НАВГОНИҲОИ СОҲАИ ТАЪЛИМ

Солҳои охир бо ташаббус ва саъю кӯшишҳои Президент дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла таълими халқ, дигаргуниҳои назаррас рӯй доданд, қарору фармонҳои таърихӣ қабул карда шуданд.

Солҳои охир бо ташаббус ва саъю кӯшишҳои Президент дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла таълими халқ, дигаргуниҳои назаррас рӯй доданд, қарору фармонҳои таърихӣ қабул карда шуданд. Хусусан, ходимони муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва таълими олӣ – мураббиён, омӯзгорон, устодони донишкадаву донишгоҳҳо, ҳатто одамони оддӣ ин дигаргуниҳоро мебинанд ва ҳис мекунанд. Дар натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёс дар соҳаи таълими халқ ва корҳои амалии зиёд маълум шуд, ки таълими нуҳсола ба фоидаи давлату ҷамъият набудааст, бисёрии хатмкардагони коллеҷҳои касбу ҳунар донишҳои гирифтаашонро дар истеҳсолот ба амал татбиқ карда натавонистанд, дар ин соҳа камбудиву норасоиҳои зиёд ба назар расиданд.
Аз ин рӯ, омӯзгорони мактабҳои миёнаи умумӣ, падару модарон ва ҷомеаи васеъ фармони сарвари мамлакатро дар бораи ҷорӣ кардани таълими ёздаҳсола хуш қабул карданд.
Инсон дар ҳамаи асру замон ба таълиму тарбия ниёз дорад. Агар ба гузаштаи дуру наздики халқамон нигоҳ кунем, мебинем, ки фарзандони аҷдоди мо дар мактабҳои гуногун таълиму тарбия гирифтаанд. Кас ҳаёту фаъолияти намунаи ибрати аҳли илму адабро пеши назар оварда, ҳайрон мемонад, ки онҳо дар мактабҳои тангу тор дар равшании шамъу чароғ бо кадом усул таълиму тарбия гирифта бошанд, зеро шеъру ҳикоя, қиссаҳои аҷоиб ва рисолаҳои илмиашон аз нигоҳи мантиқ ва тарзи баён камбудие надоранд. 
Имрӯз ҳамаи шароити таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст, омӯзгорони маълумоти олидор дар синфхонаҳои васеъ ва равшан ба талабаҳо дарс медиҳанд, вале мебинем, ки баъди номаи камол гирифтан на ҳамаи хонандагони мактабҳо мустақилона ҷумлаеро дуруст навишта метавонанд...
Ҳаёт нишон дод, ки бисёрии коллеҷҳои касбу ҳунар натиҷаи дилхоҳ надоданд. Баъзе коллеҷҳо дур аз мавзеъҳои аҳолинишин сохта шуданд. Хатмкардагони синфи 9-ум, ки ҳанӯз дасти чапу росташонро намешиносанд, ба рафтуомад ба коллеҷҳои касбу ҳунар душворӣ кашиданд, чунин ба назар мерасид, ки умрашон дар коллеҷҳо беҳуда мегузарад, тарбияи баъзе ҷавонон, хусусан духтарон, хуб ба роҳ монда нашуд, ба маънои пуррааш соҳиби касб шуда натавонистанд, бекорӣ зиёд шуд, ба тарбияи ахлоқиашон, ки онҳо дар айни камолотанд, низ таъсири манфӣ расонда шуд. 
Ҳарчанд аз низоми таълими он солҳо аксарият норозӣ буданд, дар ёду хаёли ҳеҷ кас намеомад, ки дар соҳа ин қадар дигаргуниҳо рӯй медиҳанд. Ҳазор раҳмат ба роҳбари давлатамон, ки талабу дархостҳои аҳолиро ба назар гирифта таълими ёздаҳсоларо ҷорӣ кард. Ҳоло мо мебинем, ки талаб дар мактабҳо дигар хел аст, хонандагон оҳиста-оҳиста ба китобхонӣ рӯ меоваранд, асосҳои илмро чуқуртар меомӯзанд, омӯзгорон ба корҳои ҷамъиятӣ, ҳар гуна ҳашар ҷалб карда намешаванд, акнун вазифаи шогирдони онҳо танҳо аз хондан иборат аст.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки пешрафти ҷамъияту давлат ба ҷавонони босавод вобастагии зиёд дорад. Ҷавонони соҳиби донишро бошад, мактабҳо тайёр мекунанд. Сарвари мамлакатамон қариб дар ҳамаи баромадҳои худ мегӯяд, ки ҷавонони огоҳу донишманд ояндаи мамлакатанд.
Солҳои охир дар асоси қарору фармонҳои роҳбари давлат чандин маротиба маоши омӯзгорони мактабҳои миёнаи умумӣ зиёд карда шуд. Албатта, дар баробари ин масъулияти онҳо низ зиёд  мешавад. Президентамон ҳар сол мураббиён ва омӯзгорони мамлакатро бо иди касбиашон табрик менамояд. Дар ин гуна табрикҳо талаби замон низ инъикос меёбад. Дар табрики имсолаи ӯ ин суханонро хондем, ки масъулияти аҳли маорифро боз ҳам афзун мекунад: «Омӯзгори имрӯза бояд мутахассиси универсал бошад, ҳам омӯзад, ҳам омӯзонад, яъне дар бораи худ муттасил кор кунад, доимо ҷӯяд. Аз ҳама муҳимаш, омӯзгор бояд ватанпарвари ҳақиқӣ бошад, бояд ҳамкории оила, мактаб ва маҳалларо мустаҳкам кард»...  
Дар ду-се соли охир обрӯйи ҷамъиятии омӯзгор баланд бардошта шуд. Ин суханони роҳбари давлат «Дар Ӯзбекистон бояд инсони баобрӯтарин муаллим бошад» омӯзгорони асили мамлакатро ба ояндаи мактабу маориф дилгарм сохт. Қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба таъсис додани мактабҳои президентӣ» дар роҳи таълиму тарбия қадаме ба пеш шуд. Ҳоло дар ин мактабҳо садҳо хонандагони болаёқат таҳсил мекунанд. Солҳои охир дар мамлакат бисёр мактабу кӯдакистонҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Ин ҷараён давом дорад. 

Ирода ЭРМАТОВА,
муаллимаи мактаби рақами 44-уми ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: