НАВОӢ ВА ҲАМЗАМОНОНИ ҲИНДИИ Ӯ

Аз замони қадим минтақае, ки маъруф ба Хуросони Бузург аст, дар ҳақиқат марказу манобеи фарҳангӣ ва тамаддуни ин қаламрави Осиё будааст (ки шомили Шибҳи Қораву Осиёи Марказию Ғарбӣ мебошад) ва дар ин минтақа шахсиятҳое баланд шудаанд, ки тамаддуни инсонӣ савганди бузургӣ ва азамати онҳоро мехӯрад.

Аз замони қадим минтақае, ки маъруф ба Хуросони Бузург аст, дар ҳақиқат марказу манобеи фарҳангӣ ва тамаддуни ин қаламрави Осиё будааст (ки шомили Шибҳи Қораву Осиёи Марказию Ғарбӣ мебошад) ва дар ин минтақа шахсиятҳое баланд шудаанд, ки тамаддуни инсонӣ савганди бузургӣ ва азамати онҳоро мехӯрад. Аз миёни онҳо Амир Алишери Навоӣ – Фонӣ ҳам буд, ки ҳамроҳ бо шоир ва нависанда ва сиёсатмадору вазир ва ҳунарманди моҳири мусиқию улуму ҳунарҳои мухталиф ва дар маҷмӯъ шахсияти касирулабъод ва чандгуна  буданаш, ошноии хубе бо рӯҳияти осори мутақаддимин дошт ва бо маҳорати халлоқа аз онҳо истифода намуд ва иртиботу ошноӣ бо муосирину корҳои эшон дошт ва ҳар ҷое мақдур шуд, аз эшон ҳамкориву сарпарастӣ кард. Муболиға нахоҳад буд, агар бигӯем, ки Амир Алишер аз миёни он бузургони ин минтақа буда, ки бидуни зикр аз ному корномаҳои эшон дарвоқеъ наметавон азамату шинохти адабиёту фарҳангро ҳосил кард. Вай илова бар ин ки ба унвони шоиру нависандаи барҷастаи таърихи адабиёти туркии чиғатоӣ ё ӯзбекии қадим шинохта шуда, ҳамчунин нақши муҳимме ба ҳайси суханвари забони дарӣ ифо намуда. Девони форсии вай илова бар ғазалиёт шомили рубоиёту муқаттаоту қасида ва ғайра аст, аммо ӯро асосан метавон шоири ғазалсаро гуфт, чун девони форсии вай, ки дорои 4704 байт аст ва аз ҷумла, 3800  байти он ғазал аст.
Бо вуҷуди ин ки роҷеъ ба абъоди шахсияту осор ва рӯзгору мероси илмию фарҳангии вай корҳои фаровон анҷом дода шуда, боз ҳам дар бораи бисёре аз симоҳои маълум ва пинҳону кашфношуда корҳои таҳқиқӣ ба анҷом хоҳад расид. Шахсияти гуногуни эшон чунон бекарону бузург аст, ки ҳатто зикри ҷанбаи кӯтоҳи он ҳам ниёз ба баррасии муфассал дорад:
Оби дарёро агар натвон кашид,    
Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид.
Ин ҷо бояд авзои сиёсию иҷтимоии Хуросону Ҳиндустони аҳди Амир Алишер ҳам ишора бишавад, ки дар Хуросон аз сулолаи Темуриён чун Мирзо Абулқосим Бобур (1457), Абӯсаид Мирзо (1469), Султон Ҳусайн Мирзо Бойқаро буданд, ки ҳамаи онҳо шахсиятҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангӣ буданд ва дар заминаи фарҳангу ҳунару маориф хадамоти бузурге анҷом додаанд. Мир Алишери Навоӣ таҳти сарпарастии эшон бузург шуд ва ба даъвати Султон Бойқаро дар соли 1469 аввал вазифаи муҳрдорӣ ва сипас, узвияти девони олии аморатро ба уҳда гирифт ва низ ба мақоми «ийчагӣ» ё надимӣ расид. Аз лиҳози адабию фарҳангӣ ин давра яке аз дурахшонтарин замони Хуросон буд ва худи Амир Алишери Навоӣ-Фонӣ дар ҷиҳати ғанӣ сохтани он рӯзгор нақши муҳимме ифо намудааст. Вай на танҳо осори беназиру асил ба забонҳои туркии чиғатоӣ ё ӯзбекӣ ва дарӣ ба офариниш оварда, балки ба унвони сарпарасти шоирону нависандагон ва уламову ҳунармандон дар шаҳри Ҳирот хадамоти азими ташвиқ ва ҳимояту парвариши  онҳоро анҷом дода ва ба навъе ренессанси адабию илмӣ ва фарҳангиро ба авҷи муваффақият расонидааст.
Аз тарафи дигар дар Ҳинд ҳукумати Лудиёни афғонӣ (аз соли 1451 то 1526) дар маркази он Деҳлӣ ва амирони Шарқӣ (1479-1494) дар тарафи вилоёти шарқ, ки маркази он Ҷунпур буд, ҳукумат доштанд. Ҳамин тавр, дар тарафи ҷануби Ҳинд ҳукумати Баҳманиён (1347-1527), ки пойтахти он аввал дар Аҳсанобод (Гулбарга, 1347-1425) ва сипас дар Муҳаммадобод (Бедар) буд, ҷараён дошт. Ҳукмронони Лудиву Шарқӣ ва Баҳманӣ фарҳангу адабдӯст буданд ва бо масъулияти ғуруромезу бузург  пуштибониву тарғиб ва ҳимоят аз аҳли илму дониш ва адабу ҳунарро ба дӯш медоштанд. Аз миёни салотини Лудӣ, бахусус Искандари Лудӣ ва Иброҳими Лудӣ тамоюли шахсӣ ба адабиёту шеъру сухан доштанд.
Маъруфтарин шахсият дар миёни уламо ва шоирону урафои аҳди Лудиён Мавлоно Ҷамолуддини Ҷамолӣ буд. Вай дӯсти Султон Искандари Лудӣ буд ва султон ашъори худро барои ислоҳ пеши Ҷамолӣ мебурд. Вай дар билоди ҷаҳони исломӣ  зиёд мусофират кард ва дар ҳар шаҳре, ки мерасид, он ҷо ба дидори уламо ва машоҳири он ҳам мерафт. Масалан, аввал ба Мултон рафт ва он ҷо ба хидмати Шайх Садруддини Шаҳруллоҳ, Мавлоно Камолуддини Ҳусайн ва Махдуми Билоли Синдӣ рафт ва сипас, Ҳироту шаҳрҳои Эрон ва Ироқу Димишқ ва Маккаву Андалус ва Яману Байтулмуқаддас ва билоди Румро  ҳам дидан кард. Вай дар соли  1492 ба Ҳирот расид ва дар манзили Мавлоно Ҷомӣ гузар кард ва он ҷо бо уламои Ҳирот чун Шайх Сӯфӣ (аз хулафои Зайнуддини Хофӣ), Масъуди Шервонӣ, Мавлоно Ҳусайни Лорӣ, Абдулғафури Лорӣ ва ғайра  мулоқот кард. Эҳтимол меравад, ки эшон ҳатман дар иртиботи Амир Алишер омада бошанд. Асари Ҷомӣ «Шарҳи байте аз Хусрави Деҳлавӣ» дар миёни форсидонони  Шибҳи Қора  маъруф аст, ки он шарҳи ин байти Амир Хусрави Деҳлавӣ аст:
Зи дарёи шаҳодат чун наҳанги ло барорад 
сар,
Таяммум фарз гардад Нӯҳро дар вақти 
тӯфонаш.
Илова бар ин, вай байти дигарро ҳам шарҳ карда:
Моҳи наве, к-асли вай аз сол хост,
Гашт яке моҳ ба даҳ сол рост.
Мегӯянд, ки Ҷомӣ дар шарҳи ин байт тараддуде дошт ва вақте ки Ҷамолӣ дар хидматаш буд, аз ӯ мазмуни онро пурсид.
Шоирони дигари Ҳинд, чун Шаҳидии Қумӣ ва Ҳошимии Кирмонӣ, ки аз Эрон омада буданд, ба хидмати Ҷомӣ ҳам расидаанд.
Салотини Шарқӣ  тавре аз аҳли дониш изҳори самимияту муҳаббат ва аз онҳо ҳимоят карданд, ки пойтахти онҳо шаҳри Ҷунпур маркази уламову фузало ва ҳунармандони он аҳд шуд. Ва иддае аз миёни онҳо аз марокизи бузурге чун Балху Ғазниву Ҳирот ҳам буданд.
Ҳукмронони хонаводаи Баҳманӣ низ дар заминаи ҳимоят ва сарпарастии адабу фарҳанг ва ҳунар аз ҳеч навъи мусоидат фурӯ намегузоштанд, аммо аз миёни онҳо бахусус бояд  исми яке аз вузарои Баҳманиён, яъне Хоҷаи Ҷаҳонмаҳмуди Говон (1466-1481)-ро бурд, ки муосир ва ҳамсони Амир Алишери Навоӣ буд. Ин амири илмпарвар дилбохтаи дониш ва донишмандону уламо, ҳунару ҳунармандон ва суханварон  ба эъмори  мадорису қалъаҳо ва биноҳои омулманфиа  таваҷҷуҳи фаровон дошт. Аз миёни муассасоти эъморкардаи ӯ донишгоҳи бузург ба номи Мадрасаи Маҳмуди Говон маъруф шуд, ки он ҷо тамоми улуми мутадовил  тадрис мешуд. Китобхонааш дорои 3 ҳазор нусхаи хаттии ноёб  буд. Маҳмуди Говон худ иншонависи барҷаста буд ва муносиботу ақидат бо Мавлоно Ҷомӣ дошт. Мукотибати байни онҳо ва қасидае, ки Ҷомӣ дар мадҳи Маҳмуди Говон  суруд, ишора ба иртиботи самимона миёни онҳост. Хоҷаи Ҷаҳон ҳарсола маблағе ваҷҳи ҳадя ба хидмати Ҷомӣ мефиристод. Ҷомӣ дар номаҳое, ки ба вай навишта, ӯро Маликуттуҷҷор хитоб карда ва ду бор ба ин далел аз вай пӯзишхоҳӣ кардааст, ки наметавонад ба сарзамини Ҳинд мусофират кунад. Ва дар қитъае пурсӯзу гудоз аз орзуи дидори Маҳмуди Говон изҳор намуд. Эҳтимоли заиф аст, ки ду шахсияте мисли амири кабир  Алишери Навоӣ ва Хоҷаи Ҷаҳон, ки фирефта ва дилбохтаи донишу донишмандон ва уламо буданд, ноошно бо якдигар буда бошанд.
Мир Ҳошимии Кирмонӣ маъруф ба Шоҳи Ҷаҳонгир, орифи Синд дар маснавии «Мазҳар-ул-осор» ё «Мазҳар-ул-асрор» (дар ҷавоби «Махзан-ул-асрор»-и Низомӣ суруда) аз Султон Ҳусайн Мирзо ва Алишери Навоӣ  мадҳ кардааст ва дар бораи Навоӣ-Фонӣ мегӯяд:
Дошт амире ба ҳазорон камол,
Нодиру мумтозу адимулмисол.  
Шердилу соҳиби шамшер буд,
Номи хушаш Мир Алишер буд.
Дар фани туркӣ ба сарири қалам,
Гуфт сало бар Арабу бар Аҷам.
Булаҷаб ин аст, ки он номдор,
Бо ҳамагӣ машғалаи рӯзгор.
Дод ба девони ғазал интизом,
Кард яке «Хамса»-и туркӣ тамом.
Гуфт ба туркӣ суханони бузург,
Аз дами Хизру нафаси пири турк.
Буд шабу рӯз ба сад иззу ҷоҳ,
Ҳамнафаси Хусрави олампаноҳ.
Аммо на танҳо ин ки Навоӣ пайравӣ аз Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳасани Деҳлавӣ дар хамсанависӣ  ва ғазалсароӣ  карда, балки сабки ғазалсароии худи ӯ, бино ба гуфтаи доктор Рукнуддини Ҳумоюнфаррух (мусаҳҳеҳи девони Алишери Навоӣ-Фонӣ), дорои афкор ва тахайюлоту ташбеҳоте мебошад, ки ба ҳадди ибҳом ва иҳому таъкид, аммо ба сурати ибтидоӣ дида мешавад ва баъдан гунаҳои он дар ашъори суханварони Ҳинд фаровон омадааст. Доктор Ҳумоюнфаррух менависад: «Ӯ сабки хуросониро  бо сабки ироқӣ  ва сабки Ҳирот  ба шеваи хосе дарҳам омехта ва ихтилоти ин се сабк, ки намояндаи  се навъи тарзи тафаккуру андеша ва тахайюл ҳастанд, дар фосилаи панҷоҳ сол асосу сармояи сабке шудааст, ки ба ғалат онро ҳиндӣ мехонанд... ва тарзу равишеро, ки Амир Алишер ва шуарои пайрави ӯ бунён гузоштаанд, нашр дода ва дар таъмими он кӯшидаанд ва чун шуарои форсизабон дар Ҳинд пайрави онон шуданд, ин сабк ба ҳиндӣ  номгузорӣ шуд. Ба ҳар ҳол ғазалиёти Фонӣ  беҳтарин  нусхаи ин сабк аст».
Бар мабнои ин гуфтаҳо метавон гуфт, ки Фонӣ-Навоӣ яке аз бунёнгузорони сабки ҳиндӣ мебошад, ки шеваи маҳбуби ғазалсароии шоирони қарни шонздаҳум ва баъд дар Ҳинд ривоҷ пайдо кард. Ба таври намуна:
Аз хаёли он миён фикри муҳоле 
доштам,
Буд агарчи бас муҳол, аммо хаёле 
доштам.
Ё:
Фарози сабза ҳар сӯ лолаи раъно 
зи бисёрӣ,
Бувад чун абр шангарфе ба рӯйи чархи 
зангорӣ.
Ва ё густарда баҳри базми гул фарши 
зумуррадгун
Ба рӯйи фарш бӯрё карда шодарвони 
гулнорӣ.
Латофат бин, ки дар оинагун дарёи 
ахзарфом,
Ҳама акси шафақро мезанад лофи 
намудорӣ.
Аммо нуктаи муҳимме, ки бояд хулоса кард, ин аст, ки Амир Алишери Навоӣ-Фонӣ намояндаи бузурги тамаддуну фарҳанги Хуросони Бузург буда, ки шахсияташ  дорои хубиҳо ва фазоили умдаи  марокизи илмию ирфонӣ ва фарҳангии ҷаҳони форсӣ чун Шерозу Самарқанду Балху Ғазнин ва Ҳироту Деҳлӣ ва Дакан буда ва аз он файз бурда ва ба василаи осору корҳои худ  фарҳангу адабиёти тамоми ин қаламравро парвариш додааст.

Доктор Ахлоқ Аҳмади ОҲАН,
Маркази мутолиоти форсӣ ва Осиёи Миёнаи
Донишгоҳи Ҷавоҳирлаъл Неҳруи Деҳлӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: