Аз рӯи натиҷаҳои музокироти пурсамари байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дуҷониба қабул шуданд.
Сарони давлатҳо ба Изҳороти муштарак дар бораи амиқсозии минбаъда ва густариши ҳамаҷонибаи шарикии махуси стратегӣ имзо карданд.
Дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ инчунин 17 ҳуҷҷат ба имзо расид, аз ҷумла:
– Созишномаи байниҳукуматӣ бо Фонди рушди иқтисодӣ ва ҳамкорӣ;
– Созишнома бо Бонки содиротиву воридотии Корея ва ширкати «Hyundai Rotem» дар бораи харид ва интиқоли поездҳои баландсуръати барқӣ;
– Созишнома бо Бонки содиротиву воридотии Корея дар бораи расонда додани таҷҳизот барои таълими илмӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ дар мактабҳои миёна;
– Созишнома дар бораи татбиқи лоиҳаи кластери инноватсионии дорусозии «Фарма Парк»;
– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳкими иқтидори хидматчиёни давлатии Ӯзбекистон;
– Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилӣ дар солҳои 2025-2027;
– Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо;
– Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг;
– Созиш дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт;
– Созиш дар бораи ҳамкорӣ оид ба навсозии низоми таъминоти марказонидашудаи гармӣ дар минтақаҳои Ӯзбекистон;
– Созиш дар бораи шарикӣ дар соҳаи маъданҳои муҳим;
– Созиш дар бораи мусоидат ба фаъолияти кумитаи муштараки Ӯзбекистону Корея оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ;
– Муоҳида дар бораи ҳамкорӣ оид ба тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос ва касбӣ;
– Муоҳида дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
– Созишномаи ҶС «Узпсаноатқурилишбанк» бо Бонки содиротиву воридотии Корея дар бораи хати байнибонкии маҳорати кредитӣ ва дигар.