Наврӯз – ифодаи рӯзи нав буда, дар саросари ҷаҳон дар шакли наврӯз талаффуз мешавад, ки аз таърихи халқи ориёӣ ва гузаштаи қадим ҳамчун сарчашмае дарак медиҳад.
Наврӯз – ифодаи рӯзи нав буда, дар саросари ҷаҳон дар шакли наврӯз талаффуз мешавад, ки аз таърихи халқи ориёӣ ва гузаштаи қадим ҳамчун сарчашмае дарак медиҳад. Наврӯз бо вуҷуди таъқиботи зиёди аҷнабиён дар мамлакатҳои Шарқ ҷашн гирифта мешуд ва то кунун барҷост. Оид ба ин ҷашни бостонӣ дар сарчашмаҳо маълумотҳои гуногун вуҷуд дошта ва он баъд аз даврони истиқлолият бо шукӯҳи тоза таҷлил мегардад. Боиси хурсандӣ мебошад, ки дар қатори манбаъҳои таърихӣ ҳамчун мероси маънавӣ ва миллӣ ба рӯйихати ЮНЕСКО ҳамчун иди мамлакатҳои Шарқ дохил шудааст. Наврӯз ҳамчун ид даставвал дар байни халқҳои эронӣ, баъдтар дар байни халқҳои ғайриэронӣ ҷашн гирифта мешуд. Наврӯзро мутобиқи солшумории шамсӣ 1-уми фарвардин (ҳамал), ки ба 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд, ҷашн мегирифтанд. Онро инчунин дар баъзе қитъаҳо ҳамчун «Иди соли нав», «Иди сари сол» ва ғайра ҷашн мегиранд, ки таърихи баромади Наврӯз ба асотири космогонӣ оид ба табиати миранда (дар зимистон) ва эҳё – зиндашавии табиат (дар баҳор) вобастагӣ доштааст.
Мо метавонем ин ақидаро дар ашъори шоирони адабиёти форс-тоҷик мушоҳида намоем.
Чашм во кун, ранги асрори
дигар дорад баҳор,
Он чӣ дар ваҳмат нағунҷад
ҷилвагар дорад баҳор.
Соате чун бӯйи гул аз қайди
пироҳан баро,
Аз ту чашми ошноӣ он
қадар дорад баҳор.
Каҳкашон ҳам поймоли
мавҷи тӯфони гул аст,
Сабзаро аз хоби ғафлат
чанд бардорад баҳор.
(Бедил).
Чун сухан аз таърихи Наврӯз ва таърихи халқҳои эронӣ рафт, бояд гӯем, ки дар Осиёи Миёна ва Эрон аз асри 7-и то милод солшумориро дар асоси тақвими авестоӣ ҳисоб менамуданд. Мувофиқи ин солшуморӣ сол ба 12-моҳи 30 рӯзӣ тақсим шуда, ҳар як рӯз ном доштааст, ки аз ин се рӯзашро ба таври алоҳида ҷашн мегирифтаанд. Аввало Наврӯзро, ки ба ин ид эътибори алоҳида медодаанд. Наврӯз айёми баҳор, бедоршавии табиат, оғози мавсими кори бобои деҳқон, ибтидои пошидани тухмӣ ба замин, ки асоси идомати ҳаёти инсон ва табиат мебошад. Ҷашни дигаре, ки дар аввали тирамоҳ таҷлил мешуд «Меҳргон» аст, ки он ҳамчун иди Ҳосил таҷлил мешавад. Халқҳои эронинажод рӯзи 10-уми баҳманмоҳ ҷашни дигаре доштанд, ки ба охирҳои моҳи январи солшумории милодӣ рост меояд, онро «Сада» меномиданд. Ин се ҷашнро ба якдигар муқоиса намоем боиси фахр аст, ки халқи мо соҳиби чунин таърихи дурудароз ва ақлу заковат, дорои фаҳмиши бузурги фалсафӣ будаанд.
Ин ҷо бояд қайд намоем, ки Наврӯз ва ё ҷашнҳое, ки қайд намудем, ба ягон дин алоқае надоранд.
Бобати чанд рӯз ҷашн гирифтани Наврӯз низ фикрҳои мухталиф мавҷуд аст. Мо ин ҷо маълумоти олими бузург Абурайҳон Беруниро меоварем: Шоҳони Сосонӣ Наврӯзро 6-рӯз ҷашн мегирифтанд. Онҳо рӯзи аввалро бо қабули мардум гузаронанд, рӯзи дуюмро мансабдорон ва давлатмандонро қабул намуда суҳбат меоростанд. Рӯзи сеюм рӯзи муъбадон, рӯзи чаҳорум барои аҳли дарбор буд. Рӯзи панҷум аёдати фарзанд, хешу табор бошад, ниҳоят рӯзи шашум худи шоҳ Наврӯзро ҷашн мегирифт, ки ин рӯзро «Наврӯзи бузург» мегуфтанд. Инчунин, бояд гуфт, ки дар Осиёи Миёна ва Эрону Озарбойҷон, Наврӯзро сенздаҳ рӯз ҷашн мегирифтаанд ва онро дар Эрон «Наврӯзи сенздаҳбадар» меномидаанд.
Ҳамагонро бо ин рӯзи сайид бад-ин байти зебои шоири тавоно Лоиқ муборакбод мекунам ва тансиҳатию хотирҷамъӣ орзу менамоям.
Эй ғунчаи хандида,
Наврӯз муборак бод,
Эй чашмаи ҷӯшида,
Наврӯз муборак бод.
Шавкатулло ОСТОНАЕВ,
муаллими мактаби рақами 18-уми ноҳияи Узун.