НАВРӮЗ ҶАШНИ ҲАМАГОН АСТ

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии қадимаи мардуми мо мебошад, ки тайи ҳазорсолаҳо таҷлил мегардад.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии қадимаи мардуми мо мебошад, ки тайи ҳазорсолаҳо таҷлил мегардад. Ин ҷашн, ки ҳангоми бедоршавии табиат истиқбол гирифта мешавад, ҳоло чун арзиши умумибашарӣ дар байни миллатҳову халқиятҳои гуногуни ҷаҳон эътироф гардидааст.
Ҷашни Наврӯз ҳоло ба як ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дорои арзишҳои бузурги миллӣ мебошад.
Гулафшон гашт аз нав 
зиндагонӣ,
Бишуд Наврӯзи фаррухпай 
ҷаҳонӣ.
Наврӯзро танҳо як ид ё ҷашнвора ҳисобидан хатост, он оини бузургу шукӯҳманду пурҷилои эронинажодону баёнгари таърихи фарҳангу адабу тамаддуни бостонии мо мебошад.
Дар он суннати қадимии ориёиён то андозае таърих, рӯзгор, зиндагӣ, урфу одат, бовариҳою ормонҳои миллии ниёгони мо бозтоб ёфтаанд. Ҳамин Наврӯз аст, ки моро бо оинҳову суннатҳои гузаштагонамон мепайвандад.
Чунончи шоир фармудааст:
Дар гирди хони Наврӯз хешу 
табору ёрон,
Дуранд ёки наздик, 
беист ҷамъ оянд.
Бошад, ки сер бинанд соли 
дароз ҳамроҳ,
Бо ҳамдигар бисозанд, 
бо ҳамдигар бинозанд.
Дастурхони Наврӯз бояд, 
ки боз бошад, 
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши 
сабзи гандум.
Вазифаи мо аз он иборат аст, ки кӯдакон, бачагон ва донишҷӯёнро бо ҷашнҳои аҷдодӣ аз наздик шинос намуда, оташаке дар дили кучаки онҳо нисбат ба арзишҳои миллӣ – хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ афрӯзонем.
Онон бояд оиди пайдоиши Наврӯз, зебоӣ, бедоршавии табиат, ҳифз ва нигоҳдории он, заҳматҳои меҳнати деҳқон барои ризқу рӯзии мардум, шодию нишоти одамон, сиҳат ва саломат ба баҳори нав расидан маълумот дошта бошанд. Бояд хурду бузург бидонем, ки Наврӯз ба як “ҷашн гуфтану  онро таҷлил гирифтан” фаҳмида намешавад. Наврӯз барои мо оғози  Соли нав аст. Наврӯз ҳангоме фаро мерасад, ки офтоб ба бурҷи Ҳамал наздик мешавад ва сардиҳо дуру табиат бедор гардида, марди деҳқон ба замин дона мепошад, то рӯзгорашро таъмин намояд. 

Мӯниса РАЗЗОҚБЕРДИЕВА,
донишҷӯйи гурӯҳи тоҷикии факултети филологияи Донишкадаи педагогии Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: