Воҳаи Сурхон бо паҳлавонону гурдҳои номвараш сазовори эътирофи ҷаҳониён гардидааст.
Чандин сол аст, ки рустамназирони ин сарзамин дар мусобиқоти миқёси ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ шарафи вилояту ҷумҳуриро ҳимоя мекунанд. Номҳои Тоштемур Муҳаммадиев, Абдулло Тангриев, Баҳодур Ҷалолов ва чанде дигарро имрӯз ҳар як ӯзбекистонӣ бо ифтихор ба забон меорад.
Инак, тасмим гирифта шуд, ки барои тасвири симои қаҳрамононаи ғолиби Олимпиадаи Токио-2020 ва чандин мусобиқоти дигари байналмилалӣ, муштзани касбӣ Баҳодур Ҷалолов филми «Мағлубнопазир. Роҳ ба сӯйи Токио» ба сурат гирифта шавад. Ҷараёни наворбардорӣ дар Сурхондарё, шаҳрҳои Тошканд, Токио ва Ню-Йорк мегузарад. Эҷодкорони филм аллакай ҷараёни суратгириро дар ноҳияҳои Сариосиё ва Бойсуни Сурхондарё оғоз кардаанд.
Дар назар аст, ки ба он тақрибан 300 нафар актёр аз хориҷа ва кишвар ҷалб карда шаванд. Аз ҷумла, ҳунарпешаҳои бомаҳорат Отабек Мӯсоев, Ёқуб Аҳмедов, Беҳзод Муҳаммадкаримов, Саида Раметова низ аз тимсолҳои филм хоҳанд шуд.
Дар филм лаҳзаҳои Олимпиадаи Рио-2016, ба мағлубият дучор шудани Баҳодур Ҷалолов ва минбаъд роҳи пурмашаққати соҳаи варзишро тай карда, дар муддати кӯтоҳ ба комёбиҳои пай дар пай ноил шудану дар чандин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ муваффақ шудани ӯ намоиш дода мешавад. Коргардон Акрам Исоқов, сарпродюсер Фирдавс Абдухолиқов, муаллифони сенария Султон Аббосов ва Сергей Кузминих саъй доранд, ки дар филм тимсоли қаҳрамонро равшан намоянд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.