НАВБАТПОИҲО ДАР САРҲАД МАСЪАЛАИ ХУРД НЕСТ!

Сафари кории Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Фарғона, ки моҳи июли соли равон ба вуқӯъ пайваст, интизориҳои зиёди мардуми вилоятро бароварда сохт.

Яке аз навгониҳое, ки маҳз баъди ин ташриф рӯи кор омад, барои бисту чор соат фаъол гардидани гузаргоҳҳои марзиву гумрукии байни Ӯзбекистону Қирғизистон дар масири Фарғона – Шоҳимардон мебошад. 

Қобил ба ёдоварист, ки зимни ташрифи давлатии Президенти Қирғизистон Садир Ҷапаров ба Ӯзбекистон сарварони ду давлат 16 ҳуҷҷати ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки бар асоси он ба шартномаи байнидавлатӣ оид ба равуои шаҳрвандони ду кишвар тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Ҳоло ҳалли мушкилоти равуо аз тариқи гузаргоҳи «Водил»–«Қадамҷо», ки маркази маъмурии ноҳияи Фарғонаро бо деҳаҳои эксклави Шоҳимардону Ёрдон васл менамояд, боиси шодиву нишоти мусофирони зиёд гардидааст.
– Шоҳимардону Ёрдон барин минтақаи ҷаннатмакони вилоятамон тайи ду даҳсолаи охир ба гӯшаи фаромӯшиҳо рафт. Ҳатто бисёриҳо аз мавҷудияти чунин ҷои биҳиштосо хабар надоштанд. Дар ин рӯзҳои шодиву нишот тамоми гарду ғуборе, ки тайи ду даҳсола дар ҷисму ҷони мардуми мо маъво гирифта буд, якбора нопадид шуд. Барои фароҳам овардани чунин имконият ба сарвари давлатамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз номи мардуми Шоҳимардон ва Ёрдон самимона минатдорӣ баён мекунам,–мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Шоҳимардон» Икром Абдухолиқов. – Шурӯъ аз 26 июли соли равон гузаргоҳҳои «Водил» ва «Оқ қия» дарвозаҳои худро барои 24 соат ба рӯи мусофирону меҳмонони мо боз намуданд. Минбаъд навбатпоиҳои дуру дароз такрор нахоҳанд шуд.
– Солҳои зиёд аст, ки дар яке аз осоишгоҳҳои Шоҳимардон истироҳат мекунаму саломатиамро барқарор месозам. Акнун вазъият ба куллӣ тағйир ёфтааст. Шабонарӯзи дароз фаъол шудани гузаргоҳҳои марзиву гумрукӣ дастоварди хеле бузург дар ҳашт соли ахир мебошад, ки маҳз ба сайъ ва кӯшишу раҳнамоии Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев рӯи кор омадааст, – мегӯяд бо ифтихор мусофире, ки худро Шарофиддин Акрамов муаррифӣ намуд.
Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо ҳарчанд дар осоишгоҳ тамоми шароити лозима фароҳам оварда шудааст, вале ҳавои софу беғубор ва салқин, обҳои шаффофу каб-кабуд, ки аз зери замин мисли вулқон фаввора зада мебароянд ва ба поён ҷорӣ шуда, як рӯди пурмаҷроро ташкил мекунанд, инчунин табиати ҷаззобу мафтункунанда ва басо сеҳрноки он барои вай барин сокини шаҳри ҳавояш пур аз заҳру ғубор ва гард доруву давои табиист.  
Дарвоқеъ, зимни музокироти байни президентҳо масъалаи ба гузаргоҳҳои «Водил» ва «Оқ қия» додани мақоми байналмилалӣ матраҳ гардид. Агар масъала мусбат ҳал шавад, чи аз мамолики дуру чи аз мамолики наздик ҳар шаҳрванд метавонад озодона ба деҳаҳои Шоҳимардон ва Ёрдон сафар кунад ва аз табиати гуворои он баҳра барад. 
Ҳоло мо меравем ба посгоҳи «Риштон» (Ӯзбекистон) ва «Қайтпас» (Қирғизистон), ки ноҳияҳои Риштон ва Сӯхи вилояти Фарғонаро аз тариқи минтақаи Бургандӣ ва як қатор деҳаҳои марбути ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент васл мекунанд.
Посгоҳи «Риштон» ва «Қайтпас» дар ҳамин ҳол аз соати 7-и субҳ то 10-и шаб фаъол аст. Замоне пеш омад, ки дарвозаҳои ин ду посгоҳ 8 солу 3 моҳ ба рӯи мусофирон баста буд. Одамони зиёд маҷбур шуданд, ки ба ҷои тақрибан роҳи 20 километрии байни Сӯх ва Риштон се баробар бештар масофаро тай намоянд. 
Пас аз сафари якуми расмии Президент Садир Ҷапаров ба Ӯзбекистон, ки соли 2021 ба вуқӯъ пайваст, дар равобити ду кишвари ҳамҷавор нармиҳо эҳсос гардид. Метавон гуфт, ки бо ба сари қудрат омадани Ҷапаров муносибатҳои Ӯзбекистону Қирғизистон аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав баромада, доираи ҳамкориҳои байни ду кишвар дар ҳама самт рӯ ба нумӯъ ва густариш оварданд. Аммо ҳанӯз мардуми зиёд бо муроҷиатҳои пай дар пай аз мақомоти ду кишвар дархост мекунанд, ки дар мавриди вақти кори посгоҳи  «Риштон» ва «Қайтпас» таҷдиди назар сурат гирад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин муроҷиат ва шарҳу тафсирҳоро хеле зиёд дучор шудан мумкин аст. 
– Баъзан ба далели ғайрифаъол гаштани дастгоҳҳои компютерӣ дар посгоҳҳои марзии «Қайтпас» ва «Ӯтикчи»-и Қирғизистон мусофирони зиёд соатҳо дар ҳавои гарми тобистон ё сармои зимистон навбат поида мешинанд. Қатори мошинҳоро дида кайфи сари одам мепаррад. Марзбонони кишвари ҳамсоя бо баҳонаҳои ночиз ҳуқуқи шаҳрвандони моро зери суол қарор медиҳанд. Агар ҳарфе гуфта эътироз кунӣ, онгоҳ ба ҳолат маймунҳо гиря хоҳанд кард. Маҷбур хоҳӣ шуд, ки барои чунин «ҷасорат» вақти худро чанд соат ба ройгон гузаронӣ. Чаро чунин муносибат касе аз мақомоти маҳаллиро ба ташвиш намеоварад?! – меафзояд дар шабакаи иҷтимоӣ Субҳон Исоев. 
Ба таъкиди ӯ Президенти мамлакат ба ҳокимони маҳаллӣ дастур дод, ки масъалаҳои мубрами марбут ба марз ва ҳалли масъалаҳои дигарро бо мақомоти кишварҳои ҳамсоя мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Исоев мегӯяд, ки вақти ягон чорабинӣ намояндагони кишвари ҳамсоя бо карру фарри зиёд истиқбол гирифта мешаванд ва бо арҷу эҳтиром гусел мешаванд. Вале ҳамин ки гап сари масъалаву мушкилоти марз ояд, ҳама ба даҳонаш об гирифтаву касе садо баланд намекунад. 
– Сарвари давлатамон айнан чунин гуфтанд: «Ба тавофуқ расидем, ки кори шӯрои ҳокимони вилоятҳои наздимарзиро фаъолтар гардонем». Ин ҳарфи Шавкат Миромонович  бар ин маънист, ки шурои мазкур дуруст фаъолият накардааст ва дар ҳалли масъалаҳо иқдом нанамудааст. Магар вақти он нарасидааст, ки вақти кории гузаргоҳҳои Сӯх – Риштон ҳадди ақал дароз карда шавад ва мардуми зиёд аз мушкилоти навбатпоиҳо раҳоӣ ёбад? – мегӯяд Исоев.
Рӯзмарра посгоҳҳои марзиву гумрукии «Тӯл»–«Ӯтикчи» ва «Қайтпас»–«Риштон»-ро садҳо сокини Сӯх, деҳаи эксклави Чунғараи ноҳияи Риштон ва кормандони идораҳои гуногун мегузаранд. Онҳо ба маркази вилоят ва ё соири шаҳру ноҳия-ҳои ҷумҳурӣ – Тошканд, Самарқанд ё Бухоро ва амсоли он сафар мекунанд: кадоме ба аёдати бемор ба шифохона меравад, дигаре дар маркази ташхис худро муоина мекунад, савумӣ барои хариди маҳсулоти мавриди эҳтиёҷ рӯ ба бозор меоварад, ҷавонон барои таҳсил ба муассисаҳои оливу миёнаи махсус мешитобанд ва ғайра.
Омили дигаре, ки одамони зиёдро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ менамояд, набудани шароит дар посгоҳҳои марзиву гумрукии «Тӯл»–«Ӯтикчӣ» ва «Қайтпас» – «Риштон» мебошад. Дар ин гармо шояд одам коре кунад, ки аз офтоб паноҳ ёбад. Аммо чанд моҳ мегузараду боридани борону барф оғоз меёбад. Дар байни мусофирон ҳамеша одамони синнашон бузург ва занону кӯдаконро дучор шудан мумкин аст. Дар чунин ҳол онҳо дар куҷо аз барфу борон паноҳ хоҳанд ҷуст? Чаро солҳо ин масъала касеро ба ташвиш намеоварад? Ё ин масъалаи хеле хурду реза аст, ки наметавонад боиси нигарониҳои курсинишинони маҳаллӣ бошад?!
Мардум тайи ду даҳсолаи гузашта мунтазири беҳбуди робитаҳои байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон буданд. Ахиран бо иродаи сиёсии Президент Шавкат Мирзиёев дар ин самт қадамҳои ҷиддӣ бардошта шуданд. Президенти Қирғизистон Садир Ҷапаров низ ба иқдомоти наҷиби сарвари давлатамон ҳамовозӣ менамояд. Мардуми Сӯх ибрози умедворӣ мекунанд, ки дар посгоҳҳои марзии «Ӯтикчӣ» ва «Қайтпас» низ теъдоди бештари равзанаҳо кушода мешаванд ва масъалаҳои марбут ба навбатпоиҳои дарозмуддат аз байн мераванд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: