НАВИСАНДА, МУТАРҶИМ, ФИЛМНОМАНАВИС

Шастсолагии аҳли адабро «авҷи камолоти эҷодӣ» мешуморанд.

 Бад-ин маънӣ, синни 60 оғози давраи пиронсолӣ нест, балки барои онҳое, ки эҷод мекунанд, давраи камолот аст. Нависандаи ӯзбек Назар Эшонқул алъон ҳамин гуна даврро аз сар гузаронда, ҳамон бо рағбати тамом дар шоҳроҳи эҷод қадам ва қалам мезанад.
Вай ҳанӯз соли 1984 аввалин қиссаи худ «Одамҳои ҷанг»-ро иншо намуда буд. Повест соли 1989 рӯйи чоп дид. Баробари китобхонҳо танқиди адабӣ ба асар баҳои муносиб дод. Дар мавзӯи ҷанг чизе навиштан хусусан ба эҷодкороне, ки солҳои баъдиҷангӣ ба дунё омадаанд, хеле душвор.
Тавре ба назар мерасад, дар ин мавзӯъ танҳо ҳамонҳое асарҳои ҷолиб, зинда ва таъсирбахш навишта метавонанд, ки худ душвориҳои ҷангро аз сар гузарондаанд. Вале нависанда Назар Эшонқул собит намуд бо шунидани нақлҳои сӯзноки одамҳои давраиҷангӣ низ асарҳои хуб ва муассир иншо кардан мумкин.
Муаллиф мегӯяд, саъй кардам воқеаҳои реалиро, ки одамҳои давраи ҷанг аз сар гузарондаанд, ба қалам диҳам. Вале  асар, ки бадеист, бояд пироҳани зебои тасвир ва хаёлоти бадеиро ба бар дошта бошад. Қиссаи «Одамони  ҷанг», аз ин лиҳоз, бинобар ҳаётӣ будан ва бо тасвирҳои хуби бадеӣ ороиш ёфтан хонданӣ шудааст.
Бобои нависанда дар фронт алайҳи фашистон размида ва бедарак гум шудааст. Бибиаш ду фарзанди хурдсолро бо азоб калон кард. Назар нақлҳои пур аз обичашми бибӣ шунида ва мутаассир мегашт. Барои рӯйи дунё дидани «Одамони ҷанг» нақлҳои ӯ, саргузаштҳои вазнини яке аз ақрабои дураш, ки аз фронт ба деҳа баргашт ва дар бораи ҳамсараш, робитаи ӯ бо раиси колхоз ҳар хел гапҳо шунид ва дунё якбора ба назараш торик тофт, сабаб шудааст. Ғурури он мард роҳ нагузошт дар деҳа монда ва бо раису ҳамсари бевафояш аз як ҳаво нафас кашад. Вай ҷома ба китф партофт ва сари худ гирифту баромада рафт. Тақдири  ӯ водошт Назарро, ки қалам ба даст гирад.
Дар ибтидо шеърҳо менавишт. Баъде «Одамони ҷанг» нашр гашт, шеърро тарк кард ва ҷиддан ба наср гузашт.
Чанд сол пеш аз «Одамони ҷанг» дар рӯзномаи «Овози тоҷик» порчаҳо (дар тарҷумаи камина) ба табъ расида буданд. Қаҳрамони лавҳаи мо ҳамчунин муаллифи «Офтоби паси уфуқ», «Одам бо маймун», «Шамолро дошта намешавад», «Суруди модаркалон», «Нагҳати пӯдина», «Шафтолугул» ва китобҳои дигар мебошад, ки дар нашриётҳои гуногун чоп ва аз ҷониби ҳаводорони насри бадеӣ пазируфта шуданд.
Аз осори ӯ ба дигар забонҳо низ намунаҳо тарҷума шудаанд.
Навъе вай нақл мекунад, аз мутолиаи асарҳои Шукур Холмирзо, Мурод Муҳаммад Дӯст, Аҳмад Аъзам, Олим Отахонов ва сабақҳои адабии ин нависандагон баҳра бардошт, дар қалбаш шавқи эҷод рӯ зад ва ба нависандагӣ рӯй овард. 
Ӯ роману ҳикояҳои Достоевский, Кафка, Фолкнер, Гесс, Кортарас, Борхес ва дигар намояндагони адабиёти ҷаҳонро ҳанӯз бо шавқ хондаву онҳоро мисле ба тозагӣ кашф карда, ба сари мизи корӣ менишинад.
Зодгоҳи Эшонқул деҳаи Терсотаи ноҳияи Қамашии вилояти Қашқадарёст.
Дар бораи топонимикаи ин деҳ маълумотҳои гуногун мавҷуд. Мувофиқи ривоятҳо, дарёеро, ки на ба пеш, ба муқобил равонааст, терсота меномидаанд. Маънои луғавии Терсота ба тоҷикӣ – падари якрав. Эҳтимол дар ин ҷо одамоне ба сар мебурданд якрӯву якгап,мард ва шуҷоъ, ки баҳри ҳимояи ҳақиқат ҳамеша  истодагарӣ менамоянд.
Назар Эшонқул хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд (1986) мебошад. Алъон сармуҳаррир ва ҷонишини директори «Ӯзбектелефилм». Садҳо теленовеллаҳое, ки дар хазинаи тиллоии телевизион маҳфуз дошта шудаанд, таҳти таҳрири ӯ рӯйи экран дида ва писанди тамошобинҳо шудаанд.
Худаш ҳам ба як қатор теленовеллаҳо муаллифӣ намуд. Таҳти ҳамдастӣ бо коргардон З. Бегимқулова барои филмҳои бисёрқисматаи телевизионӣ сенарияҳо навишт.
Назар Эшонқул чун тарҷумон низ ба адабиёт хидмат мерасонад. 
60-солагии  нависанда дар Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Алишер Навоӣ тантананок таҷлил гашт. Дар нишасти адабӣ таъкид ёфт номи Назар Эшонқул нафақат дар доираҳои адабии ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ маълум ва машҳур.
Чанде пеш таҳти фармони роҳбари давлат Н. Эшонқул бо унвони фахрии «Ходими хидматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон» сарфароз гардонда шуд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: