НАВРӮЗ – ОҒОЗИ РӮЗИ НАВ

  • НАВРӮЗ – ОҒОЗИ РӮЗИ НАВ
  • НАВРӮЗ – ОҒОЗИ РӮЗИ НАВ
  • НАВРӮЗ – ОҒОЗИ РӮЗИ НАВ

Аз ҷониби Президент ва ба баргузории иди Наврӯз эътибори алоҳида дода мешавад.

Ҳоло дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ мувофиқи қарори Президенти мамлакат «Дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани ҷашни умумихалқии Наврӯзи соли 2022» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар иди Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.  

Табиист, ки мардум баробари расидани баҳори нозанин Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро интизор мешаванд. Наврӯз – оғози рӯзи нав, рамзи зебоӣ, сарсабзии табиат, ҷашни шодмонӣ ва иди деринтизори ба хусус мардуми Машриқзамин аст. Дар рӯзҳои мубораки баҳори хуҷастапай халқи сермиллати мо дар тамоми гӯшаву канор, деҳот, маҳалла ва шаҳрҳои кишвар иди пуршукӯҳи байналхалқӣ – Наврӯзи оламро бо  хушиву хурсандии самимона, бинобар урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ҷашн мегиранд.
Барои муборакбодӣ ба хонаи якдигар мераванд, аз ҳоли пирону куҳансолон хабар мегиранд, дар рӯзи таҷлили Наврӯз ҳамдигарро бо ҷашни фархунда табрик мегӯянд.
Баробари тантанаҳое, ки  мамлакатамон баргузор мешаванд, ҷашни Наврӯз дар маҳаллаи Гулшанободи ноҳияи Янгиҳаёт низ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд. Ҷашни навбатӣ барои гулшанободиён аз идҳои гузаштаи наврӯзӣ хотирмонтар гузашт. Зеро, дар баробари баргузории ҷашни Наврӯз мардуми маҳалла ба истиқболи 7-умин  солгарди наврӯзи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Гулшанобод тайёрии алоҳида дида, онро бо шодмонии беандоза ҷашн гирифтанд. Он рӯз пиру ҷавони маҳалла дар варзишгоҳи маҳалла ҷамъ омада, фарорасии ин иди мардумиро барои ҳамдигар шодбош гуфтанд. 
– Наврӯз дар маҳалла бо хушиву хурсандӣ ҷашн гирифта шуд. Агар аз як ҷониби майдони наврӯзӣ пирону куҳансолони маҳалла маҳорати гӯштингирии худро ба наврасону ҷавонон намоиш дода бошанд, дар тарафи дигар гулдухтарон маҳорати пухтупази таомҳои милливу баҳорӣ, писарон маҳсули ҳунармандии хешро ба намоиш гузоштанд. Дар баромадҳои фарҳангӣ намояндагони миллатҳои ғайри тоҷик низ, аз ҷумла қирғиз, қазоқ арзишҳои миллии худро намоиш доданд, – мегӯяд раиси маҳалла Алишер Носиров. – Таомҳои миллӣ, аз қабили оши бадӯғ, санбӯса, суманак  ва ғайра, ки аз ҷониби занони деҳа омода шудаанд, пешкаши меҳмонон гардид. Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ бино ба намуди гӯштии миллӣ ва камарбандӣ, ресмонкашӣ, дастхобонӣ барои иштирокдорони чорабинии варзишӣ завқи беандоза бахшид. 
Одатан дар ҷашни наврӯзии гулшанободиён  баҳри тановули меҳмонону мизбонон таоми миллӣ – оши палав гузошта мешавад. Қисми зиёди аҳолии маҳалла низ аз хонаҳои худ  ҳар гуна таом, нон ва анвои хӯрданӣ гирифта меоранд, ки ин анъана аз меҳмоннавозии эшон дарак медиҳад.
Воқеан, тӯли солҳои истиқлолият баргузории Наврӯзи Аҷам дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар маҳалла ҳусни таровати махсус касб намуд. Дар ин айём пирони донову кӯҳансолони рӯзгордидаи мо расму оинҳои ин мероси бебаҳои аҷдодиро ба авлоди оянда – пасовандони шоистаи кишвар маънидод мекунанд ва ташреҳу тавзеҳ медиҳанд. Беҳуда нагуфтаанд, Наврӯз васлкунандаи насли имрӯз бо фарҳанги ғаниву беназири дирӯз аст. Пас Наврӯзи Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол хуҷаста бод, ҳамдиёрони азиз.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Суратгир: муаллиф.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: