедов Х.– соли таваллуд 1942 (?), соли вафот номаълум.
Валиев К. – соли таваллуд 1943 (?), соли вафот номаълум (ду нафар).      
Валиев Т. – соли таваллуд 1943 (?), соли вафот номаълум.
Аз ҳама бештар аз навиштаҷоти «Валиев А. – соли таваллуд 1942, соли вафот 1942» бо ҳайрат гиребонамро доштам. 
Агар ин шахсони ватанпарвар баҳри ҳаёти беғубори мо намеҷангиданд, мо имрӯз дар чунин шароити фаровон зиндагӣ мекардем? Албатта, барои насли имрӯз ҳаёти он рӯзгор чун афсона менамояд. Аммо мо бояд ба онҳо оиди таърих, қаҳрамониҳои бемисли аҷдодон, меҳнати тоқатфарсои бобою момоҳоямон тавассути китобу рӯзнома, маҷалла, филмҳои бадеиву ҳуҷҷатӣ, суҳбату нишастҳо аз пештара ҳам бештар фаҳмонем. Медонем, ки аз касофати солҳои ҷанг ҳар як оила талаф додааст. Дар ҳамин ҷо филми бадеии «Илҳақ» (маҳсулоти «Ӯзбекфилм», коргардон Ҷаҳонгир Аҳмедов)-ро, ки ба қарибӣ аз «оинаи нилгун» тамошо кардам, пеши назар меоварам. Дар он ҳар як саҳна: ашк рехтани модарон ҳангоми ба фронт гусел кардани фарзандон, бо нигоҳи ғамгин аз ёри худ ҷудо шудани арӯсон, дар ҳар як оила гуруснагиву бараҳнагӣ ё ин ки пайдо шудани хиёнаткорони Ватан, дӯст, ёр, лаҳзаҳои навозиши сари ятимон ва ғайра боз як бори дигар ҳамон рӯзҳои даҳшатнокро хотиррасон мекунад.   
Наход ба инсонҳое, ки баҳри озодӣ ва осоиштагии мо ҷони худро қурбон кардаанд, чунин муносибат намоем, магар ин нисбати руҳи поки шаҳидон ва авлоди онҳо кӯрнамакӣ нест? Наход то ҳол назари шахсони масъул ба ин навиштаҳои пур аз хато наафтида бошад? 
Ҳақиқат ин аст, ки онҳо китоби хотираро ягон бор варақ назадаанд.

Даврон АҲМАД,
ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: