Арзи сипос
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд, – мефармояд шоири ширинсухани тоҷик Мирсаид Миршакар.
Оре, зиндагӣ бидуни орзуҳо ва хаёлоти руҳангез ширин нест. Орзу бошад, ҳаргиз сарҳад намепазирад, домани он беҳадду канор аст. Орзу мисоли мурғи баландпарвозест, ки инсонро бо худ ба сайри олами афсонаҳо мебарад.
Ҳангоме ки хурд будам, орзуҳои ман низ рангину пурҷило буданд. Зиндагӣ дар назарам хеле пуртароват метофт, гоҳ мехостам табиб бошаму беморонро табобат намоям, гоҳи дигар омӯзгориро орзу мекардам, то ин ки ба тифлону наврасон илму дониш омӯзам. Аз ин рӯ ҳамеша барои ба мақсади худ расидан кӯшиш менамудам. Барои санҷидани дониши худ дар озмунҳои фаннии ноҳия ва вилоят иштирок кардам. Аз ҷумла соли гузашта ғолиби озмуни вилоятӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик гардидам. Саъю кӯшишҳоям самар доданд, донишҷӯ шудам. Ин, бешубҳа, натиҷаи заҳмати устодони азизу арҷманди ман аст.
Ҳоло орзу мекунам, ки омӯзгор шаваму ҳамчун устодонам ба халқу Ватани хеш таҳтидилона хидмат намоям.
Бовар дорам, ки ба орзуҳои минбаъдаи худ низ мерасам, зеро дар ин роҳ сабақи устодон чун ҳамеша раҳнамои ман аст.
Манижа ВАҲҲОБОВА,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тирмиз.