НАТИҶАҲО ТАҲЛИЛ, ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ШУДАНД

Дар Маркази матбуоти миллӣ оиди ҷамъбасти фаъолияти кумитаҳои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар нимсолаи аввали соли равон ва нақшаҳои оянда нишастҳои матбуотӣ ба амал омаданд.

Бахшида ба фаъолияти Кумитаи масъалаҳои  буҷа ва ислоҳоти иқтисодии Сенати Олий Маҷлис дар нимсолаи аввали соли равон ва нақшаҳои истиқболии он бо иштироки аъзои кумита, ҳамчунин намояндагони вазоратҳои молия, иқтисодиёт ва саноат, энергетика, Палатаи ҳисоб, Кумитаи давлатии андоз, Бонки марказӣ  анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Таъкид гашт, нимсолаи аввали соли равон барои кумита аз нуқтаи назари коркарди таклифҳои дақиқ бино бар аниқ сохтан ва омӯхтани сабаби пайдоиши муаммоҳо, бартарафсозии онҳо давраи муҳим қарор гирифт.
Дар давраи ҳисоботӣ 8 ҷамъомад рӯи кор омада, дар онҳо 27 масъала, аз ҷумла, 5 қонун дида баромада шуд. Аз рӯи муҳокимаи қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ба муносибати демократисозии тартиби ташаккулдиҳии ҳукумат ва пурзӯрсозии масъулияти он  ворид сохтани дигаргунӣ ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷ-ҷатҳои қонунии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи ворид сохтани дигаргунӣ ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар бораи шарикии давлатӣ-хусусӣ», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва ҳуҷҷатҳои дигар хулосаҳои аъзои кумита баён карда шуданд.
Бобати модернизатсияи мамлакат, расонидани кӯмак ба ҷадалноксозии ислоҳот оиди либералисозии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҷонноксозии фаъолияти бовариноки сохтори бонку молия, ҳалли масъалаҳои долузарб вобаста ба таъмини назорат аз болои мақсаднок, самаранок ва оқилона истифода кардани маблағҳои буҷа тавассути истифодаи самаранок аз ваколатҳои назоратию таҳлилии худ кумита дар нимсолаи аввали соли равон як қатор чораҳоро ба амал баровард. Аз ҷумла, дар давраи ҳисобот аз ҷониби аъзои Кумита 4 тадбири назоратӣ, як қатор конфронс ва семинарҳо баргузор гардид. Аз рӯи масъалаҳои вобаста ба манфиатҳои шахсони ҷисмонию ҳуқуқӣ бештар аз 13000 муроҷиат дида баромада шуданд. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои бардошташуда 125 пурсуҷӯ ва муроҷиатҳои парлумонӣ ба Девони Вазирон, вазорат ва идораҳо фиристода шуданд. Аз ҷониби аъзои Кумита 2700 нафар шаҳрвандон қабул ва бо интихобкунандагон 441 вохӯрӣ ташкил карда шуд.
Бобати таъмини иҷрои барнома ва ҳуҷҷатҳое, ки марбут ба такомули тамоми самтҳои рушди иқтисодии мамлакатамон қабул карда шудаанд, кумита фаъолияти худро ҷоннок гардонд. Хусусан, иҷрои барномаҳои давлатию ҳудудӣ омӯхта шуд. Корҳое, ки дар ин самт ба амал бароварда мешаванд, аз нуқтаи назари танқидӣ дида баромада ва оиди роҳҳои бартарафсозии норасоиҳо таклиф ва тавсияҳо пешниҳод гардиданд.
***
Дар анҷумани матбуотӣ оиди фаъолияти Кумитаи аграрӣ, масъалаҳои хоҷагии об ва экологияи Сенати Олий Маҷлис дар нимсолаи аввали соли равон ва нақшаҳои истиқболии он аъзои кумита, вакилони вазоратҳои кишоварзӣ ва хоҷагии об, Кумитаи давлатии экология ва муҳофизати муҳити атроф, Кумитаи давлатии захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатӣ ширкат ҷустанд.
Таъкид гашт, дар даврае, ки гузашт, аз ҷониби кумита 12 ҷамъомад доир шуда, дар онҳо 16 масъала, аз ҷумла, 4 қонун мавриди баррасӣ қарор ёфт.
Ҳуҷҷатҳои қонуние, ки дида баромада шуданд, дар таъмини ба рӯи об баровардани мақсад ва вазифаҳое, ки дар давраи нави таърихӣ дар тараққиёти мамлакатамон чун дастуруламал хидмат мекунанд, аҳамияти калони таърихӣ доранд. Масалан, бобати қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи бинобар пурзӯр гардонда шудани ҷавобгарӣ барои вайрон кардани ҳуҷҷатҳои қонунӣ дар бораи замин ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид сохтани дигаргунӣ ва иловаҳо», «Дар бораи чарогоҳҳо», «Дар бораи хусусигардонии қитъаҳои замине, ки ба кишоварзӣ пешбинӣ нашудаанд», «Ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муҳофизати ҳавои атмосферӣ ворид сохтани дигаргунӣ ва иловаҳо» ва дигар ҳуҷҷатҳо хулосаҳои аъзои кумита баён карда шуданд.
Дар даврае, ки сипарӣ гашт, кумита оиди истифодаи оқилонаи захираҳои  кишоварзӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба масъалаҳои долузарби дастгирии фаъолияти хоҷагиҳои фермерӣ аз ваколатҳои назоратӣ-таҳлилии худ самаранок истифода бурда, як қатор чораҳоро ба амал баровард. Хусусан, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кумита 7 тадбири назоратӣ, 3 конфронс ва семинар баргузор шуд, аз рӯи масъалаҳои марбут ба манфиатҳои шахсони ҷисмонию ҳуқуқӣ ҷамъ 19-то пурсуҷӯи парлумонию сенаторӣ фиристода шуд.
Кумита ба таъмини иҷрои барнома ва ҳуҷҷатҳое, ки дар тамоми самтҳо ба рушди фаъолияти кишоварзӣ нигаронида шудаанд, эътибори алоҳида нигаронд. Хусусан, иҷрои барномаҳои давлатию ҳудудӣ оиди давра ба давра ба хоҷагиҳои фермерии бисёрсоҳа табдил додани хоҷагиҳои фермерӣ омӯхта ва корҳое, ки дар ин бора амалӣ мегарданд, аз нуқтаи назари танқидӣ дида баромада шуда, таклифу дархостҳои дахлнок кор карда бароварда шуданд.
Аз ҷониби кумита ба ҳалли масъалаҳо оиди экология, аниқ сохтани омилҳое, ки ба тозагии муҳити атроф халал мерасонанд, омӯхтани сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои бартарафсозии муаммоҳо диққати махсус дода шуд. Бо мақсади бо халқ рӯбарӯ шуда, масъалаҳои ба аҳолӣ азиятдиҳандаро ҳаллу фасл намудан бо интихобкунандагон 1400 вохӯрӣ гузаронида ва 1771 нафар шаҳрвандон қабул карда шуданд.
Вазифаҳои устуворе, ки дар нутқи Президенти мамлакатамон дар ҷамъомади умумии бистуми Сенати Олий Маҷлис 21 июни соли ҷорӣ муайян шудаанд, дар фаъолияти минбаъдаи аъзои кумита чун дастуруламал хидмат мекунанд, таъкид ёфт дар анҷумани матбуотӣ.

М.ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: