НАВИСАНДАИ ҲАҶВНИГОР

Қалам ва қаламкаш баробар мехобанд, дам мегиранд ва меҳнат мекунанд.

Қалам то сари худро хам накунад, мақсади қаламкаш маълум намегардад. Он чи дар тахайюлоти қаламкаш аст, қалам ҳарф ба ҳарф, нуқта ба нуқта сабт мекунад ва ба хонанда мерасонад. 
Ин нуктаҳоро ҳаҷвнигори мардумӣ ва болаёқати самарқандӣ аз бачагию наврасӣ кашф кардааст. Вай аз бачагӣ китобдӯсту китобхон буд. 
Бахтиёр ба касе тақлид ё пайравӣ накардааст. Худи ҳаёт мавзӯъҳои рангорангро ба вай туҳфа намудааст. Ӯ як воқеаи хурдакаки ночизро гоҳ ҳикояти завқовари намакин, гоҳ ҳазл, гаҳе мутойиба, гаҳе қиссаи калоне сохта метавонад. 
Дар адабиёти ҷаҳон жанри хандаоварро асосан ба ҳаҷв ва мутойиба гурӯҳбандӣ намудаанд. Ба жанри сатира асарҳои хурд ё калони ҳаҷвие дохил мешавад, ки камбудию норасоиҳои ҷамъиятро зери тозиёнаи танқид гирифта, бо лутфу танзҳои нишонрас хонандаро гаҳе ба фикр кардан маҷбур месозанд, гаҳе боиси хандаи тамасхуромезе мегарданд.
Юмор, яъне жанри мутойиба – хандаи лаҳзаинаи беозор мебошад. Вале қудрати тарбиявӣ дорад. Хонанда баробари завқу шавқ гирифтан, минбаъд аз баъзе рафторҳои нопоку дар миёни мардум нобоби худ даст хоҳад кашид. 
Бесабаб нест, ки Бахтиёри Ҷумъа номи як китоби пур аз ҳикояҳои ҳаҷвии худро «Доруи дарозумрӣ» ниҳодааст. Чунки вай кайҳо медонад, ки «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Авфии Бухороӣ, «Боғи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, ҳаҷву мутойибаҳои Абдураҳмони Мушфиқӣ, «Марги судхӯр»-и Садриддин Айнӣ, ҳикояҳои ҳаҷвии Раҳим Ҷалил, Абдусалом Деҳотӣ асарҳои саршор аз ҳазлу гуфторҳои завқовар буда, мардумро ҳамчун оҳанрабо сӯйи худ кашидаанд. Ин марди заковатанманд на танҳо адабиёти миллии хеш, балки адабиёти ҷаҳон, паҳлӯҳои тозаи ҳаҷвнависиро дақиқ омӯхтааст. Умуман, аз намояндагони Юнони Қадим – Аристофан Горатсий ва ғайраҳо сар карда, то асарҳои ҳаҷвии Грибоедов, Гогол («Ҷонҳои мурда», «Муфаттиш»), Чехов хондааст ва асрори ҳаҷвнависӣ омӯхтааст. Хондани ҳаҷви Азиз Несин ҳам боиси ҷасорату рӯиростгӯии ӯ гардидааст. 
Бахтиёр кайҳост, ки бо ҳаҷви худ ба шахсони беҳавсалаву бепарво ғайрату шавқу завқи зиндагӣ мебахшад. Ба шуури хобидаи одамон (пиру ҷавон) ҳозирҷавобию хушчақчақӣ ато менамояд. 
Китобҳои Бахтиёрро варақ зада  дубора боварӣ ҳосил мекунам, ки навиштани жанри хурдтарини асари бадеӣ – ҳаҷв чи қадар дониш, заҳмат, чашми тезбин, ҳозирҷавобӣ, шабзиндадорӣ, сабру тоқат мехоҳад. Бар замми ин ҳаҷвияҳои ӯ навозишу зарбаҳои гуногунро дорост. Ҳар шахсе, ки як мутойиба ё ҳаҷвияи хурдакаки адибро хонад, чанд рӯз хурсанд мегардад. 
Ҳикояҳои чопшудаи ҳаҷвнигор аз шашсад зиёд аст. Сатрҳои шӯхи ҳазломез, ҳаҷвияҳои нишонрас ва саҳначаҳои навиштаашро илоҷи шумурдан нест. 
Мавзӯи ҳикояҳо ҳаётианд. Бинобар ин, онҳоро классификатсия кардан сохтакорӣ аст. Мавзӯъҳои оилавӣ (гуфтугӯҳои ҳазломез миёни зану мард, миёни бобою набера ва ғайра) хеле ба дил наздику табиӣ буда, ба мардуми омию одӣ маъқуланд. Ҳикояҳое, ки мавзӯъҳои иҷтимоиро дар бар гирифтаанд, ҳам пурқуввату ҳам нишонрас мебошанд. Нависандаи ҳаҷвнигор бо услуби гуфтугӯӣ ва лафзи одии омиёна ба ҳар як ҳикояти худ сужети хандаовар ёфтааст. Муаллиф, ки шахси зираку табиатан ҳозирҷавоб аст, ҳамаи қаҳрамонҳояш ба худаш монанданд. Масалан, дар хурдтарин ҳикоя, танҳо бо як муколама мушкили муҳими ҷамъиятиро ошкоро ба қалам медиҳад:
«– Дар ҷойҳои шумо чароғи барқӣ хомӯш мешавад?
– Не. Фақат ҳафтаҳо дар намегирад». 
Ғайр аз мазмуни тезутунд, нависанда бо синонимҳо («хомӯш» ва «дарнамегирад») калимабозӣ карда, хонандаро маҷбур месозад, ки ба забони асар эътибор диҳад.Чунки агар рӯякӣ хонад, ба асли воқеа сарфаҳм нарафтанаш мумкин.
Баъзе ҳикояҳоро хонед, ҳам дониш мегиред ва ҳам механдед. Таваҷҷӯҳ кунед, боз ба як муколамаи мантиқӣ:
«– Хӯрокҳои пухтаам чӣ хел?
– Ганда не, ака, хӯред мешавад». 
Ин ҷо ҷумлаи «Хӯред мешавад» маънии духӯра пайдо кардааст. Яъне онро нахӯрдан беҳтар. 
Дар ҷамъият мушкилот кам нест, ки барои ҳаллу фасли онҳо одамон пайваста мекӯшанд. Муаллиф ҳам ба танг омада, ҳикояти «Филиалҳои дармонгоҳ»-ро чунин ба қалам додааст:
«Марде дар назди дармонгоҳ гадоҳои садақаталабро дида, аз ҳайрат шах шуд. Ҳайрати ӯро мулло Мушфиқӣ дида, гуфт:
– Ҳайрон нашавед, бародар, духтарони падарқусури поликлиника бало, шуъбаю филиалҳои худро дар берун ҳам ташкил кардаанд».
Ҷавоби Мушфиқӣ албатта, ҳар як хонандаро ҳам ба ханда водор месозад, ҳам ба андеша. 
Тору пуди ҳаҷвияҳои хурду калони Бахтиёрро хоҳ барои хурдтаракон нависад, хоҳ барои калонсолон, танқид ташкил медиҳад. 
Дар ҳикояи «Олими кӯчарӯб» нависанда олими донишманд, вале сабукфикреро сахт мазаммат карда, чӣ тавр барои пулёбӣ дар хориҷа кӯчарӯб шуданашро нақл кардааст. Хонанда баъди мутолиаи ин ҳикоя хулосае мекунад: олим чунин хато кунад, шогирдон чӣ кунанд?
Бо мурури замон ҳикояҳои Бахтиёр ба худ ҷомаи фалсафӣ пӯшидаанд.
Масалан, дар ҳикояи «Қарз» марде сабаби қарзпурсии ҳамсояро фаҳмида, ӯро сарзаниш мекунад: «Ба ҷои пул ба укаатон ё роҳи пулёбӣ ё ягон касб омӯзонед».
Албатта, ин услуби нигориши ҳаҷвнигор хонандаро ба тафаккур маҷбур месозад. 
Ногуфта намонад, ки аксари ҳикояҳо пандомез бошанд ҳам, аз шираи онҳо лаби хонанда майли табассум мекунад. 
Бисёр ҳикояту латифаҳои муаллиф дорои сарлавҳаҳои дилнишин буда, баъзеашон ғояи ҳикояро ифода мекунанд. 
Бо такя ба таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо гуфтан мумкин аст, ки Бахтиёр услуби нави ҳикоянависиро ихтиёр намудааст. Ҳамаи муваффақиятҳо шояд натиҷаи меҳнати пайваста, таҷрибаи зиндагӣ ва огоҳӣ аз осори бузургон бошанд.
Ҳикояҳои ҳаҷвии китоби «Мошкичирӣ» хонданибобанд.
«Мошкичирӣ» аз 25 ҳикоя иборат буда, ҳар яке дорои сужети хандаовар аст. Акнун муаллифи таҷрибадор дар як ҳикоя якчанд қаҳрамони базлагӯйи ҳозирҷавобро офаридааст, ки хонанда баъди мутолиаи ҷиддӣ ҳам механдад ҳам тафаккур мекунад: «Наход дар ҷамъияти мо ҳамин гуна воқеаҳо рӯй медиҳанду хабар надорем?»
Хонанда ҳикояи «Ин дафъа»-ро хонда, бо шахсони чоплусу хушомадгӯ рӯбарӯ шавад, «Якта имзоча монед»-ро хонда, ба чашми тезбину қалами буррои ҳаҷвнигор аҳсант мегӯяд. Ҳикояҳои ин китоб пурра дар жанри сатира навишта шудаанд. «Якта имзоча монед» характери фелетонро дар худ ҷойгир намудааст. Бо як варақ коғазу якчанд имзои сохта, «ташкилоту командаҳо» «бунёд» намудани ҳангоматалабони номардро саркӯб намудани муаллиф лоиқи эҳтиром аст. 
Иллатҳои иҷтимоиро фош намудан як вақтҳо ҳаёти ҳаҷвнигоронро ба хатар мегузошт. Вале ошкорсозии баъзе ҳаракатҳои ғайриқонунии «корчаллонҳо», ки ба нони ҳалоли мардум мисли калхот чанг меандозанд, ба назари ҳаҷвнигорон савоб аст.  
Бо таҳлили мазмуни як-ду ҷумла, албатта ба истеъдоду зарби қалами муаллиф баҳои воқеӣ дода намешавад. Вале ба ҳар як ҷумла, ки тобишҳои фикрии гуногунро дороянд, қоил нашудан мумкин нест. Чунин услуби навиштан солҳо боз дар комбайни фикргузории Бахтиёр пухта расидаанд. 
Боз як чизи муҳим, ҳаҷвнигори дӯстдоштаи самарқандӣ алҳол танҳо дар зодгоҳи худ не, балки миёни мардуми ҳаҷвдӯст номдор гардидааст. Тарҷумаҳои қаламиҳои ӯро аз рӯзномаву маҷаллаҳо, даҳони масхарабозҳои барномаҳо, аз сайтҳои интернетӣ мехонанду мешунаванд. 
Замоне дар компанияи телевизионии «Ханда» саҳначаҳои хандаовари Бахтиёрро намоиш медоданд. Афсӯс, ки барномаи интизоркашидаи тамошобинонро филмҳои ҷангараю намоишҳои такрор ба такрор забт намудаанд. 
Алҳол муаллиф «Саҳначаҳои ҳаҷвӣ»-и худро ба чоп омода кардааст. Инчунин, чандин асари чопнашудаи Бахтиёр дар ҷузвдонҳо хобидаанд. 
Дар ин якчанд сатр дар мавриди ҳар як асари Бахтиёри Ҷумъа маълумот додан имкон надорад. Дар хусуси асарҳои «ҷиддӣ»-и устод (қиссаву ҳикояву қатраҳо)-ро шояд ноқидон мавриди таҳлил қарор медиҳанд. Умед дорем, ки олиму таҳқиқгарони ҷавон дар омӯзиши қимати асарҳои бо заҳмат иншогардидаи адиб ҳимматашонро дареғ намедоранд. 
Бахтиёри Ҷумъаро муҳит кайҳо устоди комил намудааст. Ӯ худ нафаҳмида, ба синни мубораки 70 ҳам расидааст. Вале ҳанӯз ғайрату шуҷоаташ устувор. «Дастгоҳу завод»-ҳои эҷодиаш шабу рӯз кор мекунанд. Ҳатто ҳангоми хобидан ҳаҷвияҳоро дар майнааш сабт мекунад. 
   
Маҳбуба ТУРСУНОВА,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: