НАВОИ «ШАШМАҚОМ» АНДАР ХУРӮШ АСТ

Ҳар як халқ бо мероси гаронбаҳои гузаштагони худ ифтихор мекунад.

 Сурудҳо, осори таърихӣ, олимону шоирон ва қаҳрамонҳои миллӣ аз ин ҷумлаанд. Мо соҳиби як мероси гаронбаҳо ва қадима ҳастем, ки таърихи бештар аз 1400-сола дорад. Ҳанӯз дар давраи давлати Сосониён (солҳои 222-651) ин навъи мусиқӣ рушду нумӯъи зиёд дошт. Хусусан, дар давраи подшоҳии Хусрави Парвиз ҳофизони зиёде дар дарбори ӯ кору зиндагӣ мекарданд. Аз ҳама бузургтарини онҳо Борбади Марвазӣ буд.
Дар бораи Борбад дар китобҳои қадима ривояте вуҷуд дорад. Гӯё вай кӯшиш мекард, ки ба дарбори подшоҳ роҳ ёбад, вале наметавонист. Боре ба боғбон савғо дода, ба боғ медарояд. Дар боғ шоҳ бо наздикони худ базми калоне ороста буд. Ин дам садои хуши мусиқӣ ба гӯшаш мерасад ва ба наздиконаш мефармояд, ки ромишгарро ёбанд. Вале кӯшиши онҳо беҳуда буд. Баъд Борбад аз болои дарахти сабз бо либосҳо ва асбоби мусиқии сабз хандону шукуфон ба поён меояд. Ӯ оҳанги «Сабз андар сабз»-ро менавохт. Хусрав ӯро сардори ромишгарони дарбори худ таъин мекунад.
Ба ҷуз Борбади Марвазӣ – Бомшод, Саркаш, Саркаб, Накисо ҳам дар дарбори Хусрав ромишгар, яъне мусиқидон буданд. «Шашмақом» аз ҳамин давра сарчашма мегирад. Борбади Марвазӣ бахшида ба ҳар як рӯзи сол 365 оҳанг офаридааст: ба мисли «Боғи Ширин», «Сабз андар сабз», «Сарвистон», «Ганҷи сӯхта».
То асри понздаҳ «Шашмақом» аз дувоздаҳ мақом иборат буд ва «Дувоздаҳ мақом» ном дошт. Баъд онро кӯтоҳ карданд. Он ҳоло аз мақомҳои бузург, рост, наво, дугоҳ, сегоҳ, ироқ иборат аст.
Шахсони аввалине, ки «Шашмақом»-ро ба нота дароварданд  Фазлиддин Шаҳҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Бобоқул Файзуллоев буданд. Бори аввал бо ташаббус ва дастгирии Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров соли 1949 ансамбли «Шашмақом» ташкил гардид.
Дертар бо саъю кӯшиши бастакори номӣ Юнус Раҷабӣ ба оҳангҳои гуногуни «Шашмақом» хондани сурудҳоро бо матнҳои ӯзбекӣ ба роҳ монданд. Хидматҳои санъаткори номӣ Мулло Тӯйчӣ Тошмуҳаммадов ҳам дар ин хусус зиёд аст.
Бузургдошти асосгузори мероси гаронбаҳои форсизабонон – Борбади Марвазӣ соли 1990 ба вуқӯъ пайваст. Дар Душанбе 1400 солагии ӯ дар миқёси ҷаҳон ҷашн гирифта шуд .
Аз соли 2002 мардуми тоҷик  12-уми майро чун рӯзи «Шашмақом» ҷашн мегиранд. Доир ба он асарҳои зиёди илмию адабӣ навишта шудааст. Отахон Латифӣ ва Абдурофеъ Рабиев аз зиндагии ҳофизон Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов ва Содирхони Хуҷандӣ бо номи «Рӯзгори соҳибдилон» асари хубе эҷод кардаанд.
Ҳоло чӣ дар Ӯзбекистон ва чӣ дар Тоҷикистон ансамблҳои мақомхонон бо маҳорати баланди эҷодӣ дар хидмати мардум мебошанд.
Вақте ки муносибатҳои мо бо ҳамсоягон дубора беҳтар шуд, маро чун як нафар мақомхон соли 2019 ба ноҳияи Турсунзода даъват карданд. Дар иди «Шашмақом» бо сурудҳои худ иштирок намудам. Раиси ноҳия дар охири чорабинӣ ба ман осори сеҷилдаи «Шашмақом»-ро тақдим намуд, ки барои ман боиси ифтихор буд.
Хонандагони мактабро дар дарсҳои мусиқӣ каму беш бо таърихи мусиқӣ шинос намудан вазифаи омӯзгор аст. Хонандагон бояд донанд, ки санъати мусиқии миллӣ чӣ гуна роҳҳоро тай кардаасту ба пешравии он киҳо заҳмат кашидаанд.
Дар замони ҳозира, ки кулли наврасону ҷавонон ба мусиқии ба ном замонавӣ сахт часпидаанд, дар дили онҳо  нисбати мусиқии суннатӣ меҳру муҳаббат пайдо кунондан вазифаи аҳли ҷамъият аст.
Хушбахтона, дар мактаби бачагонаи мусиқӣ, ки ҳоло фаъолият дорам, миёни шогирдон бачаҳои ба мақом завқи зиёддошта ҳастанду ба онҳо мақоми тоҷикӣ меомӯзем. Ин нишонаи он аст, ки дар оянда мақоми тоҷикӣ дар мо низ рӯ ба тараққӣ мениҳад.

Муҳаммадшариф 
БЕРДИЕВ,
санъаткор, 
ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: