НАТИҶАҲОИ ҲАМОИШИ ӮЗБЕКИСТОНИВУ РУСИЯГӣ БАЁНГАРИ ИБТИДОИ ДАВРОНИ НАВИ ҲАМКОРИИ ДУҶОНИБА ҲАСТАНД

Натиҷаи вохӯриҳои пурмазмун ва сермаҳсул, ки 26-27 май дар гуфтушунидҳои ӯзбекистониву русиягӣ дар сатҳи олӣ ба амал омаданд, садоқати ду мамлакатро ба минбаъд вусъат додани ҳамкориҳои бисёрҷанба нишон дода, дар робитаҳои байнидавлатӣ боби навро боз намуданд.

Коршиносони байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки ҳамоиши ӯзбекистониву русиягӣ шаҳодати равшани ҷиҳати махсуси муносибатҳои дуҷониба гардид, ки амалан тамоми соҳа ва самтҳои ҳамкории тарафайнро фаро мегирад.


Директори иҷрогари маркази таҳлили малайзигии «KingsleyStrategicInstitute» Макс Сей:
– Ташриф аз таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Русия, ки бо сатҳи олии эътимоду ҳусни тафоҳум тафриқа доранд, шаҳодат медиҳад.
Гуфтушунидҳои дараҷаи олии байни сарони ду давлат, ки ба баррасии масъалаҳои зиёд кардани ҳаҷми савдо, мустаҳкам намудани шарикии стратегӣ ва татбиқ сохтани ташаббусҳои пештар мувофиқгардида нигаронида шудаанд, бешубҳа, ба ҳамкориҳои амиқи минбаъдаи сиёсӣ ва иқтисодӣ хидмат мекунанд.
Баргузор шудани ҷамъомади нахустини Шӯрои минтақаҳои Ӯзбекистон ва Русия таҳти сарварии ду Президент сазовори эътибори махсус мебошад. Аз ҷумла, барои иштирок дар анҷумани мазкур 18 нафар губернаторони русиягӣ ба Тошканд ташриф оварданд. Муносибати мазкур комёбиҳоро дар таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавии ин ду кишвар намоиш медиҳад.
Ба ин маънӣ, ҳамчунин мехоҳам таъкид намоям, ки солҳои охир ҳамкориҳои ӯзбекистониву русиягӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои савдову иқтисод ва сармоягузорӣ ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуданд. Мубодилаи мол ва миқдори лоиҳаҳо мунтазам меафзоянд, ҳамкории тарафайни тиҷоратӣ ва минтақавӣ фаъолтар мешаванд. Аз ҷумла, соли 2023-юм мубодилаи моли байни ду мамлакат хеле афзуд ва аз 10 миллиард доллар гузашт. Дар чоряки якуми соли равон афзоиши ин нишондиҳандаҳо идома дорад.
Интизор меравад, ки қабул шудани маҷмӯи нави ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар доираи ҳамоиш ва татбиқи амалии онҳо, бешубҳа, ба таҳким ва диверсификатсияи тарафайни давлатҳо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, илмиву инсонпарварӣ ва нақлиётиву логистикӣ, ҳамчунин минбаъд баланд бардоштани сатҳи ҳаёти шаҳрвандони ду давлат мусоидат хоҳад кард.
Бовар дорам, ки натиҷаҳои сафар ба рушди минбаъдаи шарикӣ ва дӯстии байни ду мамлакат такони пурқувват мебахшанд, ҳамчунин сатҳи ҳамкориҳои тарафайни минтақавии Ӯзбекистон ва Русияро ба дараҷаи нав мебардоранд.
Директори Маркази иттилоот ва тадқиқоти русиву арабӣ доктор Маҷид ал-Туркӣ (Арабистони Саудӣ):
– Ташриф ҳамчун садоқати ҷонибҳо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқи стратегии байни Ӯзбекистон ва Русия баргузор шуд.
Ин сафар дараҷаи баланди ҳамкориҳои тарафайни ду мамлакатро тасдиқ менамояд, зеро он аз ҷумлаи афзалиятҳои ташрифоти хориҷии Президенти Русия пас аз нав интихоб шуданаш ба мансаби роҳбари давлат, баъди сафарҳояш ба Чин ва Белорус ба вуқӯъ пайваст.
Сафар дар доираи Муоҳида дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ, ки соли 2005-ум имзо шуда буд, сипас Баённома дар бораи шарикии фарогири стратегӣ аз соли 2022-юм амалӣ мегардад. Онҳо ба пойгоҳи мустаҳками шартномавиву ҳуқуқӣ такя мекунанд, ки беш аз 370 ҳуҷҷатро дар бар гирифта, асоси мустаҳками рушди бомуваффақияти минбаъдаи ҳамкориҳои муфиди тарафайн ва дарозмуҳлат, шарикии бисёрҷанба барои пешрафт ва шукуфоии халқҳои Ӯзбекистон ва Русия мебошанд.
Муҳимияти ҳамкории тарафайни Ӯзбекистон ва Русия ҳам дар пояи дуҷониба ва ҳам дар доираи иттиҳодияҳои байналхалқӣ татбиқ мегардад, ки бояд аз нуқтаи назари тағйироти ҷории байналхалқӣ аз ҷониби «ҷаҳони ҷануб» барои ташаккул додани олами бисёрқутба баҳри ҳифзи эътидоли ҷаҳонӣ ва муваффақ шудан ба ҷомеаи одили фарогир  баррасӣ карда шавад.
Мушоҳидон бар онанд, ки натиҷаҳои ташриф, бидуни шубҳа, аз доираи ҷиҳати дуҷониба ва ҳатто минтақавӣ берун мебарояд ва дар сатҳи байналхалқӣ таъсир мерасонад.
Таҳлилгари Эрон, коршинос оид ба кишварҳои Кавказ ва Осиёи Марказӣ Умед Раҳимӣ:
– Муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Русия ҷиҳати стратегӣ пайдо карданд. Кишварҳо аз эътидол ва амният дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар Афғонистон манфиатдор мебошанд. Ду давлат метавонанд амнияти сарҳадҳои ҷанубии минтақаро кафолат диҳанд ва дар доираи стратегияи дарозмуҳлат ба таҳкими амният аз тариқи лоиҳаҳое чун Гузаргоҳи трансафғонӣ мусоидат намоянд.
Бояд дар хотир дошт, ки Русия аз шарикони асосии иқтисодии Ӯзбекистон ва самтҳои муҳимтарини содиротии он ба шумор меравад. Соли 2023-юм, дар шароити мураккабтарини иқтисодӣ, содироти Ӯзбекистон ба Русия 5 фоиз зиёд гардид ва аз 3,3 миллиард доллар гузашт.
Ин муҳимияти иқтисодиётро дар муносибатҳои мазкур нишон дода, асоснокии қарорҳои ҳукумати Ӯзбекистонро бобати мушоҳиди Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё гардидан тасдиқ менамояд. Ташаббусҳои Президент Шавкат Мирзиёев дар мулоқоти ба қарибӣ суратгирифтаи сарони давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё, ки дар Маскав баргузор шуд, барои мустаҳкам гардидани ҳамкориҳои тарафайн бо Русия дар соҳаи иқтисодиёт такон бахшиданд.
Корманди илмии Пажуҳишгоҳи миллии тадқиқоти стратегии назди Президенти Қирғизистон Шердил Бактигулов:
– Бист сол муқаддам моҳи июни соли 2004-ум дар Тошканд Ӯзбекистон ва Русия Муоҳида дар бораи шарикии стратегиро имзо карданд, ки аз ҳуҷҷатҳои асосии байнидавлатӣ гардид ва появу самтҳои ин шарикиро таъин кард.
Яке аз нишондиҳандаҳои рӯзафзуни ҳамкорӣ савдо ба шумор меравад, ки аллакай аз даҳ миллиард доллари ИМА убур кардааст.
Пешрафти кооператсионии ду мамлакат дар бисёр самтҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, муҳандисии кимё, таълим, нақлиёт, инфрасохтор, хоҷагии қишлоқ ва ғайра пешбинӣ мегарданд. Иқтисодиёти Ӯзбекистон ва Русия якдигарро сарпур мекунанд. 
Ташрифи давлатии Президент Владимир Путин ба Ӯзбекистон пас аз нав интихобшуданаш дар моҳи марти соли 2024-ум аҳамияти махсус дорад. Дар нутқи инаугуратсионии худ моҳи майи соли равон Владимир Путин афзалиятҳои роҳи сиёсати хориҷии Русияро дар таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ маънидод намуд.
Президент Шавкат Мирзиёев ҳанӯз соли 2016-ум бартарии ҳамкориро бо минтақаҳои ҳамсоя эълон карда буд. Тавре ки мушоҳида мекунем, ҳар ду Президент дар соҳаи сиёсати хориҷӣ муносибатҳои ҳаммонанди стратегӣ доранд.
Зиёда аз он Ӯзбекистон шарики стратегӣ ва тифоқии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Муносибатҳои байни ду мамлакат бо мулоқоти муътамади сиёсӣ тасбит мешаванд ва ҷиҳати дӯстона доранд. Мулоқоти байниҳукуматӣ хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Созмон додани Комиссияи муштарак дар сатҳи сарони давлатҳои ҳар ду давлат аз ин дарак медиҳад. Дар доираи Комиссияи муштарак саъю кӯшишҳои мувофиқ бинобар тамоми маҷмӯи масъалаҳои фаъолияти дуҷониба татбиқ карда мешаванд.
Тавре ки мебинем, муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Русия ҷиҳати муътамад доранд, Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин бошанд, шарикони боэътимод маҳсуб меёбанд. Бинобар ҳамин ҳам таҳти роҳбарии сарони ду давлат шарикии стратегӣ бобати ҳамоҳангсозии ҳаракатҳои байни Ӯзбекистон ва Русия ҳоли ҳозир даврони беҳтарини таърихии худро аз сар мегузаронад. Ин хеле муҳим аст, чунин ҳамкорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқҳои Ӯзбекистон ва Русия барои беҳтар намудани некуҳолии халқҳои тамоми Осиёи Марказӣ низ таъсири хуб дорад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: