Шаҳри Тирмизи куҳан имрӯз ҳамқадами замон аст.
Биноҳои баланди серошёна, иншоотҳои муҳташам ба шукуҳи шаҳар афзуда, баробари ин ба рушди фаровонии ҳаёти мардум хидмат мекунанд.
Дар соли гузашта дар мавзеи Фаровони шаҳр 2 бинои 7 ошёна, 5 бинои 9 ошёна сохта ба истифода супурда шуд. Дар натиҷа 690 оила соҳиби хонаву ҷо гардид. Албатта, барои ин миқдор аҳолӣ ташкил ёфтани ҷойи кор ва хидматрасонӣ муҳим аст. Бо ин мақсад хонаҳои ошёнаи якуми биноҳои серошёнаро барои фаъолияти нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ супурда истодаанд. Аз ҷумла, барои 690 оила 57 нуқтаи савдо ва хидмати маишӣ барпо гардида, дар ҳар яки онҳо 5 тоӣ ҷойи нави кор созмон ёфтанд.
Корҳои бунёдкорӣ соли ҷорӣ низ идома ёфта, дар мавзеъҳои Фаровон 27, Тупроққӯрғон ва Саховат 38 бинои истиқоматҳои серошёна бунёд мегарад.
Дар акс: биноҳои серошёнаи истиқоматии мавзеи Фаровони шаҳри Тирмиз.
Аксбардор: Ҷ. ҚӮЗИМУРОДОВ. ӮзА.