Нависандагон дар бораи адабиёт

Мунаққиди хуб натанҳо асарҳои хондаашро таҳлил мекунад, балки таҷрибаҳои рӯҳи худ – саргузаштҳояшро низ тасвир мекунад.

Мунаққиди хуб натанҳо асарҳои хондаашро таҳлил мекунад, балки таҷрибаҳои рӯҳи худ – саргузаштҳояшро низ тасвир мекунад. 
(Анатол Франс)
***
Фақат бояд дар бораи он чизе, ки омӯхтаед, хуб медонед, нависед, ва вақте менависед, самимӣ ва ростгӯ бошед; бигузор, ҳолати тасвиршуда дили инсонро сӯзонад, барои баҳо додан ба вазъият ёрӣ расонад, ба як ҷузъи саргузашти хонанда табдил ёбад. 
(Эрнест Ҳемингуэй)
***
Ҳаёти “воқеӣ” дар донишгоҳҳо, корхонаҳо, биржаҳо ва ҷойҳои фароғат бо вуҷуди он ки бисёр ҷолибанд, агар мо ду соати ҳар рӯзамонро ба мутолиаи осори адабӣ ва фалсафии пешинагон сарф накунем, ба он, яъне ҳаёти воқеӣ, наздик шуда наметавонем. 
(Ҳерман Ҳессе)
***
Санъат натанҳо ба тасвир гирифтани зиндагӣ, балки ифодаи ягонагии ҳастӣ низ ҳаст. Нависандаи барҷаста ихтироъкорест, ки қодир аст воқеияти ношинос ва нотакрори ҳаётро зинда тасвир намояд. 
(Борис Пастернак)
***
Шеър натанҳо воситаи дарки дунё, балки бо тамоми ҳастиаш худи ҳаёт мебошад. Шеър дар дили одаме низ буд, ки дар аҳди зиндагии қабилагӣ дар таҳхонаҳо мезист, он дар дили одами асри атом низ зиндагӣ мекунад.
(Сен-Ҷон Перс)
***
Адабиёт ба муаллиф имкон медиҳад, ки шуури инсониро нигоҳ дорад, он аз чизе оғоз мешавад, ки мо бо худ ҳарф мезанем. Дар ин маврид робитаи байни якдигарӣ вазифаи дуюмдараҷа аст. Адабиёт аз эҳтиёҷи баён кардани ҳисси ботинӣ арзи ҳастӣ мекунад. 
(Гао Шинҷон)  

Таҳия ва тарҷумаи Комрон.     

 

 

Латифаҳо

КАРИ СУНЪӢ

Ду шахс байни худ суҳбат мекарданд, ки гӯё ба кори фурӯшандагӣ фақат карҳои модарзодро қабул мекардаанд.
Мушфиқӣ, ки ҳозир буд, ба миёни гапи онҳо даромада гуфт:
– Фурӯшандаҳо, фақат вақти бақияро пурсидани харидор, «марҳамат бақияатон» нею «хуш омадед, боз биёед» гӯён худро ба карӣ мезананд, ки ин карии сунъист.

ШОДӢ МЕКУНАД

Афандӣ ҳар бор, ки харсавор аз назди майзадае мегузашт, хараш ҳангос мезад. 
– Чаро хари  ту дар ҳузури ман ҳангос мезанад, – гуфт майзада.
–Ҳайвон-дия, – гуфт Афандӣ, – «ҳамҷинс»-и худро, ки дид, шодӣ мекунад.

Таҳияи  Далер АЗИЗОВ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: