Ҳар як қавму миллат шоиру нависандагони ҳаҷвнигори худро дорад.
Аз шоирони классики тоҷик Убайди Зокониро, ки унсурҳои ҳаҷв дар осораш зиёданд, метавон шоири ҳаҷвнигор номид. Нависандаи турк — Азиз Несин яке аз нависандагони ҳаҷвнигори сатҳи ҷаҳонист. Зеро нависанда дар осори ҳаҷвиаш, тавассути воқеаву ҳодиса ва рафтору кирдори қаҳрамонону персонажҳо, масъалаҳоеро ба миён гузоштааст, ки умумибашариянд.
Нависандаи чех Ярослав Гашек низ аз ҳаҷвнигорони саршиноси дунёст. Осори ӯ ба забонҳои зиёди дунё, аз ҷумла русӣ, тарҷума шудаанд. Мо дар поён тарҷумаи як ҳикояи ин нависандаи забардастро таҳти номи «Дар соҳили кӯли Балатон» ба хонанда пешниҳод менамоем.
Дар он ҷое, ки моддият дастболост, маънавият зери по мемонад, дуздиву мардумфиребӣ, ришвахӯрӣ, зӯроварӣ ва қонуншиканӣ бинои зиндагиро хароб месозад...
Зиндагӣ ба масал дарёст, ки бояд ҷорӣ бошад. Агар дар як ҷо истад, бо вуҷуди покиву шаффофии зоҳирӣ, мисли оби ҳавзу кӯл гандида (бадбӯ) мешавад. Ҳодисаҳои ҳикояи мазкур дар соҳили кӯли Балатон ба вуқӯъ мепайванданд.
Хоҷаи заминдор — Болл Яноши ба ғазаби Худо гирифторшуда лӯлиеро бо номи Бурга паррондааст. Ин аст, ки дар соатҳои муайян аъзои бадани ӯро вараҷа фаро мегирад. Вай дар соҳили зебоманзари кӯл судяи ҳавзаро, ки бояд ба бозпурсӣ ояд, интизор аст.
Судяе, ки барои чаппаю роста кардани абраю остари Болл Янош омада буд, баъди зиёфати шоҳона — нӯшидани винои дусола, сесола, панҷсола... ва бистсолаи заминдор, ба дӯсту бародари ҷонии ӯ табдил меёбад. Ва дар ҳолати мастӣ рӯйи коғази сафед бо ранги сиёҳ менависад: «Бар асари ғафлат фалокат рӯй доду Бургаи лӯлӣ кушта шуд... На, кушта нашуд, балки ҳалок гардид!».
Ин ҷо виною мастӣ киноя аз ҷаҳлу нодонианд, ки мояи дилхушии моддист, на маънавӣ. Нависанда масъала мегузорад, ки чаро қонун барои ҳама яксон нест? Бурга ҳарчанд лӯлӣ — аз табақаи поёни ҷамъият аст, инсон аст. Агар чашму дасти рости ҳукумат — судяҳо қонуншиканӣ кунанд, дили мардумро ҳисси яъсу навмедӣ фаро мегирад, зиндагӣ на ба дарёи шаффоф, балки кӯли бадбӯй табдил меёбад...
Ярослав ГАШЕК
ДАР СОҲИЛИ КӮЛИ БАЛАТОН
Болл Янош нисфирӯзӣ дар пешайвони хонааш, ки орои маҳаллӣ дошт, нишаста буд. Пешайвони шабеҳи долони ба хона васлшуда ӯро аз нурҳои тафсони офтоб ҳимоя мекард.
Намои гирду атроф аз ин баландӣ зебо ба назар мерасид. Нишебиҳои зери токзори анбӯҳ монда, мисли он буд, ки кампали сабз ба рӯ кашида бошанд. Дар ҳар куҷои ин пардаи сабз, ки ба поин хазидааст, доғҳои кабуд таровиш доштанд. Доғҳо — доруи нилирангро барои ҳифзи токзор аз зараркунандагон пошида буданд.
Аз пешайвон ҳама ҷо: токзор, дидбонгоҳи бо пахол пӯшида, қитъаҳои ҷуворимакка ва марғзори домангустурда, ки аз канораш гоҳе бонги говону садои зангӯлаи гарданашон баланд мешуд, рӯшан ба назар мерасид.
Дар моварои марғзор сатҳи нопайдоканори кӯли Балатон, ки бо ифтихор онро «Magyer tenger» — «Баҳри Венгрия» низ меномиданд, доман густурда буд. Оби ин баҳр, ки гӯё доманаш ба домани уфуқ часпида буд, сабз ба назар ҷилва мекард. Дуди кабуди киштиҳое, ки гоҳо пардаи сабзи кӯлро бурида мегузаштанд, ба фалак мепечид.
Нӯги калобаи бисёр афсонаю ривоятҳоро доир ба кӯшкҳои зериобиву париёни обӣ, ки гӯё ороми мардумро халалдор карда, бачаҳоро мерабудаанд, ба ин кӯл мепайванданд.
Ин ҳамон кӯли Балатон аст, ки гӯё нимашабҳо аз қаъри он садоҳои асрорангез, доду фарёди бачаҳои обӣ шунида мешуданд. Бино ба ривоятҳо, бачаҳои обӣ аз замонҳои хеле қадим дар қаъри Балатон ба сар мебурдаанд ва дар Бодафал, Медесфал, Олвашфал, Олм ва дигар деҳоте, ки дар соҳили кӯл доман густурдаанд, ғайричашмдошт мӯйсафедоне бо ришҳои дароз пайдо мешудаанд. Дар ин хусус бобои бобоён ва бобокалони бобои бошандагони кунунӣ нақл кардаанд...
Аммо Болл Янош ба тамошои манзараҳои гирду пеш иштиёқе надошт. Вай рӯйи курсие нишаста буд. Сарфи назар аз гармии ҳаво, пӯстини кӯтоҳе дар бар дошт. Гоҳо ба ақрабакҳои соати дасташ менигарист.
– Чандест, ки раъша дар вуҷудам нест, — гуфт ӯ чашм ба соат давонда, — одатан, маро соати панҷ табларза фаро мегирифт, имрӯз дер кард. Бояд судяи ҳавза соати шаш барои бозпурсӣ (тергав) ояд. Болли мушавваш бо чеҳраи гирифта ба мили соат нигарист ва зери лаб гуфт: «Худоро шукр, магарам вараҷа ин бор маро дертар «медорад».
Як вақт дандонбадандонзании Болл Янош сар шуд. Садои ба ҳам бархӯрдани дандонҳояш ба он андоза баланд буд, ки пешхидмат бо хавотир ба ҳузураш омада пурсид: «Хоҷа чизе мехоҳанд?»
– Ту хари лавандӣ! — садо баланд кард Болл, — болинро ба пуштам гузору пойҳоямро бо кампал (кӯрпаи тунук) печон!
Вақте пойҳои Болл бо кампал пӯшида шуданд, дар ҳоле ки вуҷудашро раъша тарк нагуфта буд, гирду пешро аз назар гузаронд. Сараш гиҷ шуда буд. Чунин ба назар мерасид, ки токзор, майдони ҷуворимакка, дидбонгоҳ, марғзор, кӯл, уфуқ... қабои зард дар бар кардаанд. Вараҷа шиддат пайдо мекард. Вай ба пешхидмат хост бигӯяд, ки ҳолаш бисёр бад аст, вале аз шиддати ларза натавонист ҳарфе бигӯяд.
Инак, бо мурури вақт ранги зард нопадид гашта, гирду атрофро ранги бунафш фаро гирифт. Ин ҳангом Болл сабук дандон ба дандон зада, гуфт: «Ё Худои меҳрубон!» Вақте изҳор дошт: «Шукри Худо, ҳамааш пушти сар монд», — ҳастӣ ба намои табииаш баргашт: осмон ба назараш нилӣ, токзор сабзу кабудчатоб, кӯл зумуррадгун ва марғзор сабзи ба зард моил тофт.
Вақте ба пешхидмат амр кард, ки: «Болинро аз пушташ гирад, нимпӯстинро аз танаш бадар андозад ва чубуқашро омода созад», — эҳсос кард, ки бар асари гармии офтоб арақ аз сару рӯяш сарозер мешавад. Ин нишонаи он буд, ки хурӯҷ паси сар шудааст.
– Акнун навбати табларзаи дигар, — чубуқашро оташ дардода зери лаб ба забон овард ӯ, — баъди фурсате судяи ҳавза пайдо хоҳад шуд.
Дар поин, дар роҳе, ки байни токзор тӯл кашида буд, тарақотуруқи фойтун ва садои хашмолуди судяи ҳавза ба гӯш расид:
– Абраю остаратро чаппаю роста мекунам! Ту ҳоло бо собуни ман ҷомашӯйӣ накардаӣ!
– Бадқаҳр аст, — нафас рост кард Болл Янош, — магарам бозпурсӣ ҷиддӣ сурат мегирад.
Фойтун дар назди хона қарор гирифт ва тавассути зинаҳои он судяи ҳавобаланд зери каш як даста коғаз бо карру фар фуруд омад. Вай ба сӯйи айвони Болл, ки дуди чубуқашро аз даҳону бинӣ бароварда ба истиқболаш меомад, гом бардошт. Баъди ҳолпурсии одатӣ, судя худро муаррифӣ намуд:
– Ман Омаис Белл. Ба бозпурсӣ шурӯъ мекунем.
Вай коғазҳои зери кашашро рӯйи миз ниҳоду нишаст. Сипас пояшро рӯйи болои пойи дигараш гузошту ба миз ангуштзанон гуфт:
– Корҳоят хуб нестанд, ҷӯра.
Болл Янош низ дар рӯ ба рӯяш нишасту китфҳояшро дарҳам кашид.
– Оре, азизам, ҷиноятат вазнин. Сад дареғ, — идома дод судя. — Бургаи лӯлиро кай парронда будӣ?
– Як ҳафта қабл, — посух дод Болл.— Ин ҳодиса соати панҷ рух дод. Сигор намекашед, — пурсид ӯ аз ҷайб тамокудонро берун оварда. — Хеле олист. Тамокуи Банат.
Судяи ҳавза тамокуро гирифту нӯги онро беэътиноёна фишурда, суол кард:
– Яъне ту гуфтаниӣ, ки ин ҳодиса бисту якуми июн, соати панҷ ба вуқӯъ пайваст?
– Бале, — посух дод заминдор, — бисту якуми июн, соати панҷи расо. Ва бисту сеюми июн ӯро гӯр карданд. Иҷоза фармоед, — Болл зажигалкаро зери бинии судя бурд.
– Сипосгузорам, — изҳор дошт Омаис Белл. — Бад-ин тариқ, баъди чок кардани ҷасади Бурга ошкор гардид, ки вай аз тири милтиқи сочма ҳалок гардидааст.
– Комилан дуруст, — тасдиқ намуд Болл, — милтиқи сочма, рақамаш ёздаҳ.
– Хеле ғамангез, — тамокуатон моли куҷо буд?
– Маҳсулоти Банат. Иҷоза диҳед, пешхидматро бифармоям, ки як андак вино биёрад.
– Бифармо, — иҷоза дод судя. — Як соғарӣ нӯшида бозпурсиро идома медиҳем.
Вино филфавр рӯйи миз пайдо шуд. Заминдор қадаҳҳоро пур кард.
– Ба саломатии шумо!
– Ташаккур... Хидмати сагона!
Судяи ҳавза, мисли мутахассиси виношинос, қадаҳро боло бардошта ба он назари таҳлилӣ афканд. Партави хуршед дар винои қадаҳ рақсидан дошт, дар рухсораҳои судя бар асари май гӯё лола дамида буд. Вай аввал як ҷуръа нӯшид, сипас қаноатмандона баҳ-баҳкунон винои боқимондаи қадаҳро ба сар кашид.
– Баҳ-баҳ, басе олӣ! — ситуд ӯ табассумкунон. — Вақте лӯлиро паррондӣ, дар сарат чӣ фикр пайдо шуд?
Болл Янош нафаси сабук кашиду осудахотирона дуди чубуқашро ба ҳаво сар дод.
– Ин винои дастии дусола маҳсули ангури токзори ғарбӣ аст, — тавзеҳ дод ӯ. – Ба саломатии шумо!
Онҳо боз як қадаҳӣ нӯшиданд.
– Винои сесола низ дорам, ки маҳсули ангури токзори шарқист, — гӯшзад кард Болл.
Ин гуфту даҳони шишаи дуюмро кушода, винои сесоларо ба ҷомҳо рехт.
– Хеле олӣ! — таъриф кард судя. — Ту инсони беҳтаринӣ!
– Кош табларза азиятам намедод, — шиква кард Болл. – Инак, рӯзи чаҳорум аст, ки чашм кушодан намемонад. Ин гулдаста шуморо писанд аст?
– Хеле зебост! Бӯйи хуш дорад! — ба ваҷд омад судя ба гулдастаи рӯйи миз нигариста.
– Мо винои панҷсола низ дорем, — гуфт хоҷа ва аз сабад шишаи гардандарозеро гирифта, рӯйи миз гузошт.
– Ту шаҳрванди намунавӣ! — хитоб кард Омаис Белл, баъди нӯшидани қадаҳи якуми винои панҷсола. – Ин хелашро бори аввал мехӯрам. Рангу тамъи дилкаш дорад!
Вақте шишаи винои панҷсола холӣ шуд, Болл Янош изҳор дошт:
– Ман беҳтаринашро низ захира кардаам, шумо ин хелашро начашидаед... Бубинед, – ба суханаш идома дод ӯ, — ин винои бистсола аст!
Судя ду-се ҷомро паси ҳам холӣ карду гуфт:
– Воқеан, ин беҳтарини виноҳост! Иҷоза бидеҳ,ман туро шумо бигӯям:
– Шумо инсони аҷибед, ман ш - шу - моро... си - д - қан ... эҳтиром менамоям, вале бигӯед, ки шумо лӯлиро барои чӣ паррондед?
– Барои он ки..., — Болл Янош яке ба худ омад, — барои он ки он нобакор аз таҳхонаам бист шиша винои бистсолаи маро дуздида буд.
– Агар ба ҷойи шумо мебудам, — гуфт баҳ-баҳкунон судяи ҳавза, — ман ҳам чунин рафтор мекардам... Зеро ин вино хеле олист... Инак менависем: «Бар асари ғафлат, фалокате рӯй доду Бургаи лӯлӣ кушта шуд... На, кушта нашуд, балки ҳалок гардид!». Ку бирезед, азизам...
Заминдору судяи ҳавза хеле винонӯшӣ карданд. Виное, ки маҳсули ангури токзори пастхамиҳои кӯли Балатон буд. Винои суп-сурх мисли хуни Бургаи лӯлӣ ва дузд...
Аз забони русӣ тарҷумаи
А. СУБҲОН.