НАВРӮЗ, КИ ОМАД, ХАБАРИ ГУЛ ОМАД...

Иди Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин ва анъанавии мардуми Шарқ буда, аз рӯи солшумории шамсӣ ба аввали фарвардинмоҳ рост меояд.

Ин ҷашнро дар баъзе маҳалҳо «сари сол» низ мегӯянд.
Наврӯзи хушбахтиоварандаро аҳли Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Ӯзбекистон ҳам бо шодию сурур пешвоз мегирад. Иди Наврӯз дар вазъе мегузарад, ки замин аз хоби зимистон бедор гашта, дар худ либоси махмалӣ пӯшида, саропо аз гулҳову шукуфаҳо ороста мегардад, накҳати хушбӯйи атрогини табиат ба машоми кас мерасад. Дар ин айём аз тамоми чашмасорон обҳои мусаффо ҷорӣ мешаванд, муғҷаҳои дарахтони кӯҳу даман аз фараҳ лаб во мекунанд, гули бойчечаку қоқу мешукуфад ва аз ин манзараҳои дилфиреб руҳияти одамон болида мегардад. Ба онҳо табиати зиндаву зебо нируи тоза бахшида, деҳқононро ба корҳои деҳқонӣ даъват менамояд.
Баъзе аз уламои Эрон мегӯянд: «Сабаб он аст, ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид ва барои худ тахт бисохт ва ба он нишаст ва амр дод, ки чун рӯзи нав ин рӯзро ҷашн бигиранд». 
Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» менависад, ки Ҷамшед ба хишткорӣ, шоҳибофӣ, лашкаркашӣ, шамшеру сипарсозӣ, сангтарошӣ ва ба мушки анбарсозӣ барин ҳунарҳо асос гузошта, мамлакатро обод, сарҳадҳоро мустаҳкам ва сулҳу салоҳро барқарор сохта ба истиқболи Наврӯз фармон додааст:
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи фарвадин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон сохтанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Пешвозгирӣ ва гузарондани иди Наврӯз хусусиятҳои ба худ хос дорад. Яке аз онҳо поккорӣ намудан, хонаву ҳавлиро ҷорӯб задан, косаву табақ ва дигар ашёҳоро шустан, хӯрокҳои гуногуни наврӯзӣ: санбӯса, ширбиринҷ, гӯҷа ва ҳар гуна шириниҳоро тайёр намудан иборат аст. Доир ба омода намудан ва хусусиятҳои таоми наврӯзӣ – суманак фикрҳои зиёде мавҷуданд.
– Ҳамсояҳои ман аллакай пухтани суманакро оғоз намуданд. Мардуми мо хайрхоҳу меҳмондӯст мебошанд. Ҳар доим аз таомҳои болаззати худ як коса бароварда, аз ҳоли ман хабар мегиранд,– мегӯяд сокини ноҳияи Чилонзори пойтахт Иринамомо. – Духтарам бо оилааш ба Русия кӯч баст. Ман худро фарзанди ин диёр меҳисобам, дар ғаму шодӣ ва ташвишҳоям ҳамсояҳоям ҳамеша дар паҳлуям ҳастанд.
Ҷашни Наврӯз дар деҳаҳои кӯҳӣ боз ҳам бошукӯҳтар мегузарад. Деҳаи зебоманзари Заркент низ қабои наврӯзӣ ба бар кардааст. Аҳли он ба ободонӣ, тоза намудани ҷӯйбор ва гирду атроф, кишту кори баҳорӣ оғоз намудаанд. Суманак, санбӯсаву пичак аз кабудиҳо рӯйи хони онҳоро зеб медиҳанд.
– Мо анъанаҳои ниёгонамонро давом медиҳем. Ҷашнгирии ин рӯзи саид, риоя ба оинҳои наврӯзӣ аз вазифаҳои умдатарини мост. Дар ин лаҳзаҳои накӯ табиат ба ҳар кас илҳоми наврӯзӣ мебахшад. 
Шоир Тамҳиди Самарқандӣ фармудааст:
Наврӯз, ки омад, хабари гул омад,
Ҳам нусха зи ҷадди зулфи сунбул омад.
Овард ҳам аз чаман ба мо бӯйи баҳор,
Ҳам муждаи ишқ баҳри булбул овард.

Наврӯз на танҳо иди мардуми форсу тоҷик аст, балки имрӯзҳо ҷашни байналхалқӣ гаштааст, дар даҳҳо кишвари дунё ҷашн гирифта мешавад. Дар Наврӯзи навбаҳорон ба ҳар як хонадони мардум хурсандиву баракоти зиёдаро орзу карда, ба ҳама умри бардавом, зиндагии осоишта ва оромиро хоҳонем, – мегӯяд дорандаи нишони сарисинагии Аълочии таълими халқ, нафақахӯр аз деҳаи Заркенти вилояти Тошканд Ӯғилой Баротова.

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: