Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт таҳти мавзӯи «Навоварӣ ва вазифаҳои истиқболнок дар раванди аттестатсияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмии педагогӣ» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар он оиди натиҷаҳо ва вазифаҳои оянда дар соҳаи боз ҳам беҳтар намудани сифати аттестатсияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогии мамлакатамон маълумот дода шуд.
Тибқи вазифаҳои рушди Стратегияи Ӯзбекистони Нав дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф ва илм ба баланд бардоштани сифати сохтори таълим пас аз таҳсилоти олӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мешавад.
Дар асоси фармони роҳбари давлат «Дар бораи такмили минбаъдаи низоми таҳсилоти баъдидипломӣ» аз 1 июли соли 2017, ба ҷорӣ намудани низоми дузинаи таҳсилоти баъдидипломӣ дар самти дастгирии фаъолияти илмию эҷодӣ аҳамияти ҷудогона дода мешавад.
Бо мақсади беҳтар намудани талабот ба унвонҳои доктори фалсафа (PhD) ва доктори илм (DSc) ва унвонҳои илмӣ, инчунин рушди минбаъдаи шаффофият ва ошкороӣ дар соҳа як қатор навовариҳо татбиқ карда мешаванд.
Назар ба таҳлилҳо дар соли 2023 ва тӯли шаш моҳи соли 2024 корҳои илмии ҷамъ 5 ҳазору 495 нафар пажӯҳишгарон тасдиқ карда шуданд. Аз он 4 ҳазору 777 нафар доктори фалсафа (PhD), 728 нафар дараҷаи доктори фан (DSc)-ро ташкил намуд.
Дар ин давра 4036 нафар довталабон барои гирифтани унвони илмӣ, аз ҷумла 832 нафар талабгорони унвонҳои профессорӣ, 2931 нафар дотсент ва 273 нафар ходими калони илмӣ тасдиқ карда шуданд. Инчунин, 136-то дипломи дараҷаи илмии муассисаҳои давлатии хориҷӣ нострификатсия карда шуданд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вохӯрӣ ва мулоқотҳое, ки дар Қароқалпоқистон ва вилоятҳо ташкил карда шуданд, 3 ҳазору 511 нафар пажӯҳишгарони ҷавон иштирок намуданд.
C. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».