НАВБАТИ “БАШИР” АСТ

Маконҳои сайёҳӣ

Интизор меравад, ки боз як деҳа дар вилояти Қашқадарё ба сифати маскани сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ шинохта шавад. Ин деҳа Башир ном дошта, дар ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё воқеъ гардидааст. Қаблан деҳаи Варганзаи ин қаламрав ба мақоми мазкур ноил гардида буд.
Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Башир” Тӯйчӣ Муродов гуфт, ки бо пешниҳоди гурӯҳи фаъолон ва ҷонибдории Идораи туризми қаламрав дар дастури ҳокимияти вилоят сабт гардид, ки ба деҳаи Башир мақоми сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ дода шавад. Раҳбарияти вилоят аз ин иқдом ҷонибдорӣ карданд ва таъкид мегардад, ки рӯзҳои наздик санади расмии он интишор шавад. Аҳли деҳа аз ин иқдоми ҳукумат хеле мамнунанд. Онҳо барои пазироии ҳарчӣ хубу ба таври шоистаи меҳмонон – зиёратчиҳо ва сайёҳони хориҷиву ватанӣ чандин лоиҳаи ҷолиби диққатро рӯи даст доранд. Аз ҷумла, афзудани шумори меҳмонхонаҳои оилавӣ бо шароити хубу таҷҳизоти замонавӣ, нуқтаҳои фурӯши маҳсулот ва ошхонаву тарабхонаҳои ҷавобгӯи меъёр аз ҷумлаи онҳост. Айни ҳол дар деҳаи Башир зиёда аз 10 меҳмонхонаи оилавӣ фаъолият доранд, ки соли 2022 ба сайёҳон хидмати хуб карданд. Имсол дар нақша ҳаст, ки шумори чунин масканҳо ба маротиб афзуда шавад. Раиси ҷамоа таъкид кард, ки соли гузашта аз ҳисоби туризми зиёратӣ 500 миллион сӯм ба буҷаи ҳукумат ворид карда шуд  ва тӯли сол деҳаи Баширро зиёда аз 400 ҳазор сайёҳ зиёрат карданд. 
Зоирон аксар барои зиёрати қабри Хоҷаи Башир меоянд, ки он дар мавзеи хушманзари кӯҳистон ҷой гирифтааст. Ин мазор бо номи Ҳазрати Султон Хоҷа Саиди Аҳмади Башир шӯҳрат дорад ва яке аз саидзодагони машҳури замони худ будааст. Номбурда солҳои 1368 – 1464 дар ин макон зиставу дар синни 96-солагӣ ба хоби абад рафтааст. Чандин садсола ин ҷониб қабри вай макони зиёрати мардуми эътиқодманди қаламрав мебошад. Ин маскани пок на танҳо бо табиати дилфиребаш, балки бо таърихи басо ҷолибаш мавриди таваҷҷуҳи зоирон ва сайёҳони хориҷӣ мешавад.
Нақл мекунанд, ки Хоҷа Ҳасан, падари Аҳмади Башир 90 сол умр дида, ҳанӯз фарзанде надоштааст. Он айём модари ӯ Бибималоҳат низ ба синни 80 даромада ва даст аз орзуи фарзанддор шудан шуставу басо ноумед мезистааст. Рӯзе Саид Неъматуллоҳ, бародари Саид Барака – пири Амир Темур, аз роҳи Самарқанд ба ин мавзеъ расида, Хоҷа Ҳасан ва завҷаи ӯро дуои неке мекунад ва аз баракати дуои ин марди фозил Худованд ба ин оила фарзанде ато мефиристад, ки минбаъд ӯ бо номи Ҳазрати Башир машҳур мегардад. Аммо чун тифл ба дунё меояд, дар он синну сол синаҳои модар – Бибималоҳат бешир будаанд. Вожаи “бешир”-ро минбаъд “башир” талаффуз кардаву чун кунияти кӯдак истифода кардаанд. Баъд, бо мӯъҷизаи худовандӣ дар ҳавлии онҳо чашмае пайдо мешавад, ки ба ҷои об шир ҷорӣ мегардад. Шир аз чашма то замони ширхорагии кӯдак ҷорӣ будааст. То ҳол оби ин чашмаи мусаффо ба ихлосмандон чун шифо хидмат мекунад – менӯшанд ва бо худ мебаранд.
Қабри Хоҷаи Башир дар гузари Ниёзтеппаи деҳа воқеъ аст. Ривоят мекунанд, ки Хоҷа барои муайян кардани манзили охирати худ асоашро ба ҳаво партофта ва гуфтааст, ки ҳар ҷо фуруд ояд, он ҷо ҷасади ӯро ба хок супоранд. Асои Хоҷа ба Ниёзтеппа меафтад. Аммо мӯъҷиза дар он аст, ки асои пир ба замин бо нӯкаш фурӯ рафта ва минбаъд сабз шудаву дар шакли як дарахти бузург то имрӯз маҳфуз мондааст. Ҳоло ин ҷо арчаи бузурге вуҷуд дорад, ки қисми болоии танаш васеъ ва қисмати дар хок пинҳонаш борик аст. Ҳамин шакли дарахт ҳам диққати аксари сайёҳонро ба худ кашида, ба дидани ин макон шавқманд месозад.
Тӯйчӣ Муродов гуфт, ки деҳаи мазкур аз маркази ноҳияи Китоб дар дурии 25-30 километр ҷой гирифтааст ва ҳоло ин масир навсозӣ шудаву ба талаботи замон ҷавоб медиҳад. Ҷамоат аз шаш деҳа иборат буда, дар он 4840 нафар аҳолӣ умр бар сар мебаранд ва фарзандони онҳо дар се мактаби миёна (рақамҳои 56, 57, 58) таълимро ба забони давлатӣ мегиранд. Ин макон саргаҳи рӯди Қашқадарё буда, аз ду соҳили ин дарёчаи шӯхоб мардум барои пазироии сайёҳон зиёдтар аз 100  манзили ҷавобгӯи меъёр бунёд кардаанд. Имсол маҳаллаи “Башир” омода аст, ки ба 700 ҳазор сайёҳу зиёратгар мизбонӣ кунад. 
– Туризми зиёратӣ ба некӯаҳволии мардуми минтақа мусоидат намуда, боиси ҷалби беш аз пеши сармояҳо мегардад. Сохта шудани масканҳои тафреҳӣ низ дар нақша ҳаст, ки метавонанд як қисми мардуми бекорро бо ҷои кор таъмин созанд, – гуфт Т. Муродов.– Аммо набояд ин амалҳо ба фарҳанги мардуми таҳҷоӣ хисорот оварад. Одобу русуми мо, ки тӯли садсолаҳо ташаккул ёфтаву то имрӯз маҳфуз мондааст, бояд дар ҳамин шакли ҷаззоб ба наслҳои оянда бирасад.   

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: