НАВБАТ БА МАРҲАЛАИ ҶУМҲУРӢ

Имрӯзҳо дар кишварамон ба китобу китобхонӣ эътибори зиёд дода мешавад.

Дар ин ҷода аз тарафи Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон гузаронидани мусобиқаи «Китобхони ҷавон» нақши муҳим мебозад. Оре, ҳар ҷавон барои иштирок намудан дар мусобиқаи номбурда ҳамаҷониба тайёрӣ мебинад. Вақти холӣ бештар бо мутолиаи китоб машғул шуда, дониши худро ғанӣ мегардонад.
Ба қарибӣ дар «Маркази ҷавонон»-и шаҳри Намангон, марҳалаи вилоятии мусобиқаи «Китобхони ҷавон» ба охир расид. Дар мусобиқа аз ҳама ноҳияҳои вилоят ғолибони марҳалаи ноҳиявии мусобиқа иштирок намуданд.
Иштирокчиён аз рӯйи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии адибони маҳаллӣ, ҷаҳон ва аҳамияти ҳозираи онҳо, чӣ гуна соҳиби дониши баланд будани худро намоён карданд.
Дар ҷамъбасти озмун байни иштирокчиёни 15 ва 19-сола хонандаи мактаби таълими ҳамагонии рақами 39-уми ноҳияи Тӯрақӯрғон Моҳира Мунавварова аз ҳама зиёд хол ҷамъ оварда, сазовори ҷойи якум гардид. Байни иштирокчиёни 10 ва 14-сола ҷойи якум ба хонандаи мактаб-интернати ихтисосонидашудаи давлатии рақами 7-уми ноҳияи Чуст Саидкамол Абдулҳакимов насиб гашт.
– Камина ба мусобиқаи номбурда ҳамаҷониба тайёрӣ дидам. Ҳатто рӯзҳои таътили тобистона, дар маҳфили «Китобхони ҷавон»-и мактаб иштирок намудам. Ин меҳнатҳо натиҷаи худро дод, ки ниҳоят пирӯз шудам.
Ғолибон барои иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуриявии «Китобхони ҷавон» роҳхат гирифтанд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: