НАВБАТ БА МАРҲИЛАИ ҶУМҲУРӢ

Бо ташаббуси Президент тарғиби китобхонӣ ба қисми таркибии сиёсати давлатӣ табдил ёфт.

Қарору фармонҳои роҳбари давлат водор намуд, ки муносибати халқамон ба хазинаи маънавӣ - китоб тағйир ёбад. Дар маҳалҳо «Китобхонаи халқ» ба фаъолият шурӯъ карда, барои мутолиаи китоб имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуд. 
Дар кишварамон ҳар сол гузаронидани озмуни «Китобхони ҷавон» ба ҳукми анъана даромада, ғолибон бо мукофотҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.
Чанде пеш дар китобхонаи Иттифоқи касабаи вилояти Намангон марҳилаи вилоятии озмун-азназаргузаронии «Китобхони ҷавон» баргузор гардид. Дар он ғолибони ноҳиявии озмун иштирок карда, аз рӯйи ду шарт маҳораташонро имтиҳон карданд.
Дар ҷамъбасти озмун байни иштирокчиёни 10-14-сола хонандаи мактаб-интернати ба номи Исҳоқхон Тӯра Ибрат Дилобар Маҳмудова 160,25 хол ҷамъ оварда, ҷойи якумро ба даст овард.
Байни иштирокчиёни синни 15-19-сола хонандаи мактаби таълими ҳамагонии рақами 42-юми ноҳияи Янгиқӯрғон Мирҷалол Сотиволдиев 139,5 хол ҷамъ оварда, ба ҷойи якум ноил гардид.
Аз рӯйи иштироккунандагони синни 20-30-сола донишҷӯи Донишгоҳи коммуникатсияи оммавӣ ва журналистикаи Ӯзбекистон аз ноҳияи Косонсой Назокат Ҷабборова 144 хол ҷамъ оварда, аз шоҳсуфаи ғолибон ҷой гирифт. Ғолибон дар марҳилаи ҷумҳурии озмуни «Китобхони ҷавон» иштирок мекунанд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: