Воситаҳои самарадории таълим, пеш аз ҳама, барномаи мукаммали таълимӣ, китоби дарсӣ ва тавсияҳои услубӣ ба шумор мераванд.
Дар таълими ҳамагонӣ ташкил шудани синфҳои 10-11-ум ва дар муддати кӯтоҳ таҳияи барнома ва китобҳои дарсӣ як қатор душвориҳо пеш овард. Ба ин нигоҳ накарда, олимону донишмандони зиёде ба ин кори пурмасъулият ҷалб карда шуданд. Китобҳои дарсии синфи 11 барои соли хониши 2018-2019 то имрӯз ба пуррагӣ ба нашр омода гардида, то оғози соли таҳсил дастраси омӯзгорону донишомӯзон мегардад. Қариб ҳашт ҳазор нафар донишомӯзон ба синфҳои 11-уми мактабҳои тоҷикӣ гузаштанд.
Мувофиқи фармоиши вазири таълими халқи ҷумҳурӣ аз 27-июли соли 2018 таҳти рақами 191 «Дар бораи тасдиқи нақшаи такягоҳии таълимӣ барои синфҳои I-XI мактабҳои таълими миёнаи умумӣ дар соли таҳсили 2018-2019» барнома ва нақшаҳои таълимӣ пешниҳод карда шуд.
Адабиёт фанни инсоншиносӣ ва тарбияи рӯҳӣ буда, дар давраи ба балоғат расидани шогирдон боз ҳам нақши муҳим мебозад. Бо воситаи образҳои бадеӣ дар шуури донишомӯзон фазилатҳои беҳтарини инсониро ривоҷ дода, хислатҳои баду зиштро маҳкум кардан яке аз вазифаҳои муҳимтарини ин фан буда, аз омӯзгор маҳорат ва дониши амиқ талаб менамояд. Мақсад аз омӯзиши адабиёт тӯтисон азёд кунонидани чанд байт, шеър ё соли таваллуду вафоти шоир ё нависанда нест. Бояд омӯзгор тавассути каломи бадеъ ва қаҳрамонҳои асари бадеӣ дар дили донишомӯзон ҳисси инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, адолатхоҳӣ ва поквиҷдонию ростқавлиро бедор намояд. Китоби дарсии «Адабиёт»-и синфи 11 (Ҷ.Ҳамроев, О.Давлатов ва Х.Ҳамидов) бо диди нав таълиф шудааст ва бештар хусусияти таҳлилӣ дорад. Дар баробари ин, муаллифон бар он кӯшидаанд, ки ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоиру нависандагонро бо шароити муҳит, сохти ҷамъиятӣ ва давру замон таҳлил намуда, асарҳояшонро нақд намоянд. Китоб аз «Муқаддима», бобҳои «Адабиёти навини тоҷик», «Адабиёти тоҷики Ӯзбекистон дар замони Истиқлол», «Адабиёти ӯзбек» ва «Адабиёти ҷаҳон» иборат аст.
Дар боби «Адабиёти навини тоҷик» доир ба ҳаёту эҷодиёти 16 нафар адибони забардасти тоҷик – Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Саттор Турсун, Фарзона, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад ва Баҳманёр маълумот дода шудааст.
Дар боби «Адабиёти тоҷики Ӯзбекистон дар замони Истиқлол» дар хусуси ҳавзаҳои адабии кишварамон, ташаккули назм ва наср дар адабиёти даврони Истиқлолият сухан меравад. Муаллифон адабиёти давраи истиқлолро шартан ба ду давра тақсим кардаанд: 1) аз соли 1991 то соли 2000; 2) аз соли 2001 то имрӯз.
Дар давраи аввал адабиёти тоҷик дар ин сарзамин ба сифати шохаи мустақил ба вуҷуд омада, шакл гирифта бошад, дар давраи дуюм аз ҳар ҷиҳат ташаккул ёфта, мавриди тарғибу таҳлил қарор гирифтааст. Дар ин боб муаллифон кӯшиш намудаанд, ки дар бораи намояндагони ҳавзаҳои адабии мамлакатамон маълумоти мухтасар оварда, ба таври фишурда дар хусуси ташаккули назму насри ин ҳудудҳо сухан гӯянд ва аз эҷодиёти баъзе намояндагони он намунаҳо оварда шудааст.
Дар боби «Адабиёти ӯзбек» дар бораи ду адиби забардасти он – Эркин Воҳидов ва Ӯткир Ҳошимов маълумот ва аз эҷодашон намунаҳо оварда шудааст. Дар боби «Адабиёти ҷаҳон» бошад, ба зиндагӣ, эҷод ва намунаҳои осори намояндаҳои барҷастаи адабиёти ҷаҳон Иоҳанн Волфганг Ҳёте ва Сергей Есенин бахшида шудааст.
Китоби дарсии «Забони тоҷикӣ»-и синфи 11 (М.Кабиров, Т.Чориев ва Х.Ҳамидов) ба маданияти сухан бахшида шудааст. Маданияти сухан яке аз қисмҳои асосии фанни забоншиносӣ аст. Омӯзонидани он ба шогирдон хеле зарур ва муфид аст. Чунки донишомӯзон бояд аз маданияти сухан хабардор гардида, фикрашонро озодона баён карда тавонанд. «Суханварӣ ва таърихи пайдоиши он», «Суханварӣ ва нигориш», «Асрор ва маданияти суханварӣ», «Латофати табъ ва риояи одоб дар санъати суханварӣ», «Меъёри сарфию наҳвии забон ва ҳусни баён», «Риояи мантиқи сухан», «Салосати сухан», «Ғановати сухан» барин мавзӯъҳо дар ин китоб мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Қайд намудан бамаврид аст, ки китобҳои дарсии фанҳои дигар ҳам тарҷума шуда, нашр гардиданд. Дар онҳо навтарин дастовардҳои илму техника ва санадҳои муҳими таърихӣ ҷой гирифтаанд.
Барои донишомӯзони синфҳои 1-ум, 2-юм, 4-ум ҳам китобҳои дарсӣ бо такмилу таҳрири нав чоп шуд. Як қатор камбудиҳои дар натиҷаи экспертизаҳо муайянгардида ислоҳ гардид.
Боиси хурсандист, ки сафи донишомӯзони мактабҳои тоҷикӣ зиёд шуда истодааст. Агар соли таҳсили 2015-2016 шумораи хонандагони синфи якум 6150 нафар бошанд, дар соли хониши нав шумори онҳо ба 8000 нафар мерасад.
Омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои таълими миёнаи мамлакатамон дар офаридани барномаҳои нави таълим, коркардҳои дарс саҳм гузошта истодаанд. Омӯзгорони мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрени вилояти Тошканд Р. Абдуқодирова дар мавзӯи «Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ» (соли 2017) ва Ф. Марипова дар мавзӯи «Эҷодиёти Мирзо Турсунзода» (соли 2018) дар Маркази мултимедия видеодарсҳо тайёр намуданд. Умед аст, ки минбаъд миқдори видеодарсҳо зиёд мегардад.
Дар оянда нашри китоби «Хрестоматияи адабиёти тоҷик», «Тестҳо аз фанни забон ва адабиёти тоҷик», «Маҷмӯаи диктант, нақли хаттӣ ва иншо», китобҳои бадеӣ аз эҷодиёти шоирони классик ва муосир ба нақша гирифта шудааст. Китоби Ӯткир Ҳошимов «Қайдҳо дар ҳошияи дафтар» аз ҷониби Аслиддин Қамарзода тарҷума ва ба чоп омода карда шуд. Инчунин, намунаи ҳикояҳои 32 нафар адибони ӯзбек бо кӯшиши нависанда Юнуси Имомназар тарҷума гардида, дар шакли китоби алоҳида дар дасти нашр аст.
Шабакаи «Омӯзгори тоҷик» (@tjmetodist) дар телеграмма ташкил гардид ва дар он оиди таълим маводҳо дарҷ мегарданд. Баъзе маводҳои таълимиро аз ин шабака дастрас карда метавонед.
Асадулло ШУКУРОВ,
услубшиноси забон ва адабиёти тоҷики Маркази таълими ҷумҳурӣ.