Дар борхалтаи эҷодии собиқадори кинематографияи ватанӣ ва коргардони дараҷаи олии телевизион, барандаи ордени «Дӯстлик», Корманди шоистаи фарҳанги ҷумҳурии мо Анвар Авазхӯҷаев зиёда аз 400 филми мустанад, илмию оммавӣ ва боз чаҳор филмҳои бадеӣ мавҷуданд.

Ӯ худро киножурналист меҳисобад. Ва ин на бинобар ихтисос, зеро Анвар Авазхӯҷаев воқеан хатмкардаи Донишкадаи забон ва адабиёти руси ҷумҳурӣ мебошад. Ба таҳиягари кино донистани забони англисӣ имкон дод, ки ба беш аз 80 кишвари қитъаҳои гуногуни ҷаҳон бо сафарҳои корӣ барояд.
Дар он сафарҳои эҷодии сар то сари олам бисёр воқеаҳову ҳодисаҳои хотирмон буданд. Филмҳои Анвар Авазхӯҷаев дар ҳақиқат, ба тӯли як умри ӯ баробаранд. Вай то ҳол дар соҳаи худ – киножурналистика кор мекунад.
Ш. ЗАЙНИДДИНОВ,
журналист, таҳиягари киноҳои ҳуҷҷатӣ.
Сурат аз бойгонии муаллиф.