Натиҷаҳои соҳаи хидматрасонӣ таҳлил гардиданд

  • Натиҷаҳои соҳаи хидматрасонӣ таҳлил гардиданд
  • Натиҷаҳои соҳаи хидматрасонӣ таҳлил гардиданд
  • Натиҷаҳои соҳаи хидматрасонӣ таҳлил гардиданд
  • Натиҷаҳои соҳаи хидматрасонӣ таҳлил гардиданд
  • Натиҷаҳои соҳаи хидматрасонӣ таҳлил гардиданд
  • Натиҷаҳои соҳаи хидматрасонӣ таҳлил гардиданд

Таҳти раёсати Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 июн доир ба масъалаҳои инкишофи соҳаи хидматрасонӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Соҳаи хидматрасонӣ соҳаи иқтисодиёте мебошад, ки имкон медиҳад ҷойҳои кор зуд ва бо харҷи кам ба вуҷуд оварда шавад. Аз ин рӯ, дар минтақаҳо марказҳои хидматрасонии маишӣ ташкил гардида, таълими касбии бекорон созмон дода мешавад ва барояшон маблағу шароит пешниҳод мегардад.

27 январи соли ҷорӣ Президент қарорро «Дар бораи чорабиниҳои иловагии инкишофи соҳаи хидматрасонӣ» ба имзо расонд, ки бинобар он барои соҳа чандин имтиёзот ва захираҳои имтиёзнок ҷудо карда шуд.

Соли ҷорӣ дар соҳаи мазкур татбиқи беш аз 120 ҳазор лоиҳаи нав ва афзоиши ҳаҷми хидматрасонӣ то 435 триллион сӯм ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷамъомад, ки дар руҳи танқид баргузор шуд, корҳое, ки дар минтақаҳо дар ин самт анҷом дода шудаанд, таҳлил гардиданд.

Таъкид шуд,ки он ҷойҳое, ки ҳокимон ғами одамонро мехуранд, аз рӯи виҷдон кор карда, ба соҳибкорон дар бобати замин, бино ва инфрасохтор мадад мерасонанд, ба натиҷаҳо ноил мегарданд. Барои мисол, дар шаҳри Тошканд, вилоятҳои Самарқанд, Фарғона ва Андиҷон ҳазорҳо ҷойи кор ба вуҷуд оварда шудааст.

Дар моҳҳои январ-май дар соҳаи хидматрасонӣ 232 ҳазор ҷойи кор ба вуҷуд оварда шуд. Аммо нишондодҳои вилоятҳои Ҷиззах, Навоӣ, Хоразм ва Қашқадарё паст мебошанд.

Дар ду моҳи охир ба ауксион 12 ҳазор қитъаи замин чун объектҳои хидматрасонӣ гузошта шудааст. Ҳамзамон дар 27 ноҳия барои фурӯш камтар аз 10 қитъа гузошта шудааст.

Бинобар ин чораҳои интизомии ҷазо нисбати ҳокимони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, муовинони онҳо оид ба сохтмон, ки дар кор ба камбудӣ роҳ додаанд, муайян карда шуданд.

Зимни муҳокимаи нақшаҳо бинобар инкишофи соҳаи хидматрасонӣ дар 9 моҳ ва то охири сол ба сифати мисол таҷрибаи Бухоро зикр гардид.

Ҳамин тариқ, дар Бухоро соҳибкорон ресторан ва қаҳвахонаро дар бомҳои меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо ва мағозаҳо ташкил намудаанд. Таҳлили самарабахшии кредитҳои имтиёзнок нишон дод, ки харҷи миёна барои фароҳам овардани як ҷойи кор дар Бухоро ҳамагӣ 8-9 миллион сӯмро ташкил додааст.

Ба шахсони масъул татбиқ намудани ин таҷриба дар дигар шаҳр ва марказҳои ноҳияҳо ва ҳамчунин таҳия намудани талабот нисбат ба бехатарӣ ва шароити иҷора супориш дода шуд.

Умуман дар ихтиёри мақомоти давлатӣ қариб 4 ҳазор бинои маъмурӣ вуҷуд дорад, ки дар маҳалҳои муносиб ва шафати роҳҳои серҳаракат ҷойгир шудаанд. Ишора шуд, ки ин бино ва иншоот инчунин метавонад дар соҳаи хидматрасонӣ муфид истифода гардад.

Барои ташкили нуқтаҳои хидматрасонӣ вуҷуд доштани ҷойи қулай аҳамияти муҳим касб менамояд. Бинобар ин дар ҷамъомад муайян карда шуд, ки ба ауксион боз 25 ҳазор қитъаи замин барои истифода – чун хидматрасонӣ ва савдо гузошта хоҳанд шуд.

Барои қулаии аҳолӣ ҷараёни гузоштани замин ба ауксион барои дарёфти иҷора аз 48 рӯз то 15 рӯз ва барои хариди хусусӣ аз 74 то 20 рӯз кӯтоҳ карда мешавад. Қитъаҳои замин аз ҷониби экспертиза баҳо дода намешавад, қимати воқеӣ дар ауксион муайян карда мешавад.

Ҳамзамон аз 1 январи соли 2023 тартиби ҳамоҳангсозии маълумоти кадастр бо дигар идораҳо зимни ба ауксион гузоштани замин бекор карда мешавад.

Маълумотҳои кадастри тамоми вазоратҳо ба Низоми ахбори ҷуғрофии миллӣ дохил карда мешавад.

То 1 сентябри соли ҷорӣ ташкил намудани 253 кӯчаи махсуси савдо ва хидматрасонӣ дар 205 ноҳия ва шаҳр ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта барои ин мақсадҳо аз буҷети ҷумҳурӣ 1,4 триллион сӯм ҷудо гардида бошад, соли ҷорӣ он 900 миллиард сӯмро ташкил менамояд.

Барои мисол кӯчаи сарбаста дар маҳаллаи Ҷиззахлики шаҳри Ҷиззах бо кӯчаи марказии Шароф Рашидов пайваст мебошад, дар он барои объектҳои савдову хидматрасонӣ кори шабонарӯзӣ иҷозат дода шудааст. Дар натиҷа кори тоҷирон пеш рафта, 200 ҷойи кор ба вуҷуд оварда шуд.

Ба ҳокимони вилоятҳо дар шаҳру ноҳияҳо ба вуҷуд овардани чунин кӯчаҳо супориш дода шуд. Боз як мисоли дигар: дар истироҳатгоҳи машҳури Амонхона дар Бойсун се меҳмонхона вуҷуд дорад. Аммо аз сабаби кам будани ҷой меҳмононро  меҳмонхонаҳои ҳавлиҳо қабул мекунанд. Агар роҳи истироҳатгоҳ беҳтар карда шавад, теъдоди меҳмонон зиёд гардида, дар шафати роҳ беш аз 200 объекти савдо ва хидматрасонӣ кушодан мумкин аст. Бинобар ин ба шахсони масъул доир ба инкишофи деҳаи Амонхона супоришҳо дода шуд.

Супориш дода шуд, ки дар асоси чунин корбурд ширкат ва коршиносони машваратии хориҷиро ҷалб намуда, барои 28 шаҳру 10 ноҳия мастер-план бо потенсиали баланди соҳаи хидматрасонӣ таҳия карда шавад.

Президент ногузирии сода намудани талаботро барои фаъолияти савдо дар пойгоҳи василаҳои сайёр ва конструксияҳои сабук таъкид намуд.

Аз он ҷумла, ба ширкатҳои иқоматгоҳҳои хусусӣ, маҳаллаҳо, ташкилотҳои хайрия ва роҳ дар ҳудуди худ кушодани қаҳвахонаҳо ва нуқтаҳои савдо иҷозат дода мешавад. Ин қариб 50 ҳазор нафарро бо кор таъмин менамояд.

Дар ҷамъомад инчунин масъалаҳои ҷалби сармоягузорони хусусӣ ба соҳаи нақлиёт, васеъ намудани намудҳои хидматрасонӣ, трансформатсияи фаъолияти Кумитаи роҳҳои автомобилгард муҳокима гардиданд.

Роҳбари давлат дар бобати натиҷаи интихоботи маҳаллаҳо низ таваққуф намуда, раисонро бо интихоб гардиданашон табрик намуд.

– Роҳбари маҳалла будан масъулияти калон аст. Раисони маҳаллаҳо пешво бояд бошанд, хусусан дар бобати то ҳар як хонадони мамлакат расондани ислоҳот, баланд бардоштани некуаҳволии халқамон, дар назди ҳокимон гузоштани масъалаҳое, ки одамонро нигарон намудааст. Татбиқи масъалаҳои дақиқе, ки имрӯз дар бобати инкишофи соҳаи хидматрасонӣ гузошта шуданд, низ бояд аз маҳалла шурӯъ гардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар ҷамъомад муовинони Сарвазир, вазирон, ҳокимон ва ёварони онҳо гузориш доданд, онҳо нақша ва пешниҳодоти худро баён намуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: