НАВРӮЗ ДАР ҚАШҚАДАРЁ

Наврӯз аз ҷашнҳои қадимаи мост, ки бо мурури замон ба иди миллии қавмҳои дигари маскуни минтақа низ мубаддал гаштааст.

Алҳол миллатҳои зиёдеро метавон ном бурд, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд ва ба он арҷ мегузоранд. Дар радифи чандин ҷашнҳои хурду бузурги дигар имрӯз дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол иди Наврӯз бо шукӯҳи хоса таҷлил меёбад ва дар қатори тоҷикону ӯзбекон, ки аз қадимтарин сокинони ин сарзамин ҳастанд, миллатҳои дигар низ ба ҷилои ин ҷашни қадима меафзоянд. 
Дар кишвари мо тантанаҳои наврӯзӣ хеле пештар аз расидани ид оғоз меёбанд ва боз рӯзи дигари баъди он низ идома мекунанд. Зеро Наврӯз ягона идест, ки мардум хеле дӯсташ медоранд ва аз таҷлилаш ҳаргиз сар намепечанд. Онҳо чун аҷдоди худ  боварӣ доранд, ки бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифтани Наврӯз боиси пешрафтҳо ва хурсандиҳо дар давоми сол аст. Мардум баробари хубу хотирмон ҷашн гирифтани Наврӯз аз Парвардигор талаби ризқи фаровон, зиндагии ором, обод ва серу пурӣ мекунанд. Ин анъанаи аҷдодист. Ҳарчанд Наврӯз аз ҷашнҳои дерпои мардумӣ аст, маҳз дар даврони истиқлолият ҳукумати кишвар аз он ҳимоят карда, таҷлилашро дар сатҳи баланди ҳукуматӣ ба роҳ монд. Олимони ҷомеашинос дар он назаранд, ки чунин чорабиниҳо ба худшиносии мардум мусоидат мекунанд.
Чун дар ҳама вилоятҳои ҷумҳурӣ дар Қашқадарё низ тантанаҳои наврӯзӣ даҳ рӯзи пеш аз расидани Наврӯз ибтидо гирифтанд. Мардуми шаҳру навоҳии вилоят яке паси дигаре ба ҷашни Наврӯз пардохта, домани хурсандиҳоро васеъ карданд. Дар кулли ташкилоту корхона ва муассисаҳои хурду бузург, маҳаллаҳо, ҷамоаҳои меҳнатӣ Наврӯз ҷашн гирифта шуда, суманак пухтанд ва ин ғизои наврӯзиро чун нишони меҳру муҳаббат ба хонаҳои азизони худ, ба оилаҳои ниёзманд, пирони барҷомонда, беморони бистарӣ тақдим карданд. 
Дар 19 шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё таҳти шиори «Ҳар рӯзат Наврӯз бод, Ӯзбекистони Нав!» Наврӯз ба шукӯҳи хоса таҷлил шуд. Бештари тантанаҳои наврӯзӣ дар оғӯши табиат сурат гирифтанд. Ҷашн дар ҳар ноҳия рангу намои махсус дошт. 
Аз ҷумла, дар Наврӯзи ноҳияи Деҳқонобод мусобиқаи бузкашӣ доир гардид, ки човандозони моҳир ва ангуштнамои тамоми Қашқадарё ва навоҳии наздики вилояти Сурхондарёро низ гирдиҳам овард.Зойир Алиқулов, ҳокими ноҳияи номбурда кулли мардумро бо Наврӯз табрик гуфт ва аз он изҳори шодмонӣ намуд, ки имрӯзҳо Ватани мо орому осуда асту мардум бо хотири ҷамъ идҳоро таҷлил мекунанд.
Дар ноҳияи Ғузор Наврӯз бо суруду навоҳои мардумӣ оғоз гардида, ҳазорҳо нафарро ба ҷашнгоҳ бозхонд. Ҳунармандони боистеъдод Алиҷон ва Воҳидҷон Содиқовҳо бо сурудҳои хубу ҷаззоб ба мардум кайфияти наврӯзӣ бахшиданд. 
Дар аксари ноҳияҳо баробари тараннуми суруду таронаҳои мардумӣ мусобиқаҳои варзишӣ низ доир гардиданд, ки яке аз дигаре  ҷозибтар буданд. Дар ноҳияи Қамашӣ «Сайри Суманак» баргузор шуд, дар ин чорабинӣ тамоми раҳбарони секторҳо, муовинони ҳокими ноҳия, сарварони муассисаву ташкилот ширкат варзиданд. Боз як ҷиҳати фарқкунандаи Наврӯзи ноҳияи Қамашӣ он буд, ки барои 53 нафар фарзандони оилаҳои аз нигоҳи иқтисодӣ муҳтоҷ тӯйи суннатӣ ё хатнасур ташкил шуд ва барои ҳар кадоми онҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим гардид. Дар наврӯзгоҳи ноҳия пуфаки бузурги ҳавоӣ, ки як бари онро парчами Ӯзбекистон оро медоду дарозияш 12 ва бараш 5 метр буд, сар дода шуд.
Бояд таъкид кард, ки дар аксар ноҳияҳои вилоят ба шарафи Наврӯз корхонаҳои нав, биноҳои замонавии ин ё он муассиса бо тантана ба истифода дода шуданд, ки ба мардум чун туҳфаи наврӯзӣ сурур бахшид. Масалан, дар маҳаллаи «Пахтакор»-и ноҳияи Яккабоғ бинои замонавии ҷамоаи шаҳрвандони деҳот ба истифода супорида шуд. Ҳамчунин дар ноҳияи мазкур барои 480 нафар хонанда бинои нави дабистон ба кор оғоз кард. Дар ноҳияи Китоб дар қатори чорабиниҳои басо мароқангези наврӯзӣ  «Академияи донишомӯзони иқтидорноки IT» сохта шуда, барои истифодаи умум қарор гирифт. Ин маскани таълимӣ бар ивази 48 миллиард сӯм барпо гардид, ки ташаббускори он Президенти кишвар аст. Дар расми кушоиши он ҳокими вилоят Муротҷон Азимов иштирок карда, таъкид намуд, ки мактаб беҳтарин туҳфаи наврӯзӣ ба мардуми минтақа мебошад.
Тантанаҳои наврӯзӣ чун зинаи ниҳоӣ дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Қаршӣ ҳам баргузор гардид. Дар он аз тамоми қаламрав фаъолони меҳнат даъват шуданд. Наврӯзи вилоятро Муротҷон Азимов бо суханҳои муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, аз бунёдкориҳои арафаи ид ёдовар гашт ва зикр намуд, ки Наврӯзро бояд тавре ҷашн гирифт, то тамоми сол зиндагии мардум ба хурсандиҳо пайванд гардад. 
Пас аз барномаҳои консертӣ бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ ҳама ба «Сайри наврӯзӣ» даъват шуданд ва намоишгоҳи махсуси намунаҳои ҳунари дастии ҳунармандони минтақа, экспонатҳои вобаста ба таърих, намунаи ғизоҳои мухталифро, ки дар маърази тамошо гузошта шуда буданд, тамошо намуданд.
Наврӯзи вилояти Қашқадарё идома дорад.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: