НАТИҶАҲОИ ИНТИЗОРИИ НИМСОЛАИ ЯКУМ ТАҲЛИЛ ГАРДИДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 июн бахшида ба таҳлили корҳо доир ба инкишофи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, ҳамчунин натиҷа ва тағйироти босифате, ки дар ниҳояи нимсолаи якуми соли ҷорӣ интизорӣ меравад, ҷамъомад баргузор намуд.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар натиҷаи сиёсати фаъолонаи сармоягузорӣ, пеш аз ҳама ҷалб намудани сармоягузории бевоситаи хориҷӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ва минтақаҳо ва ҳамчунин татбиқ ва муттасил ба амал ҷорӣ намудани механизмҳои нави таъсирбахши ҳамдастии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва сармоягузорон суръати баланди инкишофи иқтисодӣ таъмин мегардад. 
Ҳамин тариқ, интизорӣ меравад, ки дар поёни нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохила ба 5,4 фоиз, истеҳсоли саноатӣ – 7 фоиз, корҳои сохтмону пудрат – 9,6 фоиз, ҳаҷми хидматрасонӣ 13,9 фоиз афзоянд. Махсус таъкид шуд, ки дар ноил гардидан ба чунин натиҷаҳо дар навбати аввал афзоиши ҳаҷми қариб якуним баробари сармояҳои азхудгардида чун омили муҳим ба шумор меравад.
Ҳамзамон ба вуҷуд доштани захираҳо ва имконоти ҳанӯз пурра сафарбарнагардида дар тамоми соҳаҳо ва минтақаҳо ишора гардид. Дар назди роҳбарони дахлдор вазифаҳои мушаххас дар заминаи ба вуҷуд овардани корхонаҳои замонавӣ ва ҷойҳои нави кор, афзоиши истеҳсол ва содироти маҳсулот гузошта шуданд. Васеъ намудани пойгоҳи воридотии буҷаҳои маҳаллӣ, сафарбар намудани воридоти иловагӣ барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва коммуналӣ, ободгардонии деҳот ва маҳаллот, беҳсозии ҳаёти аҳолӣ супурда шуд.
Аз он ҷумла, доир ба тезондани иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ, ки дар доираи сафарҳои роҳбари давлат ба минтақаҳо таҳия гаштаанд ва ҳамчунин ба вуҷуд овардани лоиҳаҳои нав, андешидани чорабиниҳои нав супурда шуд.
Дар ҷамъомад инчунин ҳолати корҳои ҷории доманфарох дар бобати беҳсозии намуди меъмории шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ободонии маҳаллаҳои аҳолинишин, сохтмон ва таъмири манзилҳои иқоматӣ, шабакаҳои таъминоти об, таъминоти барқ, роҳҳои маҳаллӣ ва дохилӣ дар доираи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» таҳлил карда шуд. Ба ногузирии сари вақт ҷудо намудан ва азхуд намудани захираҳои зарурии молиявӣ ва ғайра, иҷрои босифати корҳои банақшагирифта ишора гардид.
Ҳисоботи роҳбарони Девони Вазирон, вазорат ва идораҳо, иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ ва минтақаҳо шунида шуданд. Чораҳои баланд бардоштани масъулияти шахсии роҳбарони дахлдор барои бечунучаро ба даст овардани нишондодҳои пешгӯишуда ва вазифаҳои мушаххаси рушди ҳар як соҳа ва минтақа муайян карда шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: