НАВРӮЗ ДАР ОН ҶОСТ, КИ ЁРОН ҲАМА ҶАМЪАНД...

Рӯзҳои охири моҳи март ҳайати намояндагони вилояти Самарқанд таҳти сарварии ҷонишини ҳокими вилоят оид ба робита бо созмонҳои ҷамоатӣ ва динӣ Баҳодур Қодиров бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон рафтанд.

Ҳайати мазкурро, ки аз аҳли илму адаб ва фарҳанг иборат буд, дар гузаргоҳи сарҳадии Саразм – Ҷартеппа муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатии ҷумҳурии бародарӣ зери садои доираю карнай пешвоз гирифтанд. 
Сипас, меҳмонон ҷониби шаҳри Хуҷанд раҳсипор шуданд. 
Ҳамин рӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри бостонӣ чорабинии ҷумҳуриявии Ҷашни Наврӯз баргузор гардид. Дар он Президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ кард.
Ӯ мардуми Тоҷикистон, иштирокдорони ҷамъомади тантанавӣ, аз ҷумла ҳайати намояндагони Ӯзбекистон, вакилони сафоратхона ва созмонҳои байналмилалиро ба ифтихори ҷашни Наврӯз табрик гуфта, ба хонадони мардум хушбахтӣ, файзу баракати наврӯзӣ таманно намуд.
Дар идома барномаи бошукуҳи консертӣ бо иштироки сарояндагони маҳбубу маъруфи кишвар, аз ҷумла ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Исроил Файзиддинзода, Тӯлқин Тоҷибой, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадрофеи Кароматулло, узви ансамбли «Дарё» Нигина Амонқулова ва дигарон доир гардида, ҳунари минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар жанрҳои мухталиф, аз ҷумла помирӣ, хатлонӣ ва суғдӣ намоиш дода шуд. Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Оғобек Собиров низ бо гулчини таронаҳои дилангези худ табъи иштирокдоронро болида сохт.
Баробари барномаи консертӣ намоишҳои ҷолиб, ки ифодагари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии  Тоҷикистон, таҷассуми расму оин ва суннатҳои неки наврӯзӣ буданд, пешкаш шуданд.
– Наврӯзи оламафрӯз, ки ҳоло ҷашни ҷаҳонист, дар бисёр кишварҳои олам таҷлил мегардад, – гуфт артисти халқии ҳарду ҷумҳурӣ Мардон Мавлонов. – Наврӯз ҷашни эҳёи табиат, покию нафосат, ватандӯстию ватанпарварӣ, орзуву умед,  дӯстиву рафоқат, меҳру муҳаббат ва фарохдиливу ҳамҷиҳатӣ мебошад. Фалсафаи Наврӯз хусусияти созандагӣ ва сарҷамъӣ дорад. Шоире ба ин маънӣ фармудааст:
Наврӯз дар он ҷост, ки ёрон ҳама 
ҷамъанд,
Ёрон ҳама ҷамъанду ҳазорон ҳама 
ҷамъанд. 
Оре, Наврӯз қодир аст халқҳоро ба ҳам оварад, робитаҳоро пойдор намояд, риштаҳои дӯстиро мустаҳкам созад. Имрӯз мо – аҳли фарҳанги Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омадем, то дар ин ҷашни сулҳу дӯстӣ иштирок кунем. Ҳар як баромади санъаткорон, ҳунарнамоии зебои раққосаҳо, намоишҳои идонаи писарон ва гулдухтарон, баромади дастаҳои фолклорӣ, нашъаи баҳорона, дӯстона дошт, ки табъи моро низ болида сохт. Аз оғози тадбир то анҷом зери савту навои дилкаш рақсидем, хурсандӣ кардем. Бовар дорем, ки дӯстиву рафоқати кишварҳои мо беш аз пеш мустаҳкамтар ва доираи робитаҳои фарҳангӣ васеътар мешаванд, ҳамчунин иштироки намояндагони давлатҳо дар чунин чорабиниҳои идона бамаротиб меафзояд. 
Ҷашни зебову дилорои Наврӯз бо мушакпарронӣ ҳусни анҷом гирифт.

Фаридун ЮЛДОШЕВ,
САМАРҚАНД – ХУҶАНД – 
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: