Пас аз анҷоми музокирот дар Исломобод маросими имзои ҳуҷҷатҳои дуҷониба баргузор шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев ва Сарвазир Имрон Хон ба Изҳороти муштарак дар бораи қадамҳои минбаъда оид ба шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон имзо карданд.
Инчунин, байни вазорату идораҳо қариб 10 ҳуҷҷат, аз он ҷумла созишнома дар бораи савдои имтиёзнок, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, сайёҳии зиёратӣ, роҳи оҳан, шартномаҳо байни вилояти Сурхондарё ва музофоти Хайбер-Пахтунхва, байни шаҳри Тошканд ва шаҳри Исломобод қабул шуданд.
Ба ғайр аз ин, дар доираи анҷумани тиҷоратии дар арафаи сафар баргузоргардида оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштаракаи тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба маблағи 800 миллион доллар тавофуқ ба даст омад.