НАСРАШ ЧУН НАЗМ РАВОН

Ба назар чунин мерасад, ононе, ки дили нарм доранд, ваъдаи худро зуд “аз хотир мебароранд”-у аз пайи кори дигаре мешаванд.

“Не”, ки гуфта наметавонанд, бори ҳазор  вазифаву масъулиятро бар дӯши худ гирифта, то  манзил  ба зудӣ расонида наметавонанд. Ба қавле, пас аз тӯй думбура менавозанду баъди гузаштани қатора ба истгоҳ мебароянд... Ҳам аз тӯй мемонанду ҳам аз қатора...
Бо  муаллим, нависандаи бомаҳорат, журналисти дақиқназар, инсони якрӯй, узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” Ҳамза Ҷӯра қариби сӣ сол аст, ки ошноӣ дорам. Бисёр шудааст, ки аз хони якдигар нон хӯрдаву гирди дасторхони адабу фарҳанг нишинем. Муболиға намешавад агар гӯям, ки  қиссаю очеркҳои «Муаллим Афандӣ», «Алломаҳо намемиранд», «Пири ҳунар», «Духтари Ватан», «Башорати Сиддиқӣ»,  «Падару писар»  ва мақолаҳои муаллимро ҳамчун мусаҳҳеҳ ё муҳаррир аз дастхатҳояшон хондаам. Ҳатто хуб медонистам, ки муаллиму муҳаррир –  Ҳамза Ҷӯра маҳз ҳамин сол 70-сола мешаванд. Ният карда будам, ки ба ин муносибат ҳатман чизе хонданӣ хоҳам навишт. Аммо ҳамон баҳонаи серкориву даву този рӯзгор маро ба охири сол, ки аллакай китоби арзу эҳтироми дӯстону шогирдони соҳибҷашн ба нашр расида буданд, расонид. Хайрият, ҳоло тӯй дар пеш асту қатора ҳам  аз истгоҳ дур нарафтааст...
Устод Ҳамза Ҷӯра бузургмарди якрӯву якқавлест. Бо як дидан ба тинату хилқати муаллим баҳо додан аз рӯйи адолат нахоҳад буд. Дар назари аввал устод хеле ҷиддиву сардгап менамоянд. Гӯё атрофиёнро назару писанд намекунанд. Вале ҳаргиз чунин нест! Муаллим шишаи ору номус, тарозуи имону виҷдон дар бағал доранд. Фарзанди муаллим-дия, олами дурӯғинро бо дунёи фарҳангу адаб ва маорифу маънавият  иваз намекунанд. 
Ҳамза Ҷӯра зодаи маҳаллаи машҳури Кафтархонаи шаҳри Самарқанд, дастпарвари Донишгоҳи давлатии Самарқанд мебошад. Гарчанд фаъолияти кории худро ба ҳайси сарвари пешоҳангон ва омӯзгор аз мактаби рақами 37-уми ноҳияи Самарқанд оғоз намудааст, ба соҳаи журналистика ва эҷод шавқу рағбати зиёд дошт. Меҳри ин соҳа ӯро ба таҳририяти рӯзномаи «Шарқ тонги» (ҳоло «Гулобод тонги») овард ва тӯли солҳои 1984-1988 дар ин таҳририят ба ҳайси мудири шуъбаи маданият кор кард. Доир ба масъалаҳои фарҳанг мақолаҳо навишта, аз дарду доғи мардум мегуфт ва пайваста мекӯшид, ки дар ҳалли мушкилоти фарҳангии мардум кӯмак расонад. Масъулиятшиносӣ, кордонӣ ва меҳнатдӯстии Ҳамза Ҷӯра сабаб шуду соли 1991 ӯро сармуҳаррири шуъбаи тоҷикии Ширкати садо ва симои вилоят таъин карданд ва ин марди сабуру худшинос то синни нафақа дар ин вазифа сарбаландона фаъолият бурда, шогирдони зиёдеро тарбия намуд. Ҳамза Ҷӯра гоҳо ба корхонаи бузурги саноатӣ мерафт, гоҳо ба маҷлиси ҳукуматӣ, гоҳо ба сохтмонҳои азим ва гоҳе зери офтоби сӯзон ба майдонҳои пахтазор, то барномаву гузоришҳои ҷолибу диданӣ пахш кунад... Муваффақ ҳам буд. Ҳамеша таҳсину офарин мешунид. 
Оғози солҳои истиқлол буд. Дар кишвар ислоҳот ва корҳои бунёдкории азим амалӣ мегардиданд. Оғози даври нав, созандагиҳои бузург дар ҳаёти мамлакат аз намояндагони ҳокимияти чорум низ тарзи корбарии навро талаб мекард. Ин лаҳзаҳоро Ҳамза Ҷӯра чун пурбортарин солҳои кораш дар телевизион ба ёд меорад. Мекӯшид мардумро аз навидҳои кишвар саривақтӣ огоҳ созад, ҳамқадаму ҳамнафаси замон бошад, барномаву гузоришҳои ҷолибро омода созад ва ба дилу дидаи муштариён роҳ ёбад. Телевизион оҳиста-оҳиста пеш рафта, тараққӣ кард ва техникаи нав оварданд, номгӯй ва вақти барномаҳо зиёд шуданд ва шумораи тамошобинон низ ба маротиб афзуд. Ҳар рӯз аз муштариёни шаҳру ноҳияҳои вилоят номаҳо меомаданд. Аксари онҳо аз муҳаррирони шуъбаи тоҷикӣ хоҳиш мекарданд, ки аз ҳаёти мардуми деҳот, таърихи мавзеъ, анъана ва мардуми бедордилу бедорфикри маҳалу гузарҳо барномаҳо омода созанд. Ҳайати эҷодии шуъбаи тоҷикӣ бо сарварии Ҳамза Ҷӯра ҳаракат мекард, ки ҳеҷ як нома ва муроҷиат беэътибор намонад. 
Ин буд, ки тӯли ин солҳо барнома ва гуфторҳои тоҷикӣ маҳбубияти бештар пайдо намуданд. Маҳз бо ташаббуси Ҳамза соли 1994 барномаи адабиву мусиқии “Шабнам” бо забони тоҷикӣ ташкил гардида, дар он тӯли қариб ним соат аз ҳаёти мактабҳои тоҷикӣ, гузару маҳалҳо маълумоти муфид пешкаш мегардид, суҳбати гирди мизи мудаввари шоиру нависандагон пахш мешуд. Ҳамза то ҷое тавонист, талош кард, ки рисолати худро ҳамчун як фарди ватанпарвар, инсони фарҳангдӯст, журналисти соҳибқалам дар назди халқу меҳани худ иҷро намояд. Даҳҳо шогирдонро асрори журналистӣ омӯхт, ки ҳоло аксари онҳо чун намояндаи воситаҳои ахбори оммавии кишвар фаъолият доранд. Ӯ баробари омодасозии барномаҳои рангин ва гуфторҳои ҷолиб, пайваста эҷод мекард. Ҳикояву очеркҳо менавишт, дар рӯзномаҳои тоҷикӣ мақолаҳои таҳлиливу танқидӣ, роҷеъ ба рӯйдодҳои муҳими рӯз мулоҳиза ва нуқтаи назари худро чоп мекунанд...
Вақте кас навиштаҳои Ҳамза, бахусус, андешаҳояшро мутолиа мекунад, гӯё таронаву шеъри волое мехонда бошад, қофияву радиф, мағзу маънии ширинеро эҳсос менамояд. Басо шунавову гуворост навиштаҳояш....
Устод баробари фатҳи қуллае дар ҷодаи илму адаб ба пояи баланди оиладорӣ расидаанд. Янгамуллои азиз, фарзанду арӯсу домодҳо ва наберагон дунёи устодро равшан месозанд ва ба сӯйи офариниши асарҳои беҳтарин раҳнамоӣ мекунанд. То бод чунин бодо! 
  
Озод ҲАМИДЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: