НАВРӮЗ — САРШОРИ ҒОЯҲОИ СУЛҲУ ОШТӢ ВА ҲАМБАСТАГИИ ХАЛҚҲО

Муаррихон бар онанд, ки Наврӯз собиқаи беш аз шашҳазорсола дорад.

 Дар аҳди қадим низ Офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мегардид ва шабу рӯз баробар мешуд. Уламо ин рӯйдоди нодири табииро  кашф карданд ва шоҳ Ҷамшед дар ин рӯз ба тахт нишаст ва ин рӯзро Наврӯз  эълон кард, базми ҷамшедӣ биорост, ба хосу ом зиёфату инъомҳо бахшид ва ҷашнгирии он ба баъд оин гардид. Бо ишора ба бурҷи ҳамал ворид гардидани Хуршед ва баробаршавии шабу рӯз устод Бозор Собир шоҳбайти хуросоние дорад, ки аз он беҳтару болотар наметавон гуфт:
Бародар, иди Наврӯзат муборак,
Баробар шуд шабу рӯзат муборак.
Дар тӯли таърихи дароз аз шикасту рехтҳои зиёд забони мо, шеъри мо ва Наврӯзи мо зинда монд. Таҷриба нишон медиҳад, ҳар он чи ки бо ҳама саркӯбӣ ва маҳдуду масдудкуниҳо зинда мемонад, дар худ ҷавҳаре — дарунмояе дорад. Ҷавҳару дарунмояи Наврӯз чист? Чаро он қарнҳову замонҳоро сарбаландона убур карда тавонист? Зеро Наврӯз аз ғояҳои ваҳдату ҳамбастагӣ, сулҳу оштӣ, дӯстиву рафоқат ва созандагиву офарандагӣ, ки орзуву ормонҳои умумибашариянд, саршор аст, пирӯзии некӣ бар бадӣ, рӯшанӣ бар торикист, ба ҳеч дину мазҳаб  иртиботе надорад, як ҷашни сирф мардумист.  Бо як сухан, Хуршеди наврӯзӣ ба бани башар — оламиён яксону баробар нур мепошад. Ба ин маънӣ, онро Наврӯзи олам низ номидаанд. Яъне, он аз қадим ҷашни байналхалқӣ будааст. Бино ба ақидаи Абӯрайҳони Берунӣ («Осор - ул - боқия»): «Наврӯз офариниши олам аст». Аҷдоди мо ақида доштанд, ки дунё гӯё ҳангоми ба бурҷи ҳамал ворид гардидани Хуршед — баробаршавии шабу рӯз офарида шудааст.        
Қабл аз вуруди Наврӯз рӯбучину хонатаконӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, санбӯсаҳои алафин, аз ҷумла суманак, сайругашт, бадеҳахонӣ , аз болои оташ ҷаҳидан, гулгардонӣ хона ба хона, суруду таронахонӣ (ҳамоҳангии инсон бо табиати зиндашудаистода) ин ҳама ҷанбаҳои расму оинии Наврӯзанд. Вале Наврӯз ҷанбаҳои асотирӣ, таърихӣ, фалсафию ирфонӣ ва зебоипарастӣ низ дорад, ки мардуми мо аз ин ҷанбаҳо камтар бархурдоранд. Нарӯзро мо набояд танҳо аз табиат ва урфу одатҳои мардумӣ ҷӯё бошем, балки аз китобҳо биҷӯем, насли наврасро китобхон кунем. Китоб инсонро соҳибмаърифат месозад, ба қавли пешинагон, он фурӯғи субҳи доноист. Ба  китоб ва китобхонӣ рӯйи эътибор гардондани роҳбари давлатамон низ беҳуда нест. Ҳоло дар ҳамаи минтақаҳои кишварамон дари китобхонаву дӯконҳои китоб боз мегарданд. Агар шоири бузурги ҷаҳонӣ — Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» - и безаволаш, Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор - ул - боқия» ва дигар шуарову уламо дар осори хеш  оиди  Наврӯз маълумот намедоданд, мо аз бисёр чиз бехабар мемондем.
Мисолан, агар насли имрӯз «Таърихи Наршахӣ» - ро нахонад, намедонад, ки пешинагони ӯ Наврӯзро бисту як рӯз ҷашн мегирифтаанд. Наршахӣ дар китоби мазкур фармудааст: «... Ва чун бозори охирини сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бисту як рӯз Наврӯз кунанд ва онро наврӯзи кишоварзон гӯянд». Ва абёте, мисли ин шоҳбайти Анварӣ:
Боз ин чӣ ҷавонист заминрову замонро,
Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро.
ба ҳисси зебоипарастии ӯ намефзоянд. Ва агар ин байти Манучеҳриро: 
«Наврӯзи Бузург» - ам бизан, ай мутриб, имрӯз,
Зеро ки бувад навбати «Наврӯз» ба Наврӯз.      
хонад, маърифат ҳосил менамояд, ки «Наврӯзи Бузург» яке аз навоҳои мусиқӣ низ будааст ва онро ба ҳангоми Наврӯз менавохтаанд...
Мояи ифтихор аст, ки Наврӯз тибқи қарори СММ ҷашни умумиҷаҳонӣ эълон гардид. Бино ба маълумотҳо, ҳоло беш аз 100 кишвари ҷаҳон онро таҷлил менамояд.  Дар кишвари мо низ бо фарорасии Наврӯз ид болои ид буд. Дар пойтахти мамлакат қасри муҳташами варзишию гирдиҳамоие бо номи «Ҳумо арена», ки камназир аст, сохта ба истифода дода шуд. Дар он ҷашн гирифта шудани Наврӯзи ҷаҳонафруз ба чашмҳо нур, ба дилҳо сурур бахшид. Агар гӯем, ки истиқлолият ба Наврӯзи хуҷастапай умри дубора бахшид, муболиға нахоҳад шуд. Чоряк аср боз Наврӯз дар Ӯзбекистону Тоҷикистон ва соири кишварҳои ҳавзаи Наврӯз  бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин рӯзҳое, ки Наврӯзи некпай басе густурда ҷашн гирифта мешавад, пешниҳоде доштем. Шояд олимону донишмандони ҳавза дар ин хусус фикру андешаҳои пухтатар доранд ва чораҷӯйӣ мекунанд. Ба андешаи инҷониб, вақти он расидааст, ки доир ба Наврӯз ва таъриху фарҳанги он, тақрибан зери номи «Фарҳанги Наврӯз»,  «Донишномаи Наврӯз», ё «Наврӯзнома» бо теъдоди зиёд китоби бузургҳаҷму баландсифате рӯйи чопро бинад. Бигузор, он асотиру ривоят, таърих, суннатҳои мардумӣ, ҷуғрофияи густурдаи таҷлили Наврӯз ва беҳтарин абёту ашъореро, ки (шурӯъ аз Рӯдакӣ то имрӯз) дар ситоиши Наврӯз гуфта шудаанд, дар бар гирифта бошад. Фикр мекунам, ки он мисли «Шоҳнома» - и безаволи Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ» - и Мавлавӣ ва дигар осори гаронбаҳо дар ақсои олам харидорони зиёде пайдо мекунад.

Абдулло СУБҲОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: