НАТИҶАҲОИ ПЕШАКИИ БАРНОМАИ ДАСТГИРӢ

Семинаре бо ширкати коршиносони миллии мамлакат дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Рушди малакаҳо барои фарогирӣ бо шуғл дар деҳоти Ӯзбекистон” баргузор гардид.

Семинаре бо ширкати коршиносони миллии мамлакат дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Рушди малакаҳо барои фарогирӣ бо шуғл дар деҳоти Ӯзбекистон” баргузор гардид. Семинари мазкур бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО, ҳамчунин Вазорати макотиби олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати хоҷагии об роҳандозӣ шуд. 
Қобили ёдоварист, ки моҳи июли соли 2020 Иттиҳоди Аврупо  барои татбиқи лоиҳаи “Рушди малакаҳо барои фарогирӣ бо шуғл дар деҳоти Ӯзбекистон” 9,6 миллион евро ҷудо кардааст, ки онро тайи солҳои 2020-2024 ЮНЕСКО анҷом медиҳад.  
Бояд қайд намуд, ки ташаббуси зерин бо Лоиҳаи модернизатсияи соҳаи кишоварзии Ӯзбекистон мувофиқат кунонида шудааст, ки 20 декабри соли 2019 аз тарафи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва Агентии татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи маҷмаи агросаноатӣ ва таъмини хӯроквории Ӯзбекистон (UZAIFSA) таҳти иҷро қарор дода шудааст.
Франсуа Бежо — роҳбари шӯъбаи ҳамкории ИА ва Ян Гладик — роҳбари дафтари ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон аҳамияти лоиҳаро барои баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми Ӯзбекистон ва навсозии соҳаи кишоварзӣ хеле муфид арзёбӣ карданд.
Коршиносони ЮНЕСКО натиҷаҳои пешакии арзёбии эҳтиёҷот ва таҳлили вазъи рушди малакаҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва обёриро пешниҳод карданд ва барои муколамаи созанда ва пурсамари миллӣ замина гузоштанд. Тағйирёбии глобалии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва ривоҷи бахши иқтисодии Ӯзбекистон эҳтиёҷи солонаи онҳоро нисбати об меафзояд, барои ҳамин камбуди захираҳои об сол аз сол дучанд мегардад. Дар 15 соли охир дастёбӣ ба захираҳои об ба ҳар сари аҳолӣ аз 3048 метри мукааб ба 1589 метри мукааб коҳиш ёфтааст. Барои ҳалли ин масъалаҳо ва вазифаҳои дигар ҷумҳурӣ қадамҳои қатъӣ мегузорад ва он барои истифодаи дурусти захираҳои об мусоидат менамояд. Ин дар навбати худ тақозо менамояд, ки дар соҳаи кишоварзӣ ва танзими захираҳои об ба такмили касб аҳамияти вижа дода шавад. Дар рӯзи дувуми семинар иштирокчиёни он консепсия дар чаҳорчӯби миллии тахассусӣ, ҳамзамон таҳаввулоти сиёсӣ ва ҳуқуқии миллӣ, робитаи он бо фаъолият ва ҳадафҳои лоиҳа дар Ӯзбекистонро ба даст медароранд. 
Дар бораи лоиҳа ҳаминро гуфтан метавон, ки “Рушди малакаҳои шуғл дар деҳоти Ӯзбекистон” барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар деҳот тавассути беҳтар намудани имкониятҳои корӣ равона шудааст. Мақсади мушаххаси он мусаллаҳ кардани занон ва мардон бо малакаҳои мувофиқ барои кишоварзии устувор, гуногунсоҳа ва муосир дар Ӯзбекистон мебошад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: